Профиль Набиюлло Суннати Facebook

31 июл. 2008 г.

Ёри бепадруди ман

Ёри бепадруди ман,
Падруд мегуйи маро?
Рузе, ки дунёро дардвора,
мардвора,
Ҳамзамон падруд мегуям.
Он гаҳе бар ту низ,
Салому дуруд мегуям.

Андаруни тобути яъсам,
Дар салуни мадфани хеш,
Аз ҳачри якумрй
Аз хоку синаи садчок
Достону суруд мегуям.

Ёри бепадруди ман,
Субҳи мо оғози чонафшониву дил,
Шоми мо-чашм пушидан зи ҳам.
Ботини мо сахт хоҳон аст ақалл соате,
Боз нушидан зи ҳам,
Боз боз,
Дар паноҳи торикиҳо дил хурушидан зи ҳам.

Ёри бепадруди ман!
Дасти мо чун панчаҳои кокули ғарбист,
ки кутаҳ аст.
Хоҳиши мо аз канори панчаи хуршед ҳам,
Бештар, дарозтар, бозтар.
Субҳи мо, анчоми мо,
Боз, боз, оғозтар, оғозтар.
Носалимиҳои мо,
Созтар.

Ёри нодидаву нобусидаи ман.
Аз гулистонат гуле ночидаи ман.
Маъзарат, ман нахоҳам гуфт падруд,
Пайваста нисорат саломи ман,
Ҳадди ақалл дар ёдҳоят каломи ман.
Дуруд, дуруд.

Эй, биё, ҳамчоя бо санги хоҳишҳои хеш,
Оинаи оинадори муҳитро бишканем.
Нахли хушки
Сабзазори хостанҳои моро,
Барканем.

Бар ту ман ҳам, бугзор, ки бепадруд монам.

Ёри бепадруди ман!!!

1.08.2008. Хучанд, соати 08:55

4 комментария:

Анонимный комментирует...

Салом, бародари гироми! Ман чанд шеъри иншо кардаи шуморо хондам ба ман писанд омаданд. Шеърхои пурмазмун, чун дидам, ки дар ин торнамоятон шумо шеърхои зиёд навиштаед, мехостам як суол ба шумо дихам. Шеър аз назари шумо чист?
Саломат бошед!

Набиюллоҳи Суннатй комментирует...

Дуруд азиз!
(Афсус аз номатон ишорае нест, то гуям, ки "бародари азиз" ё "хохари азиз")
Аз илтифоти Шумо шодам. Ба пурсиши Шумо, ки "Шеър аз назари шумо чист?" аст, ман фикр мекунам, ки посухи хубе гуфта наметавонам. Шояд Шумо дар бисёр кутубу навиштахо чй будани шеърро хондаед, ки яке шеърро шуъур гуфтааст, дигаре чахорчубаи муназзами сухани мукаффову зебо ва саввумй ину они дигар. Ман танхо як чиз мегуям: Шеър зиндагии ман аст, пас шеър аз нигохи ман зиндагист. Ба вижа шеъре, ки олудаи дарди поки ишк аст.

Зинда бошед!
Бо арч Набиюллохи Суннатй

Анонимный комментирует...

Салом, бародари гироми Набиюллох! Аз шумо шукргузорам, ки ба саволи ман посух навиштед.
Бале,баъзехо шеърро шуур мегуянд,вале шеър шояд дарди дили касе хам шуда тавонад,ки у дардашро на ба забон ва на ба воситаи шеър баён карда наметавонад ва дарди дилашро аз шеъри кадом шоире шояд пайдо кунад. Вале шумо ин истеъдодро доред.Дар шеърхои шумо мавзухои дигаре намебинам ба чуз васфи ишк. Шумо бештар ишкро васф кардаед,ва шеърхоятон гох аз бевафогии касе баён мекунанд.Ишк мегуянд, ки ду хел мешавад Илохи ва замини.Шеърхои шумо ба кадоме наздиктаранд? Оё шумо аз касе бевафои дидаед?
Каблан ташаккур

Набиюллоҳи Суннатй комментирует...

Дуруд азиз!
Ин ки торнигори каминаро дунболагирй менамоед, ташаккур. Гумон доштам, ки шумо бо хамин суоли додаатон нопайдо мешавед. Хушбахтона бори дигар мутмаин шудам, ки аз шеърхои шогирдонаи камина дидан мекардаед.
Албатта ин чо ишки заминист, ман пинхон намедорам. Аммо ба пурсиши шумо ки ба касе ошик шудаам ё не, фикр мекунам, ки шумо худ ба ин пурсиш аз шеърхоям посухзе пайдо кардаед. Муваффак бошед
Бо арч Набиюллохи Суннатй