skip to main |
skip to sidebar
Бигзор ҳаёти ман зи баъдам…
Ошуби дилам, бубахш имруз,
Аз рози дилам, ки дер гуфтам.
Бар чашми сиёҳи оҳувонат,
Ногуфта, вале, ки шеър гуфтам.
Дар чашми сиёҳи бемухотаб,
Бе ҳарф, вале хитоб кардам.
Ман зиндагиям кунун, ки алъон,
Бо ишқи ту чун китоб кардам.
Ин сактаи дил, ки руз ё шаб,
Монад зи тапиши бедирангаш.
Бо ғуссаву сад ҳазор гиря,
Чоям бидиҳад зи хоки тангаш.
Ман мераваму дилам, ки бо ту,
Монад ба ҳамешагӣ, ба танҳо.
З-ин ру, ки бидидаам зи чашмат,
Такрори ҳаёти хештанро.
Бигзор ҳаёти ман зи баъдам,
Дар синаи гарми ту бимонад.
Аз он чи надидаму надидам,
Бигзор чу шарми ту бимонад.
Танҳо ки шудӣ, бипурс в-он гаҳ,
Як бусаи гарми ман зи лабҳо-т.
В-он гаҳ, ки шудӣ бипурс фавран,
Оғуши манат ба тарфи шабҳо-т.
Ҳар гаҳ ки ба ғам бупечӣ, чоно,
Печидани ман ба ёд овар.
Дар синаву мую чашму лабҳо-т,
Чушидани ман ба ёд овар.
Хучанд, 17.06.2009, соати 21:47
4 комментария:
Благодарю..очень красиво..и в каждом слово есть смысл.."слов не нужно..лишь прочти..и в них поймешь ответы на свой вопрос" получилась..!!!надесь это от души...объязательно от благодарю...за все.
иш аз калимай юни гирифта шуда манояш кидат мебошад
ман аз нохия ванч махрамов шахзод ман дар борай ишк хечи гуфтан наметонам чунки ишк дарди бе давост
туро афсуни чашмонам зи рах б6даст медонам чаро бехуда мегуи дили чу офаре дорам биё дунё намеарзад ба йин пархёзу ин дури фидои лахзай шоди кунин руёи хастиро лабатро бар лабам бйгзор бидони. Кадри мастиро
Отправить комментарий