Профиль Набиюлло Суннати Facebook

20 нояб. 2009 г.

Нӯшбоди талх


Чароғи утумубил синаи шабро дариду рафт,

Дарунаш ту будиву синаам бидридиву рафтӣ.
Саратро туи оина,
Ба сӯям чун нагардондӣ,
Мисоли чанбарак бар сӯйи ёри хеш,
Саратро хам намудӣ бо ҳавои мастию шӯрат,
Вале дастатат гиребони варо чун чанбарак медошт.
Маро эй кош, марги ман
Гиребонгир мешуд.
Ману ман мондаму нозири раҳ дар роҳ.
Ба ҳоли ман, чунон хандидиву рафтӣ.

Ва имшаб…
Шишаҳои бодапаймоӣ,
Ҳар қадар аз худ тиҳӣ гаштанд
Ман аз дарду ғами ту пур зи андӯҳу ғамат гаштам.
Ману шиша ба ҳам ҳамгардану ҳам лаб ба лаб то рӯз,
Туву ёрат ба ҳам ҷӯшиш шаб то рӯз.
Худоё, ин магар мастист?
Домонат зи дасти ман,
Чунон барчидиву рафтӣ.

Раҳат испед бодо! Гар сияҳрӯзам чу чашми шабгирои ту,
Хато кардам, ки мондам пораи дилро сари роҳат,
Аммо ин хато зебост!
Аммо ишқи ман дар синаи ман, зинда, бопарҷост!
Раҳат испед бодо!
Инак,
Ману ман мондаму нозири раҳ дар роҳ.
Ба ҳоли ман, чунон хандидиву рафтӣ
21-ум рӯзи охирмоҳи фасли пойизи соли 2009, шаҳри Душанбе, соати 12:32

Дуди ваҳшӣ


Ҳазорон қиссаҳо хондам, ҳазорон қиссаҳо гуфтам,
Валекин қиссаи худро зи байти чашми ту хондам.

Даруни бистари чашмат шабе нағнуда, аммо дил,
Чу кӯдак вақти лолоӣ сари гаҳвораат мондам.

Ту бепарво, ту бепарво зи ханҷарҳои мижгонам,
Ба пеши по-т хуни дил зи роҳи дида бифшондам.

Сигори лаб тараб сӯзад, дили ман нимашаб сӯзад,
Чу дуди ваҳшии фаҳшӣ даруни синаат мондам.

Чу ғунча парда бидридам, чу девона бирақсидам,
Ҳамаро ҷуз ба ёди ту зи кунҷи хонаам рондам.

Чароғак сӯхта дар роҳ, ба ҳам бархӯрд ду мошин,
Чу мошин баъди дилсӯзӣ, дили дигар набиншондам.

Мане як дил насибам шуд, ба яғмо бурдиаш, бераҳм!
Дилатро соҳибӣ кардан, худоё, ман набитвондам!

Бирав ҳар ҷо, ки мехоҳӣ, чу сайри дуди танбоку,
Валекин дар димоғи ман, ману атри лабат мондам.
19 новембари соли 2009, садршаҳри Душанбе, соати 19:30

13 нояб. 2009 г.

Худоии дигар


Замони Лоиқу Бозор биншастаст.
Замоне, гармии бозори Гулрухсор бишкастаст.
Лабони шеърҷӯшатро,
Бинеҳӣ бар лабони шеърхези ман.
Гузорӣ синаатро маст рӯйи синаҳои шеърбези ман.
Ай фаввораҳои байтҳои шеъррези ман!

Дар ин ҷамъе, ки нодиранд.
Барои чоплусӣ ташна мемиранд.
Ҳама диплумбадасту пиҷҷаки дарзмолхӯрда.
Ману ту нимаурён рӯйи бистарҳои барги хис.
Ба ҳам ойем.
Ба ранги сӯфиёни ҳизби Мавлоно,
Ба тан аз жандаҳои ишқ пӯшида,
Ба сони Шамс ҳамрозем.
Дар ин шеъри нагунсори мудерни сад паямбарсоз.
Худоии дигар созем.
Аё фаввораҳои байтҳои шеъррези ман!

Сигори дудхӯрда.
Зери по аз дуд мурда.
Биё, бардошта дар чашму лаб молем.
Ба ҳоли нимҷавонияш.
Тамоми нимашаб нолем.
Бар ӯ аз оташи ин синаҳои шеърбези хеш,
Шарар аз лаб барандозем.
Аланга дар миёни шому хуфтанҳои шеъри нав,
Мисоли бешаи сӯзандаи паҳнои Африқо,
Азони нав бигӯему ба сӯйи қиблаи бистар,
Ба шавқу шӯр дартозем.
Ҳазорон қолаби даҳ асрро дар рӯйи шеъри бистари гармам.
Шикаста, баркашида, мисли девона,
Биё, бо ҳам биёмезем!
Аё фаввораҳои байтҳои шеъррези ман!

Биё, танҳо зи бӯсу аз канору гармии оғӯш мегӯем.
Дар ин вақте, ки роҳу кӯҳу ГЭСу шахсият шеър аст.
Ҳайҳот!
Биё, аз мавҷи гесӯ, васли шаб, в-аз он лабони нӯш мегӯем.
Биё, тӯфони нав дар ишқу шеъру васл,
Бирезему зи пайки лаб ба лаб дар ҳам расиданҳо.
Ҳарири ёру нозаш шаб ба шаб аз ҳам кашиданҳо
Арақ аз тори мӯйи ёр рӯйи синаи гармам чакиданҳо.
Биё, дарҷӯш мегӯем.
Биё, бугзор дастат рӯйи санги синаҳои шеърбези ман.
Аё фаввораҳои байтҳои шеъррези ман!

14-уми новембари хазонрези соли 2009, Душанбешаҳр, соати 03:21-и субҳоғӯш

Девони бӯса


Агар шеъри лабонам бар лабонат,
Бисозам ҷамъ, шавад девони бӯса.
Ҳисоби бӯсаҳоям дар баногӯш-т,
Шавад як мустанад армону қисса.

Ба лабҳоям набиштам байти тоза,
Ба авроқи лабонат дер карда.
Вале имрӯз мебинам зи лабҳо-т,
Кадоме байтро таҳрир карда.

Ҷудоият маро дардест сӯзон,
Аҷаб ин дард ҳам ширину зебост.
Бирезам ашк аз абри ду чашмам,
Вале ин гиря ҳам баҳрам гуворост.

Даруни оташи ҳаҷрат дили худ,
Ба шавқу бо таманноҳо фикандам.
Бисӯзонам! Ки ширин сӯхтан аст,
Ду пойи дил бар ин оташ бубандам.

Миёни Кирдугору синаи ман,
Туӣ, эй риштаи ҷону тани ман.
Зи чашмат ҷилваи Ҳақро бидидам,
Надидӣ ту вале ин аз мани ман.

Вале ту сӯхтӣ дар байти лабҳо-т,
Қаламҳои лабони шеърборам,
Ба дасти дигаре таҳрир кардӣ,
Ду байти лаб, ки бурдӣ аз хуморам.
9-уми новембари пойизфасли шаҳри Душанбе, соли 2009, соати 22:46

3 нояб. 2009 г.

Байти олӣ


Дар оғӯшат бисӯзон оташи ман,

Ба шарте синаат оташ бидорад.
Магар дар синаат хоҳиши ҷонсӯз,
Бароям ҳар чӣ хоҳам, он чӣ дорад?

Ба тӯфони дилам худро биёмез,
Дар оғӯшам, ки имшаб раҳ бидодам.
Ба гесӯят бубанд аз пойи қалбам,
Ки гӯям: «Зери по-т ин дам фитодам».

Маро дар тоқи абрӯйи шаби моҳ,
Ба меҳру дардҳо оҳиста биншон.
Дили бедардро ҳаргиз нахоҳам,
Биё бо дард дар дар оғӯши ман, ҷон!

Саратро рӯйи китфам монда имшаб,
Зи ҷоми бӯсаат бо шаст гардон.
Фишонда атри гесӯят ба рӯям,
Маро ту маст мекун, маст гардон.

Ба қадри дард мебояд расидан,
Ки дарди ширини иш(қ) ҳар киро нест.
Дили пурдарди худ дар руйӣ бистар,
Бимон бар руйи қалбам, то маро нест.

Ба тӯфони дилам худро биёмез,
Ки ҷуз ту дигареро ман нахоҳам.
Ба гесӯят бубанд аз пойи қалбам,
Ки бигзор аз ғамат якумр коҳам.

Ту, эй, мехонӣ ин ғамномаи дил,
Қалам аз нӯги мижгонат гирифтам.
Туӣ, ту, шоири ин шеъри пурдард,
Ки зеро байти пистонат гирифтам.

2-уми новембари хазонаи соли 2009, Душанбешаҳр, соати 12:57