Профиль Набиюлло Суннати Facebook

24 сент. 2009 г.

Фарёди шаби танҳоӣ


Чашми ман дар сақфи хона, хоб аз чашмам парид.
Дар дилам буғзе баҳона, ёр аз ман чун бурид.
Синаам ҳамчун биёбон, эй гули ночидаам,
Ёд аз ман кардй ё на, чун туро ёрат шамид?

Ҳалқа месозад миёнатро ба шавқ гар ёри ту,
Ёд овар, ҳалқаҳои муйи ту дар гарданам.
Гар бубахшй накҳате дар бистари у аз висол,
Ёд овар, дар чудоиҳо ба фурқат мурданам.

Хуб медонам замоне дар фарози шомҳо,
То нишемангоҳи суб(ҳ) шебу фарозе доштем.
Ҳарфҳои ошиқона чашм чашму лаб ба лаб,
Руйи бистар қисса кутоҳу дарозе доштем.

Хуб медонам, ки банди зулфи ту то поси руз,
Дар кафам буд, гуёи ин ду чаҳон андар кафам.
Инакам, дастам тиҳй бе зулфи ту, бе буданат,
Гуиё аз тангдастй, бенавой, мекафам.

Хуб медонам, лабонат дар лабам бишкуфта буд,
Аввалин гулғунчаҳои бусаву оғуши гарм.
Ёри ту ҳарчанд медонад, ки пеш аз у ба меҳр,
Ман рабудам поси шабҳо аз лабонат нуши гарм.

Оғозфасли пойизи хазонрез. 24-уми септомбири соли 2009. Хучанд

23 сент. 2009 г.

Бе ту...


Чашми ман чун булури беруҳ аст,
Гар набинад зи сарви мавзунат.
Панчаам чун дарахти хушкида,
Чун нағутад ба муйи шабгунат.

Синаамро чун санг медонам,
В-ар набошад ба руйи он руят.
Чун биёбон ба тафсу хушкидаст,
То набинад равонии чуят.

То бидонй, ки таппиши қалбам,
Зикри номат ҳамекунад ҳар дам.
Лаҳзае гар бидуни номи ту.
Чун нафас кашам, дон ки ман мурдам.

Бистари ман муродифи тобут,
Бе шабиданҳои ту марг аст.
Чун ба фасли пойизи умрам,
Зери по чун ба зардии барг аст.

Бенигоҳи гарму синаи нармат,
Ин вучудам сарду сангин аст.
Бо ҳазорон нишоту масрурй,
Зиндагиям вале-к ғамгин аст.

Поийизфасли Хучанд, 23 септомбир, соати 14:35

8 сент. 2009 г.

Ман аз туам, ту аз манй


Бубин, ки руйи кафши ту,

Биборад ашки гарми ман.
Ҳазор бора гуядат,
Зи хоҳишу зи шарми ман.
Ман аз туам, ту аз манй.

Даруни наҳри синаат,
Шино кунад лабам мудом,
Ба ламсҳои дасти ман,
Танат шавад маҳину ром.
Ман аз туам, ту аз манй.

Мисоли соғарй, ки ман,
Чу ашкҳои шури хеш.
Туро чу нуш мекунам,
Даруни шеърҳои реш.
Ман аз туам, ту аз манй.

Даруни байтҳои худ,
Бупечамат чу кокулат.
Нависамат ба хуни хеш,
Ба руйи барги ҳар гулат:
Ман аз туам, ту аз манй.

8-уми септомбир, Хучандам, ки интизори иди Истиқлолият аст. соати 15:31

7 сент. 2009 г.

Дардномаи дардолуда


Бусаҳои ёр хушкид дар лабонам, бок нест,

Сабз гардад боз рузе бусаҳои дигаре.
Зиндагй бо созҳояш, сузҳое дар бағал,
Аз балое бигзарам, ояд балои дигаре.

Чашм то барҳам задам, умрам зи сй бигзаштааст,
Гарчй дидам лаззате як, даҳ азоб омад мудом.
Боз ман навмед не, навмед шайтон асту бас,
Роҳи хуршедам бипоям, рузҳо то пайки шом.

Синаат болини ман буд, ин ки ин дам бе ман аст,
Инакам, болини ёри дигарат шуд, бок нест.
Боз поён мешавад ин шоми беболиниям,
Чуз Худо дар ин чаҳон аз тухми Одам тоқ нест.

Тарк гуфтам бистареро бо ҳавои мастиям,
Бим не, зеро, ки донам, боз бинам бистаре.
Зеро по шуд, гар дили ман з-ишқи чонон, ҳаббазо,
Мешавад точи саре рузе зи суйи дигаре.

Хучанд, 7 септомбир, дар оғуши оғози фасли хазонрез, соати 14:05

5 авг. 2009 г.

Оғуши ойина


Аз он серам, ки се вақт аз са
боҳам,
Fамат хурдам ба руйи хони қисмат.
Даруни соғари тақдири умрам,
Чакондй ашки шурам бо маломат.

Дар оғуши дили ойина ин дам,
Бидидам дилбарамро лухту ларзон.
Тамоми ҳастияшро бе мамониъ,
Ба ойина фурушидаст арзон.

Ва нури офтоб чун дасти маҳбуб,
Даруни синаи фаввора ғутид.
Лаби рангинкамон ошуфтаворе,
Бинушиду хурушиду бичушид.

Даруни бистари гулғунчаи тар,
Чу ошиқмуғчаҳо бар ту бипечам.
Билағжам аз фарози байтҳоям,
Ба оғуши баҳоринат биғечам.

Аз он ки чашми ман бар қадди раъно-т,
Назар носер медӯзад мудомам.
Аз ин рӯ ҳабс кардам чашми худро,
Даруни панҷари мижгони шомам.

Биё то сер бинам, чеҳраи ту,
Ки то озод бошад чашми гирён.
Чу ойина ду чашмам нимашабҳо
Туро то бингарад дар лухту ларзон.

Гармофасли Хучанд, 5 августи соли 2009

13 июл. 2009 г.

Вақте нафасам…


Вақте нафасам сайри баногуши ту мекард,

Дастони пурошуби манат гирди ту печид.
Ту панча задй ба мую китфам бифушурдй,
Вақте лаби мо зи ҳам гули ёс ҳамечид.

Набзи дили ту синаи ман дарк намуда,
Бозуи танам таппиши қалбат чу бисанчид.
Андар дили тангам ба ҳама нозу шикебо-т,
Он лаҳза туву олами поки ту биғунчид.

Вақте лаби ту муҳри муҳаббат ба танам монд,
Қонуни муҳаббат ба дилам қоимақом аст.
Гарчанд замона ҳама озодиву орист,
З-он шом ба баъд ин дили ман бар ту ғулом аст.

Вақте лаби ман чу дасти хушкидаи деҳқон,
Шодоб шуд аз шаҳди анори тани гармат.
Сад ғута ба баҳри муят задаму бусаи бешарм,
Тадриси муҳаббат бигирифт аз сари шармат.

Илҳоми дубора дар оғуши Хучанд, 13-уми жюл, соли 2009, соати 18:48

26 июн. 2009 г.

Катибаи рӯйи барги гул


Якеро дуст медорам, вале у

Дигарро дуст медорад, ачаб нест.
Дигар ҳам дигареро мепарастад,
Ки фарқи мо ҳама чуз як вачаб нест.

Ту бар у мемириву ман бароят,
Аз ин пас дарди ту монои ман аст.
Китоби чашми ман ҳар лаҳза бинй,
Ки бешак он замон хонои ман аст.

Ба барги ғунчаи дар синаи чап,
Навиштам, ки туро ман дуст дорам.
Ва ин гулғунчаро дар зери поят,
Фишондам, то дар олам бошй ёрам.

Ба руйи сафҳаи нилгунии шаб,
Чу нақши бусаҳо истораҳо рехт.
Ба китфи маҳ чу ман истораи шаб.
Ба хоҳишҳои лабҳояш даровехт.

Бизад зону чу ман дар пеши пояш,
Фишонд ашкаш бар руйи кафши маҳтоб.
Миёни синааш гулҳои буса,
Шукуфта андарин шабҳои бехоб.

Якеро дуст медорам, вале у
Дигарро мепарастад, ҳамчу маъбуд.
Ки қонуни муҳаббат з-ибтидояш,
Чунин ҳасту чунин бошад, чунин буд.

Ба барги гул ба хуни дил навиштам,
Туро ман дуст дорам, булбули ман.
Вале гулро ба пеши пойи дигар,
Фишондй бо муҳаббат, чун дили ман.

27 жюни соли 2009, Хучанди зебоям, ки масти оғуши иди Ваҳдат аст. соати 11:24

18 июн. 2009 г.

Манзумаи дил


Розҳоро бишканондй бедареғ,

Андаруни синаҳои гармчуш.
Бусаҳоро рехтй бо майли том,
Дар лабони оташини пурхуруш.
Эй дилам, эй тифли оташбози ман!
Дар ғамам афгору ғурбатсози ман!

Дилбаре аз раҳ зада, дар қадди раҳ,
Андар оғушам намудй чойи у.
Бусаи гарме ба ман доду гирифт,
Ин дилам, ки гаштаас(т) маъвои у.
Эй дилам, эй тифли оташбози ман!
Дар ғамам афгору ғурбатсози ман!

Чун чароғи сурх андар ғабғабаш,
Изҳои бусаам рахшандаанд.
Дар баёзи гардану дар китфи у,
Рахнаҳои шарми ман тобандаанд.
Эй дилам, эй тифли оташбози ман!
Дар ғамам афгору ғурбатсози ман!

Шомҳо, ки субҳро ба теғи чашм,
Дар сари болин шаҳидаш кардаем.
Рузи дафнаш чойи мотам дар висол,
Ханда кардемаш, чу идаш кардаем.
Эй дилам, эй тифли оташбози ман!
Дар ғамам афгору ғурбатсози ман!

Дар гудози бистар аз шавқи висол,
Қолабамаро рехтам дар соғарат.
Баъди андак Суннатии дигаре,
Боз ояд, то биёяд боварат.
Эй дилам, эй тифли оташбози ман!
Дар ғамам афгору ғурбатсози ман!

Шоми зебои Хучанд, 18 жюни соли 2009, соати 20:39

17 июн. 2009 г.

Бигзор ҳаёти ман зи баъдам…


Ошуби дилам, бубахш имруз,

Аз рози дилам, ки дер гуфтам.
Бар чашми сиёҳи оҳувонат,
Ногуфта, вале, ки шеър гуфтам.

Дар чашми сиёҳи бемухотаб,
Бе ҳарф, вале хитоб кардам.
Ман зиндагиям кунун, ки алъон,
Бо ишқи ту чун китоб кардам.

Ин сактаи дил, ки руз ё шаб,
Монад зи тапиши бедирангаш.
Бо ғуссаву сад ҳазор гиря,
Чоям бидиҳад зи хоки тангаш.

Ман мераваму дилам, ки бо ту,
Монад ба ҳамешагӣ, ба танҳо.
З-ин ру, ки бидидаам зи чашмат,
Такрори ҳаёти хештанро.

Бигзор ҳаёти ман зи баъдам,
Дар синаи гарми ту бимонад.
Аз он чи надидаму надидам,
Бигзор чу шарми ту бимонад.

Танҳо ки шудӣ, бипурс в-он гаҳ,
Як бусаи гарми ман зи лабҳо-т.
В-он гаҳ, ки шудӣ бипурс фавран,
Оғуши манат ба тарфи шабҳо-т.

Ҳар гаҳ ки ба ғам бупечӣ, чоно,
Печидани ман ба ёд овар.
Дар синаву мую чашму лабҳо-т,
Чушидани ман ба ёд овар.

Хучанд, 17.06.2009, соати 21:47

16 июн. 2009 г.

Суроғи чашми ту дар чашма чустам


Ба марги офтоби зиндагонй,
Бигиряд абрҳои чашми мастам.
Ба ишқи рафтаи номурдаи ман,
Вафодорам, вафодорам, ки ҳастам.

Сарам дар остони пурчалолат,
Ба меҳру бо муҳаббат чун бимонам.
Зи гашти мурчаҳои остонат,
Нишони дустдориро бихонам.

Туро чуз ман ҳазорон ошиқон аст,
Вале чун ман гадоеро ба-д-ин роҳ.
Намебинй, намедонй, наёбй,
В-агар ёбй, надорад чун мане оҳ.

Нишони ғабғабат чустам зи хуршед,
Суроғи чашми ту дар чашма чустам.
Назокатҳои ту аз барги ҳар гул,
Бичустам, он чунон чун гул бирустам.

Ба ёди он шаби гулгуннисорат,
Бишуд гулгункафан умри чавонй.
Зи баъди бусаҳои умрбахшат,
Бикуштй ормони осмонй.

Туро чустам даруни хештан ҳам,
Ки сар то по ту будй, ман набудам.
Вале ман ку, дар ин ҳавлу дар ин қавл?
Даруну беруни ин тан набудам.

Мани гумкардахешат ин замон, ки,
Туро кобам, аё гумгаштапайдо!
Ки ҳар чй дидаам, руйи ту дидам,
Вале ман ку, дар ин ойинаи мо?

Гармофасли Хучанди азизам, 16-ми жюни соли 2009. соати 17:47

9 июн. 2009 г.

Хуршедаму боронаму сабзаи пои туам


Кош абр шавам бар сару руят резам.

Чун сабза шавам аз таги поят хезам.
Хуршед шавам, панча занам бар муят,
Бо ту ҳама чиз, бе ту вале ночизам.

Чун абри баҳор буса зи лабҳои тарат.
Чун сабза тамошои қаду душ барат,
Хуршедсифат миёни ду синаи ту,
Ғута бизанам, гарм кунам, болу парат.

Ин абри баҳор ашки саропои ман аст.
Чун сабза бе зери по абад чои ман аст
Хуршед чу ман тоқаву танҳо сузон,
Дар оташи худ сухта бар чои ман аст.

Ин абр чу ман сачда ба поят бикунад.
Ин сабза чу ман фақат дуоят бикунад.
Хуршед намози руз то бегоҳии шом,
Ҳар лаҳза савоби худ фидоят бикунад.

Чун абр дилам ба по-т бориданй шуд.
Андар қадамат чу сабза нолиданй шуд.
Аз сухтану бохта бигдохтанам,
Хуршеди дилам баро-т навдиданй шуд.

9-ум рузи аввалмоҳи гармофасли соли 2009, соати 14:56, Хучанд

28 мая 2009 г.

Ману чор девори хона


Панчаам дар муйҳоят чун сафина меҳролуда шино кард,
Дар баёзи гарданат чун бандари сидқу вафо истодаам.
Кокулат зарбоф кардам, накҳати муят шамидам,
Маст гаштй, ҳар замон, ки суйи ту оғушро бикшодаам

Аз ризо гоҳи зарурат панчаам андар паноҳи муйҳоят.
Бо баҳона гаҳ панаҳ мебурд, чун набзи туро санчидаам.
Аз ризо хомуш будй, то лабонат нақши лабҳоям шавад,
Ман чунин хоҳишро аз чашми гуёи сиёҳат хондаам.

Аз нафасҳоят чу гулҳои баҳорй баршамидам бедареғ,
Аз нафасҳоям кашидй, лаъли лабҳоям чашидй, осафо.
Дарди қалби ман надидй, рози чашмонам нахондй,
Ончунон рафтй, ҳама дороиям рафтанд, бо ту, пурчафо.

Охирмоҳи баҳори соли 2009, 28-ми мой, соати 08:56

27 мая 2009 г.

Ашки Иблис

Илҳом аз Артур Рембу, шоири Фаронса:

Дар бодаи сарди соғари хеш
Дидам, ки биҳишт рақс мекард.
Дар ҳошияааш ҳазор духтар,
Дидам, ки чу шишт, рақс мекард.

Дидам, ки дарахт панчаи хеш,
Бар суйи само кушода медошт.
Аз баҳри ману ғами дили ман,
Талбандаи чому бода медошт.

Дидам дами марг офтобам,
Шармандаи моҳу осмон шуд.
Дар лаҳзаи умри вопасинаш,
Бар дарди дилам, ки нигарон шуд.

Дидам ба сари зулфи нигорам,
Тақдири маро чу гул даровехт.
Бар соғари умри саркаши ман,
Пайваста зи ашки ман даромехт.

Бар соғари бечораи Иблис
Чуз ашк надорам, ки бирезам.
Ӯ васваса омаду валекин,
Бигрист, ба ҳоли ногурезам.

Иблис ба пеши поям имшаб,
Сад сачда намуду зор бигрист.
Аз соғари чашми бефуруғам,
Сад буса заду ба ёр бигрист.

Гуфт, ар ки бидонистамат он руз,
Милод ҳамешавй ту ошиқ
Пеши падарат ду сачда карда
Дар пеши Худо шудам мувофиқ.

Имшаб ману Иблис ба гиря,
Чашмони Худо ба руз бурдем.
Хуршеду ману баҳои Иблис,
Ҳар як ба ғами хеш бимурдем.

Хучанд, 27 мой, соли 2009

26 мая 2009 г.

Хоҳиш


Ҳар гаҳе дидорбиният равам,
Ё биёй аз барои диданам.
Ҳар салом аз чеҳраи хумморият,
Лаззате мебурд лабҳову танам.

Ин дилам хоҳад, ки овезам ба ту,
Дастагулҳои муҳаббатҳои хеш.
Лек мебинам, хазон асту хазон,
Боз мемонам ману овои хеш.

Боз мехоҳам бичуям аз лабат,
Нақшҳои рузҳои рафтаам.
Боз мехоҳам ба руйи синаат,
Ёд орам лаҳзаҳои хуфтаам.

Бо вучуди ин ки дастам доштй,
Дар раҳи меҳру вафову ошиқй.
Ту ҳануз гулғунчаи нашкуфтай,
Ман хазони сардфасли содиқй.

Он чи колоят ба бозори вафост,
Сад харидоре зи ман болотар аст.
Чони ширин, авфи ман кун, меравам,
Ғайри ман сад муштарии дигар аст.

Ман, ки аз фардо намудам чустучу,
Чун ҳамекобй ту аз дирузи ман.
Гарчй дирузам ба даст овардай,
Боз мемонй қафо з-имрузи ман.

Хучанд, 27 мойи соли 2009, соати 10:27

24 апр. 2009 г.

Моҳвораи хаёл

Ман, ки ба қатлгоҳи ғам,
Кудаки орзуи худ,
Ба ёди нозанин-нигор,
Ба зери дор мекашам.

Ба хайли мижгони дилам,
Ба чашму бусаҳои лаб,
Зи зери пойи ту, азиз,
Бубин, ки хор мекашам.

Ба нақши боғи деҳамон,
Ба ошёни хонаам,
Ба ранги хуни қалби хеш,
Гули баҳор мекашам.

Навори сабти хотира,
Зи гашти мо ба зери боғ,
Зи моҳвораи хаёл,
Чу тилвизор мекашам.

Зи рози мо ба зери боғ,
Сабақ гирифта булбулон,
Ба руйи дафтари дилам,
Хати хумор мекашам.

Зи баъди солиёни сол,
Ба зеҳни ман ту моликй,
Ки дарди интизорият,
Ба чашми чор мекашам.

Ману ту дарди ишқро,
Худойгона сохтем,
Вале чазои ишқро,
Мани низор мекашам.

Ману танҳоии чордевори хонаи бетонии Хучанд, 24 оврили соли 2009, соати 21:02

15 апр. 2009 г.

Ману ту ташнаи аз раҳ расида


Ману ту ташнаи аз раҳ расида,
Сари чоҳе зи ду роҳи муқобил.
Ба чашмам хира шав, к-аз чоҳи чашмам,
Ба поят рехт оби барзахи дил.

Ба касрат нуқрафоми ашки шабнам,
Даруни соғари чашмат бидидам.
Дарафтодем бо ҳам он замон, ки
Даруни хоҳиши қалбат шанидам.

Ману ту ташнаи аз раҳ расида,
Дарафтода ба ҳам дар нимаи роҳ.
Бинуш аз оби чашмонам, ки нушам,
Зи лабҳоят ба хоҳишу ба сад оҳ.

Биёвезам ба зулфонат дили хеш,
Бипечад ҳар ду дастам дар миёнат.
Ба ишқи поки ман имон биёвар,
Рабоям бо ду буса сад гумонат.

Савори киштии лаззат, ду буса,
Ба соҳилҳои лабҳомон шино кард.
Лаби мо баъди ғарқи буса гаштан,
Даруни синаҳо шуре бино кард.

Қиёмат андаруни синаҳомон,
Чу вулқоне намояд хоҳиши гарм.
Ману ту гирди ганчи ҳам хазидем,
Ба мисли морҳо дар бистари нарм.

Ману ту ташнаи аз раҳ расида,
Басе дарду ғами дунё кашида,
Басе васлу канору бусаи гарм,
Фақат дар ёдҳомон барчашида.

Баҳори тирамаҳолудаи Хучанд. 16 оврили соли 2009, соати 10:00

13 апр. 2009 г.

Сабақ


Ман гиристам, чунон зи дилгирй,
Абр тарки вазифааш бинмуд.
Соғари чашми ману шарми абр,
Дар лаби қисматам раҳе паймуд.

Аз ғамат чун шароб нушидам,
Шарм омад бе чеҳри руди Сир.
К-у хитобан ба ман бигуфто, ки,
Ин манам дарё, ё ту, эй дилгир?

Ҳар қадар ба худ бипечидам,
Мағз андар мағз меҳрат буд.
Гуиё чун коҳини аъзам,
Суи омун ба ишқ сеҳрат буд.

Он шабе зи хирвори тақдирам,
Бар кафам буд, вале на беш аз як.
Ҳамчу банди кокули зебо-т,
Баъди он шуд тира руз андак.

Дар суроғи ду чашми хушбинат,
Дидаҳоям дигар намебинанд.
Лолаҳои висол лабҳоям,
Аз лабони ту намечинанд.

Соҳили хомуши руди зебои Сир, Хучанд, 10 оврили соли 2009

7 апр. 2009 г.

Чорбаргаҳои айёми себарга


Чавонй меравад, дунболй у ишқ.
Дили ман мемирад, минволи у ишқ.
Надонй қадри ман, эй нозанинам,
Бигиряд абрсон бар ҳоли ту, ишқ.

Диламро бастаи бар кокулонат.
Бибурдй ақли ман бар хону монат.
Бимон, ки баъди ин яғмогариҳо-т,
Рабоям як ду буса аз лабонат.

Надидй абри боронро, ки безад.
Зи чашмаш гавҳару дар дил ситезад.
Ба ҳоли худ бигирям, з-он ки эй чон
Ба руйи кафши ту ашкам бирезад.

Ба шеърам не, ба ишқат шоирам ман.
Ба ҳар дарде, ки ояд собирам ман.
Агар аз ту буридан дину расм аст,
Ки валлоҳ аз чунин дин кофирам ман.

Хучанд, 7 оврили 2009, соати 23:55

2 апр. 2009 г.

Шеване баъд


Гулеро бар гуле печида дидам,
Яке пажмурдаву дигар, хазонй.
Ба руяш абри наврузй ҳамерехт,
Зи чашмаш ашкҳои арғувонй.

Чаро, оғози фасли навбаҳорон,
Гули уммед хушкида ба як бор?
Худоё, аз ғами аҳли муҳаббат,
Туро хушнудии том аст, ангор?

Ба руйи хоки гурам гул бубинй,
Бидон, ки решааш дар синаи ман.
Ба руйи барги гул шабнам ба ҳар субҳ,
Зи чашми дилбари деринаи ман.

Ба ҳангоме, ки будам пеши у лек,
Наёмад пеши ман бо дилрабой.
Кунун чун мурдаам ҳар субҳу ҳар шом,
Ҳамерезад сиришкаш аз чудой.

Хучанд, 2 оврили соли 2009. соати 14:14

30 мар. 2009 г.

Розҳои шабҳангом


Ин ки шабнам андаруни синаи барги гул аст,
Ҳай надонистй, ки фарзанди ду чашми тори ман.
Ашки шабнам, кудаки чашми ман аст,
Ин ҳама девонабоди гармсел,
Наҳзати хашми ман аст.
Бишнавед овои ман!
Войи ман, эй войи ман!

Мавчҳои куҳвори наҳрҳо,
Мактаби ашки маро бигзаштаанд.
Аз надомат, ваҳшиёни чангалй,
Пуштаҳоро пуштаанд.
Гиряам бо ханчари мижгони ман,
Шомҳоро дар ҳузури субҳҳоям куштаанд.

Барги гулҳо,
Дар ҳузури андалеби нолаам,
Ҳамдигарро чун тачовуз мекунанд.
Хотирам ин дам тачовуз мешавад,
Аз нигоҳи акси ёрам,
Он ки баҳри хотира,
Ёр эҳдоям намуд.

Имшаби танҳоиямро акси ёрам ҳамраҳ аст.
Ман ба руйи ҳамчу гулҳои баҳори акси ёрам нимашаб,
Шабнами мижгон, ки мепошам мудом.
Ин гули хушбуйи дар коғаз буда,
Чашмҳояш бар ду чашмам хира аст,
Чашмҳои ёри ман.
Ман дигар чуз ин надорам кори дигар.
Ман дигар чуз акси ту,
Чуз ту надорам ёри дигар!

Боз акси ашколуди туро,
Зери болин мегузорам!
Шаб ба хайр!

Гулрезфасли Хучанд, 30 морси соли 2009, соати 20:27

29 мар. 2009 г.

Минбари девор

Гуларуси фасл омад, бо нишоту сурҳо,
Як бағал гул дар бараш омад, сафову нурҳо.
Эй дареғо, гуларуси ишқи ман,
Н-омад, ки н-омад боз, боз,
Як бағал гул ҳам наёмад,
Эй тиҳй оғуши ман!

Чашми ман бо духтари абри баҳорон бармало,
Издивоче карду обастан шуда,
Ҳай, ки фарзандаш сиришк.
Доманам мегирадам, ки ҳамчу бобояш ба шаб,
Хонамаш афсонаҳои хештан,
Чун Зулайхо дар хиёбон,
Қиссаҳо гуфтам, ки бар фарзанди чашм.
У пушаймон гашт аз милоди хеш.

Гуларуси фасл н-овард,
Гуларуси дарди ман.
Марҳами хуншори қалбам, чеҳраҳои зарди ман.
Гуларуси фасл шоҳид, ман ба сони моҳи шаб,
Минбари девори ёрам то ба субҳ.
Менишастам.
Аз ду дасти нозуки у баргирифта,
Қиссаҳо мехондамаш,
Бусаҳо бистондамаш.

Гуларуси фасл аз шарм,
Бар рухи гулзорҳояш мекашид,
Мисли хун пироҳани сурх.
Ман кунун дар оташи ҳачр,
Сухтам чун оҳани сурх.

Минбари девор монду ёдҳо.
Ин фалак монду насиму бодҳо.
Ман, ки танҳо зерии боғи холаам.
Чун ба фасли гуларуси нозанин,
Чашм дар девору пушташ руймоли ёдгори ёри ман
Ёри ман ку?
Гуларуси дарди ман ку?

Фасли гулафшони Хучанд, 29 морси соли 2009. соати 16:24

19 мар. 2009 г.

Ману навруз бе ту


Духтари борони фасли гулбаҳор,
Буса мезад шишаи мошини раҳ.
Ғунчаи андуҳи ман дар шохи дил,
Нав ба нав мехурд аз ғам сад гираҳ.

Имшаби наврузи боронии ман,
Дар сабақ чун бар ду чашмам хира шуд.
Дарди ишқи поки ман эҳсос кард,
Дар ғамам чун соли куҳна тира шуд.

Ҳамраҳам навруз бигрист имшабам,
Чунки наврузи гузашта дида буд;
Ёри гулпушам дар оғушам чу буд,
Ҳамраҳи мо шед ҳам хандида буд.

Бо ҳамон мошин, ки навруз омада,
Зери борон боз бо шасти тамом.
Рафт андар чустучуйи ёри ман,
То биёрад ёрро масти калом.

Зери борон, зери шохи ғарқгул,
Мунтазири мошини наврузиям.
То гуландоми гулоғуши дилам,
Боз ояд пеши ман бо дилсузиям.

Ҳаббазо, навруз чашми гирябор,
Манъ карда суръати мошинааш.
Сар ба китфам монду аз ғам бедалел,
Мисли борон хун бирехт аз синааш.

Ин ману навруз бо абри баҳор,
Бо ҳазорон дарду ғам бо ҳамдигар.
Ҳамчунон дар зери шохи ғарқгул,
Чойи борон рехтем хуни чигар.

19 морси соли 2009. Хучанд, соати 10:13

12 мар. 2009 г.

Баҳори тавбашикан омад


Ман зимистони дароз,
Дар ғами барқу газу сардии дай,
Ғарқ будам,
Ғуссам татҳир мешуд,
Тавбаборон кардаме,
Тавбаро талқини ёрон кардаме.
То ба авчи осмону арш рафтам,
Гуиё чун кудаки навзодае,
Бар тарабҳои Худо дилдодае.
Чун фаришта бегуноҳу содае.

То замоне дидам андар дасти Чибрили ҳаким.
Коғази испеди компутарнавис.
Файли тоза аз принтер омада.
Гуфт бар ман, «ин ҳама-
Номи аҳли осмон аст».
Ногаҳон дидам, ки номам дар қатори шон буда,
Маснадам аз тавба дар дай ҳамраҳи эшон шуда.
Ман малак гаштам, на одам, дар ғами бебарқиҳо,
Бишнавед эй ғарбиҳову шарқиҳо!!!

Лек имруз.
Хастаам аз маснади пайки малоиквориҳо.
Дида руйи Холиқи яктову он дам зориҳо.
Ҳай, чй хуш одам будан!
Руйи У нодида сар бар хок молидан, чй хуш.
Зеби У нодида нолидан, чй хуш.
Ман бадин сон бо хатои одамй вақти баҳор,
Бо нигоҳи гарму тоза,
Зери бодомигуле бусидам аз лабҳои ёр,
Ман хатокор, ман хатокор.
Бозгаштам дар қатори одамй аз осмон.
Ҳай, чй хуш одам будан, ошиқ будан.
Бо хатои зеббахши одамй.
Ин хато зебост!
Аммо,
Дил муқими коғази компутарии Чабраил.

Бозгаштам, ғута хоҳам хурд андар лобалои синаат,
Боз омад, ёр, бар ту ошиқи деринаат.
Боз худро дар нафасҳоят, ки имшаб бо ман аст,
Бо ду зулфат хешро
Бар дор мехоҳам кашид.
Ин баҳори тавбабишкан боз омад,*
Марҳабо, эй маснади инсониям!
Ман хато кардам, ки одам бошаме.
З-аҳли олам бошаме.

*Таъбири Ҳофизи малакутии Шерозй
Масти атри баҳории Хучандшаҳр. 12-ум шаби баҳораи соли 2009. соати 01: 03

Мазори умри ман андар нигоҳат


Маро ҳар лаҳза, ки ғамгин бигаштй,
Бихон бар суйи худ, бо қалби сардат
Натонам гар бихандам ҳамраҳи ту,
Бигирям бо ту дар ғамҳову дардат.

Агар хондиву норафтам ба суят,
Биё худ пеши ман, бо ҳам бимонем.
Сари қабри чавониҳову ишқам.
Чаноза, ҳамраҳи фотиҳа хонем.

Бимонам бо ту андар руйи бистар,
Ки то руйи ғаму дардат набинам.
Бимонам ру ба руйи синаи ту,
Ки то хори ғамат аз дил бичинам.

Биёвезам ба гушат ҳарфи гармам,
Бирезам ман шаробамро ба чомат.
Баногушат нафасҳоям чу боде,
Навозиш мекунад, ҳамчун каломат.

Биёбам аз лабонат ваҳйи ишқам,
Биёбам рутбаи пайғамбариро.
Зи оғуши сапеди гарму покат,
Биёбам миръати искандариро.

Ба руйи синаат руям бимонам,
Ки то дард аз дили ман руй тобад.
Маҳ аз руят бинушад шири покй
Касе ожанг аз руят наёбад.

Чавониро, ки алъон дафн кардам,
Даруни пилки чашмони сиёҳат.
Азизастй бароям, з-он ки эй чон,
Мазори умри ман андар нигоҳат.

Маро ҳар лаҳза, ки ғамгин бигаштй,
Биёб аз кунчаки чашмони шаҳло-т,
Ва он гаҳ бо мани шуридадил кун,
Музаяйн ториву андуҳи шабҳо-т.

Шабҳангоми баҳори тавбашикани Хучанди зебо. 12 морси соли 2009. соати 23:48

4 февр. 2009 г.

Гилае дер


Магу, ки ман туро рондам, чу ноаҳле зи оғушам.
В-аз он пас гуиё кардам туро аз дил фаромушам.

Магу, ки пеши поят сад ҳазорон бор мачнунвор,
Чу мемурдам, вале акнун зи шавқат гашта хомушам.

Чу Румео сари қабри дуруғи ту, ба сад армон
Чулетои навини ман, бихурдам заҳр, худкушам.

Ба хокистар мазан оташ, намесузад, намесузад,
Манам, ки сухта дар оташи ишқат, ки мадҳушам.

Хато кардй, ки рав гуфтам, бирафтй ту, замони кибр,
Ғуруратро бикаш аз тан, ало гулбонги гулпушам.

Кунун донистамам, ки лаҳзаи саҳле зи ишқи ман,
Кифоят кард, ки кардй ба як оне фаромушам.

Бикардам нуш аз лабҳо-т медонй аз ин пас чун?
Ба чойи шаҳд бар соғар сиришки шур менушам.

Хучанд. 4-уми феброри соли 2009. соати 20:08

27 янв. 2009 г.

Начво


Дуст дорам чак-чаки борониро,
К-андарон пинҳон намоям ашки худ.
Дуст дорам ин шаби ялдои пок,
Ҳамчунон к-асрори ман пинҳон намуд.

Бо забон гуфтан наметонй, ки ту,
Дуст медорй маро аз чону чон.
Бахш бар ман ин забони шаккарин-т,
То ба чойи ту бигуям он замон.*

Аз нафасҳои бароварди ту ман,
Бар машомам мекашам бо оҳи гарм.
Бар сари китфам сари зулфайни ту,
Мезанад силии буса нарм-нарм.

Ин ки набзи синаам дар синаат,
Зиндае дар ишқ аҳдофй шуда.
Баъд аз ин санги даруни синаам,
Бар малоик ҳачри таввофй шуда.

Мефишонй оташе аз синаат,
Дар намози ишқ руйи бистарам.
Баъди ин аз осмон Чибрили меҳр,
Мезанад буса ба ду чашми тарам.

Дуст дорам чак-чаки борониро,
Бистари мо дар булури абрҳо.
Мешавад пинҳон даруни хоки нарм,
Ашкҳои мо ба фармони Худо.

*Аз ин байти Камолиддин Биной бурдам:
"Забони ёри ман туркиву ман туркй намедонам,
Худоё кош мебудй забонаш дар даҳони ман."


26-ум рузи аввалмоҳи соли 2009-и дайфасл, соати 21:35, Хучанд.

19 янв. 2009 г.

Бусаи худой


Агар зан-модари дунёву қонун,
Чаро ман дусташ аз чон надорам?
Кй медонад, худо ҳам буса дорад?
Чаро ин бусаро бар зан наёрам?

Фалакро то малак хоҳиш кунам ман,
Ду гесуяш бибардоранд як суй.
Замоне ки баногушаш бибусам,
Биёвезанд зангула бар он муй.

Биҳишти адн пеши ман биёяд,
Агар оғуши зан дар у набошад.
Зи дузах бештар нашморамаш ман,
Бароям ин инчунин бегона бошад.

Ба руйи қабзаи барфи сапеде,
Талаб дорам гули сурхи баҳорй.
Дар ин айёми бебарқиву бе гоз,
Биёвар гармоғуши хуморй.

Биёвар рушании чашми покат,
Ба руйи бистарам, ки ҳар шаби тор,
Тачовуз мешавад аз чашми моҳе,
Дили бемору абгору талабгор.

Фалакро то малак хоҳиш кунам ман,
Барои лаззати лабҳои Яздон.
Ичозат аз лаби ту баргирифта,
Занам буса дар ин шабҳои зулмон.

18 жонюр соли 2009. Хучанд, соати 15:42

7 янв. 2009 г.

Дипломи мактаби ишқ


Андар дили шаб, дар дили роёнаи хеш
Фарёд кунам аз дили девонаи хеш.
То гуши кари файлаку сомонаи* ман,
Розе бизанам дар бари сомонаи хеш.

Эй дилбари ман магар ту ҳар руз аз ин,
Туфони дилам линк зада дарди маро,
Хондй магаро утоқи интер-кафе?*
Ин сафҳаи сабзу* чеҳраи зарди маро?

Шояд, ки сари линк задан аз чашмат,
Мерехт гуҳар ба руйи нармафзоят*.
Шояд, ки ба зоҳират бихандиву валек,
Дилреш бихезй, биравй аз чоят.

Оваҳ, ки зи зиндагиям ниме бигузашт,
Дар муйи сарам барф ҳаме борида.
Дар сафҳаи сабзи ман хазони ғами ту,
Чун ғунча шукуфону дилам ғам дида.

Дар мактаби ишқи ту ҳанузам талаба,
Аз ҳарфи муҳаббат бикунам пур дафтар.
Ҳайфо, ки баҳои ман ба ду ё ки ба ба панч,
Арзиш надорад, чу хасе, чону чигар!

Чун нест зи шаш солагй
ин мактаби ишқ,
Не, хатм шавад ба тули ба даҳ соли расо.
Ин мактаби ишқ хондем ману ту,
Диплом диҳад ба вақти маргам, ки басо.

* Ишора ба вожаи сайт
* Шакли интернет-каферо бо тақозои вазн «интер-кафе» гуфтем (узр аз хонанда Н.С)
* Манзур сафҳаи сабзи «Туфони ишқ»
* Мишкаи ройона

7 жонюр, Хучанди нозанин, ки дар фасли дай бо мушкилоти бебарқиву бегазй муштугиребон аст.

4 янв. 2009 г.

Гуноҳи наку


Гар хатоям шоми некуе ба шавқ,
Чун ғуруби офтобе китфи куҳ.
Менишинам дар сари роҳат ба меҳр,
Интизоре дар тулуъи бо шукуҳ.

Эй хато кардй, ки имшаб бо манй,
Зинда бодо, ин хатои қисматам.
Ин хатои сарнавишту ҳадяааш,
Дар ду дунё обруву исматам.

Дар ҳузури ҳизби инсонии ман,
Бегуноҳй чурми нобахшиданист.
Бар хатои муйи ту печидаам,
Ин дилам андар хатоят монданист.

Гар маро бо иттиҳоми меҳри ман,
Боз чун парванда кардй, офарин
Ин гуноҳи ман, ки аз чону дилам,
Дусттар дорам туро, эй нозанин.

Интизори авф кардан бо нигоҳ,
Интизори лутфи гарди пойи ту.
То нишинад руйи чашмонам чу барф,
То бидонам лаҳзае начвойи ту.

Ман хато з-он мекунам, ки аз малак,
Берун аз руйихати эшон шавам.
Ман хато з-он мекунам, чун ошиқе,
Гоҳ хандон, гоҳ-гаҳ нолон шавам.

Чун шавам нолон бидонам, дарди ишқ,
Чун шавам нолон бидонам, чурми хеш.
Ҳар қадар ғутам ба лойи сарди чурм,
Он қадар, ки соф созам қалби реш.

Аз таҳочуми савоби пурриё,
Ман панаҳ бурдам ба оғушат ба дард.
Дар паноҳи муйҳои мушкинат,
Ман гуноҳи нек кардам ҳамчу мард.

То ту бигрезам зи ғасби ҳар савоб,
Хешро дар хешият андохтам.
Ман зи шаҳри ҳар савоби пурриё,
То тавонистам ба суят тохтам.

Бар ту печидам чунон, ки пургунаҳ,
То напечад бар танам пайки савоб.
Муғриқи сад бусаат, ки з-ин ба баъд,
Некй нокарда биандозам ба об.

5-уми жонюри соли 2009. Хучанд, соати 01:45. Дар дили шаб, ки ангуштҳоям руйи ҳарфтугмаҳои ройона гуноҳи наку содир мекарданд.

2 янв. 2009 г.

Пойи атри муйи ту


Ман ба руйи бистарат гулҳои орзуи худ,
Монда будам, зери болин, ҳини бусобуси мо.
Моҳ диду чашмаки истораҳои бешумор,
Он замон, ки настаранҳо гашта дар побуси мо.

Қалби ту чуз орзуи мондани ман бо ту буд,
Чун надидй орзугулҳои ман дар болинат.
Чашмҳои роздору соғарини обият,
Менадид аз олами ботини ман дар ботинат.

Чашмҳои роздору соғарини обият,
Духта дар чашму лабҳоям ба такрорй буданд.
Дастаи гул зери болинат надиданд, осафо,
Лағжиши тан, лағжиши лаб ҳамчунон корй буданд.

Ман ба ишқи поки ту имон ҳамеорам, дило,
Лек туву васлу оғушу канору буса буд.
Дар лабат бишкуфта гулҳои шароби васли ман,
Дар дили ман аз чудой чилду томи қисса буд.

Рехта бар соғарат арзону бедарду дареғ.
Нуш бодат, ин шароби васли ман, ки имшабат
Руйи абри бистари ту ҳамчу абри навбаҳор,
Руйи гулҳои муҳаббат рехтандй аз табат.

Панчаат дар баҳри қиргуни сиёҳи муйи ман,
Бо талотуми дили ман ошно гаштанд шаб.
Кош ин шаб то абад бошад, на рузу офтоб,
Кош монам бо ту андармони васлу тобу таб.

Чашмҳои роздору соғарини обият,
Бар ману бар сақфи кошинкории хона-т буданд.
Оби чашми моҳу истора ба сақфи осмон,
Хунчакон мерехту ҳамсони паймонат буданд.

Ман ба руйи бистарат гулҳои орзуи худ,
Монда будам, солиён бигзаштаву пажмурда шуд.
То ҳанузам пойи атри муйи ту дар китфи ман,
Роҳ мегардад, ба пояш кафши меҳрам хурда шуд.

3 жонюри соли 2009, Хучанд, соати 12:23

25 дек. 2008 г.

Барои ту


Марав имшаб, ки бе ту беситора осмонам.
Марав, ки бистарам хор аст бе ту, нотавонам.

Шино кардам даруни баҳри шабранги ду гесу-т,
Набурдам роҳ суйи соҳили бахту дамонам.

Задам буса замони дастбифшори саломат,
Ту оё дарк кардй аз муҳаббат ин нишонам?

Чавониро намудам дафн рузи рафтани ту,*
Ба айёми шукуфой бидунат дар хазонам.

Намегуям туро, дар остон баргард баргард,
Ки зеро худ ту мехоҳй равй аз чону чонам.

Марав, ки имшабам бар духтари андуҳ печам,
Ки фардо зоядам фарзандҳои дарди чонам.

Марав, ки з-ин ба баъдам бе ту ман ҳечам, ки ҳечам
Марав имшаб, ки бе ту беситора осмонам.

*
Аз устод Чура Юсуфй бурдаам.
25-уми дисембари соли 2008, Хучанд, соати 13:56

15 дек. 2008 г.

Ҳангомашаб


Ашки ман дар руйи ту, боғбони дардҳо-т,
Чуяи ожангро дар нигоҳам мекашам.

Эй ту Исои манй, чун калисои манй.
Марями оғуши покат, дар паноҳам мекашам.

Имшабам эй нозанин, дар чазои ишқи ту,
Гарданам бар кокулат, дор хоҳам мекашам.

Бо сари мижгони тар, шона бар муят занам,
Рузи ҳашр аз муйи ту, дар гувоҳам мекашам.

Чун фаришти дасти чап, аз гунаҳ дуриву дур,
Бо савоби имшабам, дар гуноҳам мекашам.

Ман зи ду рухсори чурм, аз сари шавқу шурур.
Буса мегирам ба ашк, оҳ, оҳам мекашам.

Пираҳан оғушгир, гулбадан нози туро,
Рашки ман боло аз ин, хун ба роҳам мекашам.

Хучанд, 15 дисембари соли 2008, соати 21:50

11 дек. 2008 г.

Бидруд


Салом эй дидаву нодидаи ман.
Салом эй ҳамсадо, нашнидаи ман.
Салом эй гулъузори дар тахайюл,
Салом эй ғунчаи ночидаи ман.
Паёми* нимашаб дар тилфунат,
Ҳазорон дарду ғам нолидаи ман.
Агар мобайли ман занге занад чун,
Гумонам ин туи-болидаи ман.

Кунун танҳояму дар худ ба чангам.
Бипоям занги маҳбуби қашангам.
Дилам зангори ғам баста-ст, з-ин ҳол,
Рақам чида, назад ёрам, ки зангам.
Намебардорй аққал гушиятро*,
Нафас дар сина вомонда ба тангам.
Чу саг будам вафодорат, вафодор,
Агарчй пеши дигар чун палангам.

Ало, ёрон, бидонед он ки дил бурд.
Маро бидруд гуфту, хом бишмурд.
Зи оғушам раҳида суйи дигар,
Инони завқи худ бо шавқ биспурд.
Маро бемарг кушта, рузи дафнам,
Пушаймон аз қафои тобутам мурд.
Ҳамоне, ки замоне ҳар шабу руз
Ба соғар хуни қалби ман ҳамехурд.

*Паём-манзур SMS
*Гушй-ишора ба гушии тилфун (бо пузишхоҳй аз хонанда Н.С.)

11 декабри дайфасли 2008. Хучанд, соати 21:32

5 дек. 2008 г.

Мансаби девонагй


Ман агар сардори ишқи мансабам,
Ришва мегирам мудом аз ду лабат.
Аз мақоми ошиқии хештан,
Истифода менамудам ҳар шабат.

Бас ҳаминам мансаби девонагй,
Аз фироқу дардҳои вопасин.
Бас ҳаминам дар хаёли хоми хеш,
Буса аз лабҳо-т мегирам ҳазин.

Бигзорам, дастгирам мекунанд,
Ҳини ин пораситониҳои ман.
Бигзорам, Қозии ишқу вафо,
Ҳукми қатлам медиҳад, дар анчуман.

Ришва андар мансаби ман буса буд,
Мансаби боҳашмати девонагй.
Бо тамоми моддаву кодексҳо,
Ҳукм кун дар қалб ҳабси хонагй.

То абад дар қалби ту маҳбусиям,
Ин нишони мансабам бошад, бидон!
Ришваам деҳ аз лабони нозукат,
Дар ду чашмам хира шав, эй чони чон!

05 дисембари соли 2008. соати 22:31, Хучанд.

3 дек. 2008 г.

Бар дуруғат гиряҳо бинмой


Тирамаҳ рафту хазонрезй,
Ҳамчавори абр мерехт ашк.
Зери поям кулмаки борон,
Бар фарози абр мебур(д) рашк.

Бар дуруғат одате кардам,
Ончуноне дуруғҳо гуфтй.
Содагиям дида ҳар лаҳза,
Гуиё, ки фуруғҳо суфтй.

Ман туро бо дуруғҳои ту,
Меҳрубонона бахшидам.
То туро набидҳамат аз даст,
Аз хатоят чашм пушидам.

То туро набидҳамат аз даст,
Аз хатоят чашм пушидам.
Ҳар хиёнате, ки дидам ман,
Лочарам ҳамчу заҳр нушидам.

То туро набидҳамат аз даст,
Сар ба руйи синаат мондам.
Ман ҳисоби абчади ишқро,
Аз лабони дуруғинат хондам.

Дарди ман ҳамранги пойиз аст,
Бар дуруғи баҳор менозам.
Аз пайи он гул, ки аз ман нест,
Мисли кудак ҳаметозам.

Гирям имшаб мисли боронҳо,
Зери поят кулмакам имшаб.
Мисли хоки ташнаи обе,
Аз лабонат мемакам имшаб.

То туро набидҳамат аз даст,
Хешро аз даст додам ман.
Ман ба дасти дуруғҳои ту,
Хешро бо шаст додам ман.

Тирамаҳ рафту хазонрезй,
Бас шуд акнун, навбати борон,
З-абри чашмам чунон ҳамешорад,
Зери пойи ошиқу ёрон.

То туро набидҳамат аз даст,
Бар дуруғат боварй кардам.
Чун кунун миёни ашку дард,
Баъди ту ман доварй кардам.

Инакам, чун ту пушаймонй,
Аз дуруғи бефуруғи хеш.
Ҳар қадар майлат ба суям аст,
Ончунон дардат физояд беш.

Инакам, додиям маро аз даст.
Руйи кули ашки ман боз ой!
Ҳамчу барги хазони пойизй,
Афту бар худ гиряҳо бинмой.

3 дисембари оғозфасли дай, соли 2008. Хучанд

2 дек. 2008 г.

Ман рафтаму ту хомуш


Ман рафтаму ту хомуш.
Ман девонаву ту мадҳуш.

Рафтам зи дарат, хостй гуйй, ки биистам,
Ту хостй, гуйи, ки «ҳама ишқу шурураш
Бори дигар оғоз кунем», лек нагуфтй,
Эй, хок сари кибри ману масту ғурураш.

Ман рафтаму ту хомуш.
Ман девонаву ту мадҳуш.

Ту хостй бо бусаи мастонаи хешат,
Аз рафтани ман манъ кунй, мисли дигар руз.
Гуё зи ту безор, манам дур кашидам,
Худро зи ту, лекин ба чигар хоҳиши чонсуз.

Ман рафтаму ту хомуш.
Ман девонаву ту мадҳуш.

Дар дил аташи лағжиши лабҳо ба лаби ту,
Мастона чашидан ва чамидан ба дилам буд.
Дар панчараи шоми накуе руйи болин,
Гулгуншафақи васл даридан ба дилам буд.

Ман рафтаму ту хомуш.
Ман девонаву ту мадҳуш.

Ду мардуми чашмони гулобиву пушаймон-т,
Хомуш зи ман бахшишу ҳам узр ҳамехост.
Аммо ту, ки хомуш, ту хомуш, ту хомуш!
Дар руйи забонат, ки ҳамин узр намехост.

Ман рафтаму ту хомуш.
Ман девонаву ту мадҳуш.

Дар дил ба манат печхурй, васлу вафо буд,
Ин чашм, ки тарчумаи ҳолат ба манат гуфт.
Аммо ту, ки хомуш маро боз надоштй,
Рафтам ману хоҳиши дилам дар таги по хуфт.

Ман рафтаму ту хомуш.
Ман девонаву ту мадҳуш.

28 новембари соли 2008, Хучанд, замоне, ки панчаҳои дарахтони урёни хиёбони шаҳр ба суйи осмон «омин»-гуён бо фасли пойиз хайрбодй доштанд. Соати 19:12

26 нояб. 2008 г.

Байни ишки ману ту


Байни ишқи ману ту отифаи марзи Илоҳ аст!
Ту набишкан, ки варо, чону дилам, сахт гуноҳ аст!

Байни лабҳои ману ту аташи бусаи гарм аст,
Байни оғуши ману ту ҳавасу оташу шарм аст.

Байни мо сарҳади хоҳишу ҳавас буд, вале ку?
Субҳи мо валвалаи бонги чарас буд, вале ку?

Субҳи мо бусаситониву ҳамоғушу вафо буд.
Субҳи мо чони ба чониву гулоғушу сафо буд.

Субҳи бедории мо буд ҳаме сина ба сина.
Набзи оғуши ту ҳангомае дар қабзи камина.

Магарам баъди чунин валвалаву дорунадорй,
Бо чй қувват шиканам ҳамҳамаи оинадорй?

Баъди ту муйи ту мондаст ба болини гули ман.
З-ин пасам бистари ту қиблаи маъсуми дили ман.

Мешамад ашки манат буйи туро сачдакунон, бин.
Руйи болини тар аз ашк, дилошуби ман аст ин.

Руйи болин ману ту роз ба шабҳо, ки бигуфтем.
Зи сари шавқ абад нолакунон ҳеч нахуфтем.

То саҳар маст ба оғуши ту сармаст хазидам.
Бизадам хеш ба оғуши ту, бо шаст хазидам.

Байни мо фосилаи сол басе шастпарй рафт.
Андароғуши сияҳчурдалаҳад хотираҳо хуфт.

Бинишин дар сари ин мадфани мо ёри диловез.
Даме фарёд бизан, дурр зи чашмони худо рез.

Инакам, боз ману кунчаки танҳоии бераҳм.
Инакам, боз ману гиряву овоии бераҳм.

Байни ишқи ману ту отифаи марзи Илоҳ аст!
Ту набишкан, ки варо, чону дилам, сахт гуноҳ аст!

27.11.2008. Хучанди диловез, ки бо субҳи пойизй ҳамоғуш аст.

19 нояб. 2008 г.

Ман дигар меравам аз шахри шумо


Ман дигар меравам аз шаҳри шумо,
Руҳи бишкастаи худ васлкунон.
Ба билоде, ки маро ёре нест,
Ҳама он чо, ки чавонанд, чавон.

Ман дигар меравам аз шаҳри шумо,
Ташнаи бусаи тар, бо лаби хушк.
Чу кавири лаби шат ташнаи ишқ,
Зи танаффур суйи пурнакҳати мушк.

Ман дигар бознагардам ба дарат,
Ёри хушкардаву хушобу гилам.
Бистарат гарм нашуд, з-ин пас кун,
Ёде аз хунобаи гармоби дилам.

Ба лабидан, ба шабидан туву ман,
Домани иффати шаб бидридем.
Баъд аз он чашм ба субҳ бахшида,
То ба шоми дигаре хандидем.

Ва кунун сели сиришк аз раҳи мо,
Бубарад шодии мо, хотири мо.
Баъд аз он дод бизан бар сари куҳ,
Ки «ҳамин дард рабуд шоири мо».

Пайкарат печ хурад, чашм бипуш,
Ба баёзи баданат муҳри лабам.
Биниҳам, ғайб занам, боз равам,
Раҳи худ пеш гирам, рузу шабам.

Ман дигар меравам аз пеши ту ёр,
Ёри дерини дигар мунтазир аст.
Дар дигар шаҳр, ки бе бошпурт*,
Бе гадо, бе шаҳу ҳам бе вазир аст.

Ман дигар меравам аз шаҳри шумо,
Ки маро танг шуда чавлонгаҳ.
Баъди сад сол чу Қайси дигаре,
Боз оям, агар Лайлй бируяд он гаҳ.

*бошпурт – шиноснома (паспорт)-ро чунин ифода кардам. Бо маъзарат аз хонанда Н.С

18 новембари соли 2008. Хучанди азиз, ки ин замон ғарқи фасли хазонрез аст.

18 нояб. 2008 г.

Хотира


Ёд дорам ману ту дар партави гирёнии шамъ,
То руз бихандидему дар охир бигиристем.
Дар бехудиҳои худ худоро нашинохта,
Баъд аз чудоиҳо донистаем, ки кистем.

Ёд дорам, ки лабат дар тори шабонгоҳ,
Андар лаби ман буд, кунун дар лаби ман бин.
Лаб бар лабии соғару оғуши замингир,
Афтода чу дарвеш хасу хору хазончин

Бо валвалаву шури чавонии дурахшон,
Оромии шабҳои бегунаҳ бишикастем
Андар фарози бистари нарм аз висолу шавқ,
Бар чеҳраи шаб чун сапеда бинишастем.

17 новембар, хазонаи соли 2008, Хучанд.

6 нояб. 2008 г.

Надонистй, намедонй…


Лаби ту бар лаби дигар, лаби ман бар лаби соғар.
Зи мастй гиряму гирям, зи ашкам сад биёбон тар.

Чароғи хонаат гирён, ту бо ёрат вале хандон,
Фурузону гаҳе хомуш, чу ниругоҳ ман яксар.

Ба оғушаш бипечида, чу гул дар субҳ бикшуда,
Манеро хор бинмуда, занй сад буса дар бистар.

Зи файли хотироти ман, нагардад шуста ёди ту,
Вале вирус бахшидй, ба руйи файли компутар.

Надонистй, намедонй, ту нархи ишқу дарди ишқ
Гумонат ишқ қойим аст, ба қадри зевару доллар?

Ба сони ман намеёбй, вафокешу вафоандеш,
Агар чун ҳафт иқлимро бикобй, нест, кун бовар.

Задам сад буса дар хоки дарат ҳар руз, бишмурдй?
Ҳисоболоти чинй* ҳам, шумораш гум кунад, бингар!

Ба ҳампечии мо бигзашт, чу гулпечи баҳори умр,
Хазон омад баҳорамро, чу дай туфони марговар.

Ва аммо хуб медонам, дилат бо ман танат бо у,
Лаби ту бар лаби дигар, лаби ман бар лаби соғар.

* Ҳисоболоти чинй-манзурам колкулатори чинисохт аст (Маъзарат аз хонандаи арчмандам)

Хучанд, 06-уми новембар, хазонрези соли 2008

31 окт. 2008 г.

Дардномае ба дарё

Ало эй сафҳаи дарё,
Сапедй, ҳамчу руйи ёр.
Ба руят дард бинвисам,
Бубар аз ман ба суйи ёр.

Ало эй мавчҳои варшикаста,
Зи ман туфон биёмузед.
Ало эй абрҳои бе сару пой,
Сиришк аз ман барандузед.

Ало эй сафҳаи дарё,
Чу борон бар ту омезад,
Бигу бар ёри ман, ки у,
Ба зулфат гул биёвезад.

Ало дарё, ало эй мавчҳоят,
Ба сони синаҳои бардамида,
Замоне, то ба субҳи соф,
Ба суйи қуллаҳояш ман хазида.

Чу сони мавчҳоят мехазидам,
Миёни бозувони хурд.
Ду дастам дар камарбандаш,
Чу мавчат ғутаҳо мехурд.

Чу мавчат бусабахшй буд,
Ба соҳилҳои лабҳояш.
Ба мавчат маҳ чило дорад,
Танам бар тан ба шабҳояш.

Чилои ғабғабаш ҳар шаб,
Ба руйи бистарам мерехт,
Арақ аз ҳар тори муйи у,
Ба руйи синаам мебехт.

Ало дарё, ало эй сафҳаи зебо,
Ки рангин кардам имшаб сафҳаатро,
Маро бахшо, маро бахшо, маро бахш,
Ки ғамгин кардам имшаб сафҳаатро.
31 октубари соли 2008. Хучанд

27 окт. 2008 г.

Атри хотиротатро магир аз ман


Ба ман чун бусаҳо додй, гирифтй.
Ба ман чун меҳр бахшидй, гирифтй.
Валекин хотиротатро,
Магир аз ман.

Зи ман он бусаҳои зери борони баҳориро гирифта,
Супурдй зери пойизе.
Ҳамоно сабзоғуши сапеду накҳати гулҳои обият,
Зи ман бурдй,
Таҳи барги хазони дигареат чун хизона дафн бинмудй.
Валекин хотироти рузҳое, ки шаҳидаш кардаем ҳар ду,
Магир аз ман.

Шудам обунаи ишқат,
Ки рузе дар тасаввурам набошад,
Ки сатре аз чаридоти хотироти ту нахонам.
Кунун, ки руйи бистар чуз қадамҳои накуи марг,
Дигарро намепоям,
Ва шояд андарин фурсат,
Хонуми маргам ба пушти кулбаам кубад,
Варо ман мунтазирам,
Маро оғуш мегирад якумрй...
Магир аз ман ҳамин як хотиротатро, ки зери хок
Барам барам бо худ.
Кунун, ки кулбаам пур аст аз накҳати оғуши поки ту.
Атри хотиротатро
Магир аз ман.

28-уми октубари хазонаи соли 2008, Хучанд

23 окт. 2008 г.

Аз ваҳшати ман марг мемирад


Намедонам, ки имшаб сар ба болин монда фардо зинда бархезам.
Намедонам, ки фардо боз ҳамчун гул ба рую му-т овезам.

Агар донам, ки руйи шонаҳои ту зи баъди ман саре дигар,
Зи лаззат хам шавад, аз қалб дурди хунбаҳои рашк мерезам.

Агар донам, ки фардо марг оғуши латифашро бароям боз медорад,
Кунун чун зиндаам, дар лобалои синаат бар марг бистезам.

Намемирам, намемирам, ки худ аз ваҳшати ман марг мемирад,
Биё чоно, маро пинҳон намо, дар бистарат, ки бар ту омезам.

Ба руйи бистари ман моҳ чашмашро ҳавасмандона медузад,
Ба чуз ту, чуз нигоҳу синаи гарму лабони ту ба парҳезам.

Хучанд, 24-уми октубари хазонфасли соли 2008.

21 окт. 2008 г.

Туро нодида мемирам


Туро нодида мемирам,
Гулат ночида мемирам.
Садои пои маргу бахту иқболу накуиву бадиву сарду ҳам гармй,
Шунида қисса-қисса, ҳисса-ҳисса,
Валекин, таппиши қалбат,
Ба руйи синаат сар монда аз мастй,
Чунон нашнида мемирам.

Ту дурй аз ману бо ёдҳоят наздикам то як мисоли муйи шабгунат,
Чунон ки андаруни пилки чашмонам,
Ба ту шаҳбистаре танҳо барои ту, барои ту,
Ва он чо руйи дастони латифу домани поки афифи ту,
Намози ишқ мехонам, намози шукр.
Агар ин даҳр ношукриву бемеҳриву бадъаҳдист,
Ба ин ҳам шукр, ки ёдат ба ман монда,
Зи ту болида мемирам.

Намози ишқ мехонам, сарам дар сачдагоҳи ғабғабу ин синаи чун булури ту,
Дуои боқии умрат, агарчанде дигар занчир андар пойи ту баста,
Мани хаста,
Мани нолону бе ту паршикаста,
Зи ғам нолида мемирам.

Ба баҳру шаршари муят,
Шино созад саропо панчаҳои ман,
Билағзад дар ду китфонат,
Адубишкаста бозувони дасту ламсҳои бусаи гармам,
Ба руйи чеҳраат молам,
Нигоҳи нарму чашми пур зи озармам.
Агар вақти видоъи охирини ин даму анфоси ман бошад,
Агар шарт аст, бусидан зи санги асвади поки муқаддас,
Ва андар лобалои ҳарби чону марг
Ман он чо зери нақши пои ту чашмони худ молида мемирам.
Туро нодида мемирам!

Гулат ночида мемирам!

4 окт. 2008 г.

Хушк гашта майсаҳои бусаи мо


Тирамаҳ омад, баҳори гармоғушат хазон аст.
Тирамаҳ омад, хумори гулбаногушат хазон аст.

Хушк гашта майсаҳои бусаи мо дар бусагоҳ
Боди сарди тирамаҳ андар дили мо вазон аст.

Бистари гарми ману болинаки оғуши ман,
Бе ту ҳамчун рахти марге дар фиғон аст.

Дар лабонат кишта будам тухми меҳру покиҳо,
Сабз ногашту валекин суйи бесуйи равон аст.

Шаршари муят бароям буд обу бозиям,
Ҳайф, чоруби беқадри дигар хонадон аст.

Дар балои муйҳоят печиши ман бахт буд,
Бебало ин дам бароям зиндагониҳо гарон аст.

Дар фироқи бе ту будан мурд умри човидон,
Бо ту будан бар дигар ёре насибу човидон аст.

Дар сари гурам ба ашку ҳамраҳи пажмурдагул
Як даме биншин, ки боди хотироти мо вазон аст.

5 октубари 2008, Хучанд. соати 08:43

2 окт. 2008 г.

Бимирам гар, зи баъди мурдани ман


Чй мехоҳй аё яғмогари қалбам?
Надидй ашки марди ошиқи роз
Накардам ман гуноҳе лек чун осй,
Ба пеши по-т зону мезанам боз.

Ту воқеан надидй ашки марде,
Ки у аз дил чаконад қатраи умр.
На аз чашмаш чакон аст оби дида,
Кам андар кам шавад з-у баҳраи умр.

Китобе менависам дар китобе,
Ба васфи чашми обии гуландом.
Ки у аз баҳри ман боре ва боре,
Нарезондаст ашки бесаранчом.

Худоё, муғчаам з-он нури чашмат,
Тачовуз гашт аммо, бехабар ту.
Гуландомам, биёву даст монам,
Ба руйи синаи сузону бозу.

Агар дастат ба руйи синаам шуд,
Бимирам зор андар пеши поят.
Агар суйи биҳиштам раҳнамунам,
Бигирам дасти поки бебаҳоят.

Ки бе ту чаннатам баҳрам чу дузах,
Намедонй? Бидон, бе ту нахоҳам.
Ки тахту бахти бе ту будани ман,
Фиғону нолаву ғам, дарду оҳам.

Чи мехоҳй аё яғмогари қалбам?
Ба пеши по-т зону мезанам боз.
Бимирам гар, зи баъди мурдани ман,
Зи ишқи бебарорам қиссае соз.

Зи баъди мурдани ман нолаҳо кун,
Ба ҳар сангу дарахту ҳам касу хас,
Зи ишқи бебарорам қиссаҳо кун.

Ба сузу бо пушаймонй аз он пас.

Тори муят дар барам


То ҳанузам атри лабҳои тарат.
Дар лабам боқист ҳам душу барат.
Ҳадяи олии ту ин буса буд,
Бар мани зору ҳақиру маҳшарат.

Маҳшаре додам даруни синаат,
Сад қиёмат дар дилам бигзоштй.
Ин қиёмат зинда бодо то абад.
Ними андуҳам ба худ бардоштй.

Рафтиву як тори муят дар барам,
Аз нишони бусаат вомондааст.
Шукр гуям лаҳзае аз чашми ту,

К-у китоби чашми ман бархондааст.

Садои пои навмедй


Бо умеди гул рафтам, хорҳо ба бар додй.
Бусаат умедам буд, буса бар дигар додй


Ба мижгонам бирубам хоки поят,
Бибусам пойи поки бебаҳоят.
Марав аз ман, ки мирад умри ширин,
Ҳама ганчам равон аст аз қафоят.

Магир ганчинаи меҳру вафоям.
Магир аз ман, хатову ҳам сафоям.
Туи ганчинаи нақди дили ман,
Азизи ман, макун з-ин ғам раҳоям.

Дилам бар тори муят баста рафтй.
Ту чоми сабри ман, бишкаста рафтй.
Маро биншондй руйи дасти ғамҳо-т,
Ба қалбам тири меҳрат хаста рафтй.

Ачаб гарм аст оғушу бари ту.
Латиф ас(т) ҳар ду чашми дилбари ту.
Мани бар туву буса-т ташна ин дам,

Бимурдам ташна дар пушти дари ту.

Бодаи гулранг

Биё, аз тангнои фаршу сақфи зиндагонй,
Кушоем осмонро чун калиди навчавонй.

Биё, оғуш бикшоем аз дарди чудой,
Ба оғуши мубаррои бурун аз қайди фонй.

Бидуни оби Хизри то тавонемаш, ки зистан,
Даруни бодаи гулранги ишқи човидонй.

Малоикро кунам дунболагираш то намояд,
Ҳидоят суйи Наққоши чаҳони бечаҳонй.

Кушо болу парат, эй дарди бедарди бедардии ботин,

Бикун оғуш дарду ранчи ишқи осмонй.

Дар мақоле бе маҳол


Зан агар фаҳмад, ки мемирй барош,
Боз худро ғарқ ба нозаш кунад.
Ҳар қадар пинҳон намояд руйи худ,
Боз мехоҳад, ки овозаш кунад.

Зан агар донад, ки пеши по-ш ту,
Бегуноҳе сар ба зонуяш ниҳй.
Дар дилаш хоҳони он, ки дасти ту,
Каф ба руйу гардану муяш ниҳй.

Зан агар фаҳмад, ки мемирй ба у,
Нозу шевояш фалакпечон шавад.
Лек ботинан барои дилбараш,
Ошиқи бечораву нолон шавад.

Зан агар бо кибру истиғнои худ,
Аз ту боло мегирад сад нози хеш.
Чун ба қалбаш бингарй ин тур нест,
Зери поят мегузорад сози хеш.

Зан ба лаб «НЕ», бо дилаш «ҲА» гуфтанист, *
Дарк бинмо, дарк бинмо, дарк кун.
Шарми зан аз беҳаёйфарқ нест,
Шармро ҳам фарқ кун, ҳам тарк кун.

Эй зани сад ишвадори чун малак,
Ман бимирам зери бори нози ту,
Бо зебад нозу истиғнову кибр.
Ман бимирам зери бори сози ту.

* Аз нури чашми шеърам-Фуруғи Фаррухзод бурдаам

Ниёиш


Манзумаи зерро ҳануз дар синфи 11 мехондам, ба ёди дилбари айёми бачагиам бахшида будам. Он замон айёми пахтачинй буду мо толибилмони мактаби миёнаро соли 1993 ба деҳаи Ошобаи ноҳияи Ашт бурда буданд. Ин сатрҳои давраи наврасй дар чуяҳои пахта эчод шуда буданд. Бисёр хостам, ки ин шеърро аз қатори эчодиётам лағв созам, аммо чй кунам, ки чун хуноба аз дилам чакидааст. Бароям азизу муқаддас аст, ҳарчанд содда аст.

Эй носипос, эй носипос.
Дорам ба ту як илтимос.
Ишқам ба зери по макун,
Гар аз Худо дорй ҳарос.

Бо сад карашма як замон.
Бурдй дилам аз чону чон.
Аммо ба ёди дигаре,
Кардй варо бехонумон.

Дар ваъдаҳо хандиданат.
Дуздида руям диданат.
Кардам хаёли ошиқи,
Он гаҳ зи ман шармиданат.

Гуфтам ба дил «эй чони ман,
Ҳам аввалу сомони ман».
Ҳайҳот, ки рафтй зи ман,
Эй махзани армони ман!

Акнун русуми ошиқон,
Аз баҳри молу пул шуда.
Бечора мискин ошиқе,
Пажмурда ҳамчун гул шуда.

Оғуши гарми бедилон,
Пазмони ишқу зери нанг.
К-имруза ишқу ошиқй,
Баҳри пулу фирузасанг.


Октябри соли 1993. нохияи Ашт

Рехтаҳо…


Имруз зи гармии нафасҳо-т шамидам.
Имруз ба паҳлуи биҳишти-т чамидам.
Ҳайҳот гули буса зи лабҳои тари ту,
Афсус начидам, начашидам, ки начидам.
*** **** **** **** ****
Эй чони азиз барои ман, ёр нагаштй.
Ҳамдам бар мани ошики бемор нагаштй.
Як шабам ба барам нахуфтаву субҳгаҳе чун,
Бо бусаи ман, ҳайф, ки бедор нагаштй.
*** **** **** **** ****
Сар ба руйи синаам мону дили ман гуш кун.
Қалъаи шармат шикаста гирявор оғуш кун.
Ташна мирам дар миёни чор дарёи умед,
Фурсате дори ту аммо, аз лаби ман нуш кун.
*** **** **** **** ****
Лаби ту бар лаби дигар, лаби ман бар лаби соғар.
Зи масти гиряму гирям, зи ашкам сад биёбон тар.
Вале кай мерасад додам, ба гуши қалби поки ту,
Ба дарди ишқи ман, чонам, кай охир мекуни бовар?
*** **** **** **** ****
Ҳар кас, ки гузар кард зи даргоҳи дили ман.
Ҳар кас, ки назар кард ба сад оҳи дили ман.
Як ҳарфи тасалло ба мани ошиқи бечора бигуяд,

То чуш занад боз сабақгоҳи дили ман.

26 сент. 2008 г.

Чашми ман роз бигуяд ба лаҳад то ба абад


Шаби қадр асту ба бе қадрии худ месузам,
Андар оташкадаи дарди дили беморам.
Ба даҳан руза гирифтам, ҳама руз аз номат,
Дили ман рузахуре буд, ба номат ёрам.

Дили ман рузахуре буд, ки мехурд ғамат,
Кулчаи руйи ту ифтори лаби хони дигар.
Руйи саччодаи болини дигар, туву валек,
Ба дилам буд зи ту дарду ғаму хуни чигар.

Бари тасбеҳи дигар ҳар буғумат бигшуда,
Дари чаннат зи висолат бари ман мебандй.
То саҳар нолакунон хатм кунам, сураи ишқ,
Зи манат дур вале, бо дигаре пайвандй.

Синаат гарм шавад з-оташи шавқаш ба висол,
Синаам ғулғулаи марг кунад, з-ин шабҳо.
Руйи бистар, ки маро хори биёбоне ҳаст,
Бе ту танҳо, бе ту танҳо, тани танҳо, танҳо.

Шукри ин ғам, ки пур аст хони дилам аз дардат,
Агар ин нест, маро хуни дилам зардоб аст.
Сурхии руйи манат хуни дили абгорам,
В-агаре не, раги ман чуйи тари мурдоб аст.

Дили ман зинда аз он аст, ки дорад ғами ту,
Ба чунин маргии бемаргии ишқободам.
Ба ту васлу ба худам ҳачр ҳаме хоҳонам,
Гарчй ғам кушт маро, бемаҳалии шодам.

Чашми ман роз бигуяд ба лаҳад то ба абад,
Чашми ту духта бар санги мазорам резад.
Чак-чаки абри намат аз дили пурдарду ғамат,
Ба кафи барги гули руйи кафам овезад.

Эй ачаб, қадри маро қадр накардй шаби қадр,
Ашкрезон сари қабрам ту бидонй қадрам.
То замон зинда будам, мисли ту шабҳои дароз,

Ашк бар болини ман менашикаст он сабрам.

27-умин рузи аввалмоҳи фасли пойиз, соли 2008, Хучанд. соати 24:09

24 сент. 2008 г.

Бихишт бо туст, накуст


Аз хиёбони дилам гузар мекардй,
Истчароғи сурхи дилам нодидй.
Нозирраҳи қалби ман зад уштак,
Мошинсавор, садои дилам нашанидй.

Ин кудаки лолои дилам дар раҳ,
Дар зери чархи орзуи ту монд.
Бар чойи ҳарфҳои бусаи лабат,
Ҳасратнома зи сақфи лаҳад мехонд.

Афтидаам чу ашк дар зери пойат,
Мижгонаки тақдир ба ҳам чун омад,
Бардор ба руйи кафу в-он гаҳ бин,
Аз дил ба чашм нишони хун омад.

Гар хилқати ман зи Худо ин бошад,
Танҳо ғами ту хурдану бе ту мурдан.
Андар талоши рузгор ризоям ман,
Ин дард ба зери хоки сардам бурдан.

Бифристодаам паёмаки тилфунй,
Дар нимашабй зи бехобиву дард.
Хомуш тилфуни туву то субҳ,
Бедор ману сабурии ин дили мард.

Ин дил агар номард будй зи азал,
Дар худ намегузошт, дарди покат,
Ин лаб агар вафо намедошт, он гоҳ,
Буса намезадам ба нақши хокат

Ин чашм агар ғуруру худбинй буд,
Ман сояи ту зи маҳтоб намепурсидам,
Аз тахти каёнии ғурури мардй,
Поён шуда, пойи ту намебусидам.

Ин даст агар шохаи кавире буд,
Андар камарат камарбанд намешуд.
Ин шеъри ман агар фарти ҳақорат буд,
Бар ошиқон «Китоби савганд» намешуд.

Ин сина агар санги дуруғе буд,
Дар лобалои синаат намемондам.
Шабҳо ба чойи дарси муаллими физик,
Байтҳои абруйи ту намехондам.

Ин тан агар ниҳоли бесамар будй,
Аз нахли муҳаббатат пайванд намедодам.
Бо он ҳама ноаҳливу беаҳдй-т,
Аз сарнавишти талхам шодам.

Сад шукр, ки дарди ту андар дил,
Маскан гирифтааст, чу мурғи ваҳшй.
Тарсам, ки зи ман рамидаву рузе,
Гардад ҳавоиву ҳамахоҳу фаҳшй.

Ин дам, ки бо туам имшаби бедорй
Бемарг бимирамат ба пеши пойат
Гар рузи ҳашр бе ту ба чаннат бошам,
Ман рад кунаму шавам ба даъвоят.

Аз муаллиф:
Уштакро ба чойи ҳуштак ба кор бурдам, аз хонанда пузиш мехоҳам.


Хучанд, пойизфасли соли 2008 24-уми септомбир. соати 20:48

22 сент. 2008 г.

Боз баъди чурм суйи киблаам


Эй худо маъзур дорй бандаро,
Бандаи олудаву шармандаро,
То бигуям, ин ки ҳаққи ошиқй
Додай бар ман, ки бошам лоиқе.
Ин даруни синаи холии ман,
Байтҳои одиву олии ман
Бо зуҳури дарди ишқам тавъам аст,
Дар вучудам нест чизе, чуз ғам аст.
Андар оғуши сапеде гарм шуд,
Ҳастии шахшули хокам нарм шуд,
Ин гунаҳ буд, ки варо чун русияҳ,
Кардамаш андар ҳузури шеду маҳ,
Гоҳ масти бусае гаштам чунон,
Гоҳ масти синае гаштам дамон,
Гоҳ андар лобалои ғабғабаш,
Бурдамаш то субҳ уро дар шабаш.
Маст кардам, бо нигоҳи чодуям,
То нишондам сода пеши зонуям,
Гиря кард аз ман, ки он рузе ба баъд,
Мешавад дар ҳачр якумре чу раъд.
Чун яке дигар ба пешам дидамаш,
Лаҳни шевояш ба дил бишнидамаш.
Боз рафтам зулфи у дар каф ба васл,
Васл бошад шаҳдро аз асл, асл.
Синаам бар синааш мемондаме,
Бо лабонам дар лабонаш хондаме:
К-у ба мисли ман ҳамин минвол аст,
Ошиқи зору забуну лол аст.
Эй худоё, гар ба рузи ибтидо,
Шаҳди васл аз чониби ту бехато,
Талх мешуд, шур мебуд, банда низ,
Дурй мечустам мани оганда низ.
Кош рузи аҳдҳои аввалин,
Бар канори дузахам кардй қарин.
Кош нодида чу аҳли дузахй,
Сузад андомам чу лахти барзахе.
Кошки ин лаззати дунёи дард,
Менадидам ҳамчу осй дарди мард.
Андаруни соғарам шаҳду шакар,
Рехтиву боз мегуй ҳазар,
Офаридй чун фаришта духтарон,
Барқи чашмошон зиёд аз ахтарон.
Пеши чашмам чилва дода боз, боз,
Наҳй медорй, ки фосила бисоз.
Эй, худо омурз ин густохиям,
Сабз кун, нахли чавонй шохиям.
Ман ризо будам, ки рузи ибтидо.
Андар оташ муғриқам кардй маро.
Ин манам олудаи оғушҳо.
Буса аз лаб, рую мую гушҳо.
Бедареғ бистондаам, бо шавқу шур,
Аз лабонаш бусаҳои доғу чур.
Ин манам иқрори он ки бегунаҳ,
Зистан натвонам ин дам бефараҳ.
Бо вучудам, тавба кардам, дарднок,
Боз баъди тавба суйи чурму хок.
Баъди тавба боз меғутам ба гил.
Боз мепечам бари фармони дил.
Боз шаҳди бусаҳо дорад лабам,
Боз бе дилбар набошад як шабам.
Боз баъди чурм суйи қиблаам,
Ашкҳо чорй чу руду дачлаам.
Ҳар кй ҳастам, ҳар чй ҳастам, бандаам.

Бандаи олудаву огандаам.

23.09.2008, Хучанд соати 10:23

17 сент. 2008 г.

Бар мастии ман гарм бизан мастии худро

Борони баҳорам, ки резам сару руят,
Тақдис макун, ки маро боз бидорй.
Кушиш макун, ки маро аз хеш намой,
Танҳо зи манат сер бикун ташнагии хеш,
Бишкан шикани тамузи армонии дарвеш.

Хуршеди баҳорам, бизанам панчаи муят
Гоҳе қафаси синаи ту гарм намоям.
В-онгоҳ ту бехуду мастона биларзй
Дар тангии оғуши манат, андар сипосҳо
Бо хоҳишу завқу бо илтимосҳо.

Исён намо дар ҳалқаи оғуши пур аз меҳр,
Ман меравам аз замини пурмеҳри дили ту.
Ман човидона меравам аз обу гили ту.
Ин дам, ки бо туям, бишкан хумори хеш
Аз бусаву оғуши шамсинбаҳори хеш

То ҳаст маро будани нуронии шедй,
Гармии маро гир ба оғуши сапедат
Шабҳо дар интизории субҳи сафобахш
Оғуш кушо, гарм бикун ҳастии худро,
Бар мастии ман гарм бизан мастии худро.

Хуршеди баҳорам, ки қариб аст ғурубам.
Аз ман марав, ки туро фурсат андак аст.
Дар шаршараи муйи ту шуям бадани хеш.
Ин дам ғуруб аст, ғуруб аст, бароям.
Фардо ба тулуъи нав ҳаргиз наоям.
Хучанд. 18.09.2008. соати 09:00

3 сент. 2008 г.

Гиря кун, бар сарнавиштам гиря кун


Сар ба китфам мону имшаб ҳой-ҳой,
Бар қасоси сарнавиштам гиря кун.
Дар китоби бусаҳои руйи ту,
Бо лабонам нонавиштам, гиря кун.

Панчаам дорад навозиш муйи ту,
Ҳамчавори боди нарми тирамаҳ.
Во дареғо, аз баҳорам дер шуд,
То шукуфад бусагулҳо бофараҳ.

Пайкаратро бо шароби ноби чашм,
Ҳамчу бороне бишуям, гирябор
Андарун соғари андуҳи ман,
Боқй мон то рузи маргам дурдвор.

Ман зи руйи ашки шурат бедареғ,
Буса мегирам, ки омезад ба ҳам.
Ашки шуру талхи мо дар бусагоҳ,
Мисли мо ҳаққо, биёмезад ба ҳам.

То ба вақти субҳидам дар бистарам,
Каъбае оғуш кардам, бениёз,
Субҳро мафрист бар дунболи шаб,
Эй худоё, имшабам бодо дароз.

Гиря кун, бар сарнавиштам гиря кун,
Гиря кун, бар сарнавиштат гиря кун.
Чун гурезон омадй аз дузахат,
Андар оғуши биҳиштат гиря кун.

Ҳай биҳишти нақд имшаб баҳри мо,
Баъди чандин солҳоям даст дод,
Гиря кун, то ман бигирям шукрия,
Чун туеро бар мани сармаст дод.

Метаровад аз лаби мо шаҳди васл,
Метаровад аз лаби мо шури ашк.
Дастҳомон сахт печида ба ҳам,
Орй аз кизбу нафиру буғзу рашк.

Дар баёзи гарданат имзои лаб,
Мениҳам чун соядасти шоире.
Дар китоби қалби ман имзо бимон,
Ҳамчу мухлисҳои масти шоире.

Боз кун, ин бандари бахту умед,
То қаиқронй кунам сармасту шур,
То ки армонам ба мисли қалби ман,

Норизо монад чун гул дар хоки гур.

03.09.2008. соати 23:13, Хучанд.

28 авг. 2008 г.

Аз ин пас бусагохи мо хамин ашъори беунвон


Аз ишқат дер кардам, бахш тақсирам,
Зи ту ман дер мондам, бахш тадбирам.
Туву тақдири ту, зи ман чун пештар рафтаст,
Аз ин дам, вой дилгирам, ки бе ту зуд мемирам.

Худоиҳои ту бигзашт, андар муслимиҳоям,
Ба дайри куҳнаи бутвор тозидан.
Кунун, ки пир гаштам, пир гаштй, бин,
Гузашта он замони чилва бозидан.

Даруни мошине дидам, ки руят мистари ғам аст
Зи ғам ҳар байти ман ожанги руят гашт.
Ба руйи дафтари қалбам кашидй буталони кибр,
Кунун ин дафтари руят пур аз ашъори нонанвашт.

Садои ҳалқаи гушат, чу мобайл бусаҳо дорад,
Баногушат, ки ҳокй аз ғами ман ҳаст.
Замоне бусагоҳам буд ин душу бару гушат,
Чунон мегаштй ту низ аз сармастиҳоям маст.

Ачаб, девонавор имшаб даруни шеърҳои хеш,
Бупечидам ба даври зулфи афсунбори шабгунат.
Лабонам дар тавофи ғабғабат гаштанд, афсуне,
Бинушидам аз он лабҳои шаҳдомези гулгунат.

Рақам зад дар дилам ҳотиф, ки ҳаққо рафт аз оғуш,
Замони бусаборони ману ту, эй гулалвон,
Гулоғушам, гулистонам, ту гулборони гулпушам,
Аз ин пас бусагоҳи мо ҳамин ашъори беунвон.

Биё ҳар шаб, ба руйи бистари ашъори ғамолуд,
Ки ин чо аз ду чашми золимони даври мо дур аст.
Ба ҳам печем беминнат, ниҳон аз чашми ин дунё,
Ки руйи бистари шеърам, пур аз шавқу пур аз шур аст.

Биё, бигрез андар ёдҳоят то ба кайвони хаёли ман,
Бубин, дартоз ман ҳам суят медавам, бо шавқ.
Ба зери по хазони фасли пойиз аст пояндоз,
Ба сони барг меуфтам ба руйи синаат бо завқ.

Хазони умри ман мебин, хазони ишқи мо ин нест,
Ба зери по, ки хиси шабнами гулҳои падрудист.
Худоиҳои худро бин бо такрор андар синаи гармам,
Ки дунё, ин замон аз мост, аммо доми нобудист.

Қадам бардор имшаб то ба суйи ёдҳои ман,
Кушода бин ду бозуям барои нармоғушат.
Гузашта гарчй солу моҳи пурдарду пур аз дурй,

Накардам ман фаромушат, фаромушат, фаромушат.


Исфарамарз, 28.08.2008. соати 23:39

20 авг. 2008 г.

Ба руйи бистари андешахоям


Равам пинҳон даруни шеърҳоям
Ба кайвони баҳороғушу поят.
Бару душат кунам сад бусаи тар,
Надонад ину он ҳамсояҳоят.

Зи чашми ин фалак пинҳон занам ман,
Ба кунчи ду лабат муҳри лаби хеш,
Чунон, ки дар паноҳи муйҳоят,
Саҳар созам хумории шаби хеш.

Чунон бигзашт ин шаб бо ману ту,
Ба чуз маҳ шоҳиде нодида моро.
Ба чуз ин бистари атрогини ту,
Касе чуз бистарат нашнида моро.

Чунон андар фарози байтҳоям,
Билағжад панчаам дар ғабғаби ту.
Ба руйи бистари андешаҳоям,
Бихоб, эй нозанини шаббаринму.

Кашам оғуш андар шеърҳоям,
Булури синаҳои гарму нармат,
Чунон пинҳон бипечам бар тани ту,
Ки ҳатто лол монад ору шармат.

Лабони бусахоҳат сокиту ман,
Бидонам, ки қароре дар дилат нест.
Биё бар бистари шеъри тари ман,
Занам буса, ва он гаҳмушкилат нест.

Ачаб, чун муйи ту андар гиреҳам,
Ба доми муйбандат ман гирифтор.
Бимон, пинҳон бимонад ин шаби мо,

Даруни байтҳои зору бемор.

Хучанд. 21.08.2008. соати 10:43

13 авг. 2008 г.

Ниёише дар сари кабри Лайлй


«Харбузаро пурсиданд:
-Чаро ин қадар ширинй, шаҳди ту аз кучост?
Харбуза посух дод:
-Ширинии ман аз он хотир аст, ки зери замин шакарлабон хуфтаанд».


Эй шакарлаб!
Ашки ман боронаки хоки мазорат,
Ашки сурх,
Хунобаи дил,
Бори дарди Қайси асри бисту як.

Ар зи доманонат ба каф медошт Мачнуни чунун,
Ман зи дастам ҳаргизам
Намекардам раҳо домони ёрам,
В-ар зи шаҳди шаккаринлабҳои ту,
Нуш мекард Қайс,
Ман дар биёбони ҳачри ёр
Намесухтаме.
Як умр дар раҳи ёри гулоғуши хеш,
Дида намедухтаме.

Эй шакарлаб!
Дардҳоям ҳамчавори қабри Мачнун дафн кардам,
Руҳи Мачнун кард ово,
Дар ҳузури Қайси асри бисту як,
Гуфт:
«Эй агар медонистаме, ки баъди ман,
Қайси дигар боз ҳаст,
Баъди ман,
Боз дарду роз ҳаст,
Лайлиро он дам тачовуз кардаме,
То ки баъди ман ба даргоҳи муҳаббат,
Турфаи дарду гудозу ҳачру нокомй намонад,
Ё ки хатми ишқ мекардам,
Зинда бошй, Қайси асри бисту як!»

Эй шакарлаб, Лайлии имрузу дирузи муҳаббат,
Кош ту,
Қайсро мехондй,
Андар оғуши бистари гармат
Шояд ин ки дарди ишқ осон ҳамешуд,
Баъди ту.
Дарди ман шаҳватситонй нест, нест,
Дарди ман, дарди дили садҳо ҳазорон Қайси асри бисту як,
Дарди поки ишқи пок.

13.08.2008, Хучанд, соати 12:42

12 авг. 2008 г.

Иштибохи зебо

Чандест,
Дар гили андешаҳои худ ғарқам
Дар жарфони гил,
Нуҳуфта ростии ғалати сабзаи марге,
Ин иштибоҳи ман, ки рақам мезанам аз рузи марги хеш,
Ҳам замҳарир мекунадам ранги барги хеш.
Ин иштибоҳи ман,
Иштибоҳи зебои ман аст.

Дар интихоби ту, иштибоҳи ширин намудаме,
Зинда бодо ин иштибоҳ, ки бо ту кардам.
Он рузи гарми тамузи тобистон,
Дидори аввалини ману ту буд.
Он низ иштибоҳи ширини зиндагиям буд.
Агар ин иштибоҳ набудй
Як умр дар банди иштибоҳ мондаме.
Зинда бодо иштибоҳи ману тақдир.

Бусаи аввалини ману ту низ,
Иштибоҳи нотакрори лабҳо буд.
Рузҳо, ки мунтазири шомаш будем,
Интизори иштибоҳолудаи шабҳо буд.

Чй қадар зебо буд, он руз,
Чунон, ки аз зеби ту руз ҳам шарм медошт.
Шаб аз қиргунии сиёҳии муят,
Маҳ аз чилои руят
Он шаб низ иштибоҳ кард бар ман ту.
Аммо иштибоҳи зебо буд.

Шукри он иштибоҳ, ки дар сандуқи дилам,
Хизонаи хотироти ширин аст,
Агар он иштибоҳ набудй,
Синаам холй чун сандуқи момо буд.


13.08.2008. Хучанд, соати 11:43

31 июл. 2008 г.

Ёри бепадруди ман

Ёри бепадруди ман,
Падруд мегуйи маро?
Рузе, ки дунёро дардвора,
мардвора,
Ҳамзамон падруд мегуям.
Он гаҳе бар ту низ,
Салому дуруд мегуям.

Андаруни тобути яъсам,
Дар салуни мадфани хеш,
Аз ҳачри якумрй
Аз хоку синаи садчок
Достону суруд мегуям.

Ёри бепадруди ман,
Субҳи мо оғози чонафшониву дил,
Шоми мо-чашм пушидан зи ҳам.
Ботини мо сахт хоҳон аст ақалл соате,
Боз нушидан зи ҳам,
Боз боз,
Дар паноҳи торикиҳо дил хурушидан зи ҳам.

Ёри бепадруди ман!
Дасти мо чун панчаҳои кокули ғарбист,
ки кутаҳ аст.
Хоҳиши мо аз канори панчаи хуршед ҳам,
Бештар, дарозтар, бозтар.
Субҳи мо, анчоми мо,
Боз, боз, оғозтар, оғозтар.
Носалимиҳои мо,
Созтар.

Ёри нодидаву нобусидаи ман.
Аз гулистонат гуле ночидаи ман.
Маъзарат, ман нахоҳам гуфт падруд,
Пайваста нисорат саломи ман,
Ҳадди ақалл дар ёдҳоят каломи ман.
Дуруд, дуруд.

Эй, биё, ҳамчоя бо санги хоҳишҳои хеш,
Оинаи оинадори муҳитро бишканем.
Нахли хушки
Сабзазори хостанҳои моро,
Барканем.

Бар ту ман ҳам, бугзор, ки бепадруд монам.

Ёри бепадруди ман!!!

1.08.2008. Хучанд, соати 08:55

30 июл. 2008 г.

Дар бахри шарори хостанхо-т

Тайёраи чашми тезбинам,
Аз авчи фалак фуруд ояд,
Бар ғабғабу бар фурудгоҳат,
Бо сад саламу дуруд ояд.

Чуна панчаи хуршеди сафобахш,
Дасте бизанад миёна сина.
В-он гаҳ ба ду чашми пурхуморат,
Буса бизанад лаби камина.

Дар баҳри шарори хостанҳо-т,
Киштии муҳаббатам шавад ғарқ.
На, на, мадеҳй аз ин начотам,
Бигзор бимирам андарин ғарқ.

Ҳамчун раҳи оҳанини мижгон-т,
Сад бусаи ман шавад қатора.
То манзили синаҳои гармат,
Нармак биравад лабам ишора.

Эй, кош нагуфтаме ҳамин шеър,
К-аз байти ду абру-т сабақ шуд.
Эй кош ману ишқи туву ин шеър,
Пинҳон зи ду чашмони фалак шуд.

Шукро, ки ба рузномаи даҳр,
Аз бусаи мо ҳам интишор аст.
Чун ранги лабони нозуки ту,
Ҳар сафҳаи он пур аз шарор аст.


Хучанд. 30.07.2008. соати 15:16

24 июл. 2008 г.

Аз сиёсат бар мухаббат

Бишкаст сиёсатқалам, вой нагуфтам.
Бишкаст сиёсатқадамам, роз нуҳуфтам.
Дардест маро дер,
Меҳрест маро дер.
Мекушаду боз зиндаам медорад.
Ваҳ шур, валлоҳ, ки омад ба дилам чузви қиёмат.
Ҳарчанд дилам сухт,
Бар он қалами саҳнаи найранг.
Бар он қадами рақс,
Рақсе, ки бидуни ҳангомаи оҳанг.

Инак дари ишқ мекунам боз,
То резам андар ин остона роз,
То оварамаш руйи ниёз.
Эй ишқ!
Эй муҳйии дилам!

Дар зулфи нигорам бубарам панаҳи дарди сиёсат,
То буса занам шурзанон аз завқи муҳаббат.
Лағжад лаби ман андар бару ру, зулфу лабу синаи нармаш,
Ғамҳои сиёсат бикунам сахт фаромуш.
Олам дигарам шуд.
Дар ҳавдачи розхонаи гармии оғуш.

Бо килки лабу дандон,
Боз мекунам тугмадари куртаи ёрам.
То сар бизанам ошиқу ошуфтаву бемор.
У бар сари ман панчазанон бо меҳр,
Мебинад, ки чй тур ман,
Ғами сиёсатбозиро дар кунчи хонаи у дафн мекунам.
Ишқ меварзам.
Буса мезанам аз пой то ба зулфи пурайшонаш,
Сурур мебахшам,
Ба қалби шикебову пушаймонаш.

Имшаби сиёсати ман мурд.
Андар оғуши гарму манхоҳи нигорам.
Ёдаш ба хайр бод!!!
Милоди дубораи олами ишқам,
Аз лаби ману ёрам ҳангоми бусаи мастона,
Чун кудаки лоло ба дунё омад.
Ин кудаки меҳру навозиш,
Умраш муборак бод!!!

Бишкаст сиёсатқалам, вой нагуфтам.
Бишкаст сиёсатқадамам, роз нуҳуфтам.

Таввофаи қудсонаи синаи гармаш,
Чашму лаби ман кард.
Унвони «ҳочии шаби бо ёр» муборак!!
Шустам гунаҳи хеш ба Замзами ашкаш.
Эҳроми сапеди баданаш боз намудам.
Муҳри лабу изи дандон .
Дар баёзи гардани қувони гуландом.
Мондам.
З-ин пас у аз ман аст.
З-ин пас,
Муҳри сиёсат зи дилам рондаву шармандаву иблис бишуд.
На бо сиёсатам,
Бал, бо муҳаббатам.

Ёдаш ба хайр бод,
Гуфтугуи салбу сиёсат.
Шобош, шобош,
Эй лутфу садоқат,
Эй нури муҳаббат.

Маҳ наззора бар абрбистари ману нигори ман,
Аз панчаи тиреза мекунад.
Аз танҳоияш шиква карда, пас,
Аз сиёсати офтоб мегуяд.
Бас, бас, тиреза мепушамаш,
То ҳарфи сиёсат ба руйи бистарам,
Дигар нарезад.
Бигзор з-ин хиси арақи бадани ману нигори ман,
Чун борони муҳаббат,
Бедареғ бирезад руйи бистарам.

Хуш бош ишқи ман,
Милоди дубораи ту муборак бодо!!!
24.07.2008. Хучанд. соати 19:05