skip to main |
skip to sidebar
Ману ту ташнаи аз раҳ расида
Ману ту ташнаи аз раҳ расида,
Сари чоҳе зи ду роҳи муқобил.
Ба чашмам хира шав, к-аз чоҳи чашмам,
Ба поят рехт оби барзахи дил.
Ба касрат нуқрафоми ашки шабнам,
Даруни соғари чашмат бидидам.
Дарафтодем бо ҳам он замон, ки
Даруни хоҳиши қалбат шанидам.
Ману ту ташнаи аз раҳ расида,
Дарафтода ба ҳам дар нимаи роҳ.
Бинуш аз оби чашмонам, ки нушам,
Зи лабҳоят ба хоҳишу ба сад оҳ.
Биёвезам ба зулфонат дили хеш,
Бипечад ҳар ду дастам дар миёнат.
Ба ишқи поки ман имон биёвар,
Рабоям бо ду буса сад гумонат.
Савори киштии лаззат, ду буса,
Ба соҳилҳои лабҳомон шино кард.
Лаби мо баъди ғарқи буса гаштан,
Даруни синаҳо шуре бино кард.
Қиёмат андаруни синаҳомон,
Чу вулқоне намояд хоҳиши гарм.
Ману ту гирди ганчи ҳам хазидем,
Ба мисли морҳо дар бистари нарм.
Ману ту ташнаи аз раҳ расида,
Басе дарду ғами дунё кашида,
Басе васлу канору бусаи гарм,
Фақат дар ёдҳомон барчашида.
Баҳори тирамаҳолудаи Хучанд. 16 оврили соли 2009, соати 10:00
Комментариев нет:
Отправить комментарий