skip to main |
skip to sidebar
Садои пои навмедй
Бо умеди гул рафтам, хорҳо ба бар додй.
Бусаат умедам буд, буса бар дигар додй
Ба мижгонам бирубам хоки поят,
Бибусам пойи поки бебаҳоят.
Марав аз ман, ки мирад умри ширин,
Ҳама ганчам равон аст аз қафоят.
Магир ганчинаи меҳру вафоям.
Магир аз ман, хатову ҳам сафоям.
Туи ганчинаи нақди дили ман,
Азизи ман, макун з-ин ғам раҳоям.
Дилам бар тори муят баста рафтй.
Ту чоми сабри ман, бишкаста рафтй.
Маро биншондй руйи дасти ғамҳо-т,
Ба қалбам тири меҳрат хаста рафтй.
Ачаб гарм аст оғушу бари ту.
Латиф ас(т) ҳар ду чашми дилбари ту.
Мани бар туву буса-т ташна ин дам,Бимурдам ташна дар пушти дари ту.
Комментариев нет:
Отправить комментарий