25 дек. 2008 г.

Барои ту


Марав имшаб, ки бе ту беситора осмонам.
Марав, ки бистарам хор аст бе ту, нотавонам.

Шино кардам даруни баҳри шабранги ду гесу-т,
Набурдам роҳ суйи соҳили бахту дамонам.

Задам буса замони дастбифшори саломат,
Ту оё дарк кардй аз муҳаббат ин нишонам?

Чавониро намудам дафн рузи рафтани ту,*
Ба айёми шукуфой бидунат дар хазонам.

Намегуям туро, дар остон баргард баргард,
Ки зеро худ ту мехоҳй равй аз чону чонам.

Марав, ки имшабам бар духтари андуҳ печам,
Ки фардо зоядам фарзандҳои дарди чонам.

Марав, ки з-ин ба баъдам бе ту ман ҳечам, ки ҳечам
Марав имшаб, ки бе ту беситора осмонам.

*
Аз устод Чура Юсуфй бурдаам.
25-уми дисембари соли 2008, Хучанд, соати 13:56

15 дек. 2008 г.

Ҳангомашаб


Ашки ман дар руйи ту, боғбони дардҳо-т,
Чуяи ожангро дар нигоҳам мекашам.

Эй ту Исои манй, чун калисои манй.
Марями оғуши покат, дар паноҳам мекашам.

Имшабам эй нозанин, дар чазои ишқи ту,
Гарданам бар кокулат, дор хоҳам мекашам.

Бо сари мижгони тар, шона бар муят занам,
Рузи ҳашр аз муйи ту, дар гувоҳам мекашам.

Чун фаришти дасти чап, аз гунаҳ дуриву дур,
Бо савоби имшабам, дар гуноҳам мекашам.

Ман зи ду рухсори чурм, аз сари шавқу шурур.
Буса мегирам ба ашк, оҳ, оҳам мекашам.

Пираҳан оғушгир, гулбадан нози туро,
Рашки ман боло аз ин, хун ба роҳам мекашам.

Хучанд, 15 дисембари соли 2008, соати 21:50

11 дек. 2008 г.

Бидруд


Салом эй дидаву нодидаи ман.
Салом эй ҳамсадо, нашнидаи ман.
Салом эй гулъузори дар тахайюл,
Салом эй ғунчаи ночидаи ман.
Паёми* нимашаб дар тилфунат,
Ҳазорон дарду ғам нолидаи ман.
Агар мобайли ман занге занад чун,
Гумонам ин туи-болидаи ман.

Кунун танҳояму дар худ ба чангам.
Бипоям занги маҳбуби қашангам.
Дилам зангори ғам баста-ст, з-ин ҳол,
Рақам чида, назад ёрам, ки зангам.
Намебардорй аққал гушиятро*,
Нафас дар сина вомонда ба тангам.
Чу саг будам вафодорат, вафодор,
Агарчй пеши дигар чун палангам.

Ало, ёрон, бидонед он ки дил бурд.
Маро бидруд гуфту, хом бишмурд.
Зи оғушам раҳида суйи дигар,
Инони завқи худ бо шавқ биспурд.
Маро бемарг кушта, рузи дафнам,
Пушаймон аз қафои тобутам мурд.
Ҳамоне, ки замоне ҳар шабу руз
Ба соғар хуни қалби ман ҳамехурд.

*Паём-манзур SMS
*Гушй-ишора ба гушии тилфун (бо пузишхоҳй аз хонанда Н.С.)

11 декабри дайфасли 2008. Хучанд, соати 21:32

5 дек. 2008 г.

Мансаби девонагй


Ман агар сардори ишқи мансабам,
Ришва мегирам мудом аз ду лабат.
Аз мақоми ошиқии хештан,
Истифода менамудам ҳар шабат.

Бас ҳаминам мансаби девонагй,
Аз фироқу дардҳои вопасин.
Бас ҳаминам дар хаёли хоми хеш,
Буса аз лабҳо-т мегирам ҳазин.

Бигзорам, дастгирам мекунанд,
Ҳини ин пораситониҳои ман.
Бигзорам, Қозии ишқу вафо,
Ҳукми қатлам медиҳад, дар анчуман.

Ришва андар мансаби ман буса буд,
Мансаби боҳашмати девонагй.
Бо тамоми моддаву кодексҳо,
Ҳукм кун дар қалб ҳабси хонагй.

То абад дар қалби ту маҳбусиям,
Ин нишони мансабам бошад, бидон!
Ришваам деҳ аз лабони нозукат,
Дар ду чашмам хира шав, эй чони чон!

05 дисембари соли 2008. соати 22:31, Хучанд.

3 дек. 2008 г.

Бар дуруғат гиряҳо бинмой


Тирамаҳ рафту хазонрезй,
Ҳамчавори абр мерехт ашк.
Зери поям кулмаки борон,
Бар фарози абр мебур(д) рашк.

Бар дуруғат одате кардам,
Ончуноне дуруғҳо гуфтй.
Содагиям дида ҳар лаҳза,
Гуиё, ки фуруғҳо суфтй.

Ман туро бо дуруғҳои ту,
Меҳрубонона бахшидам.
То туро набидҳамат аз даст,
Аз хатоят чашм пушидам.

То туро набидҳамат аз даст,
Аз хатоят чашм пушидам.
Ҳар хиёнате, ки дидам ман,
Лочарам ҳамчу заҳр нушидам.

То туро набидҳамат аз даст,
Сар ба руйи синаат мондам.
Ман ҳисоби абчади ишқро,
Аз лабони дуруғинат хондам.

Дарди ман ҳамранги пойиз аст,
Бар дуруғи баҳор менозам.
Аз пайи он гул, ки аз ман нест,
Мисли кудак ҳаметозам.

Гирям имшаб мисли боронҳо,
Зери поят кулмакам имшаб.
Мисли хоки ташнаи обе,
Аз лабонат мемакам имшаб.

То туро набидҳамат аз даст,
Хешро аз даст додам ман.
Ман ба дасти дуруғҳои ту,
Хешро бо шаст додам ман.

Тирамаҳ рафту хазонрезй,
Бас шуд акнун, навбати борон,
З-абри чашмам чунон ҳамешорад,
Зери пойи ошиқу ёрон.

То туро набидҳамат аз даст,
Бар дуруғат боварй кардам.
Чун кунун миёни ашку дард,
Баъди ту ман доварй кардам.

Инакам, чун ту пушаймонй,
Аз дуруғи бефуруғи хеш.
Ҳар қадар майлат ба суям аст,
Ончунон дардат физояд беш.

Инакам, додиям маро аз даст.
Руйи кули ашки ман боз ой!
Ҳамчу барги хазони пойизй,
Афту бар худ гиряҳо бинмой.

3 дисембари оғозфасли дай, соли 2008. Хучанд

2 дек. 2008 г.

Ман рафтаму ту хомуш


Ман рафтаму ту хомуш.
Ман девонаву ту мадҳуш.

Рафтам зи дарат, хостй гуйй, ки биистам,
Ту хостй, гуйи, ки «ҳама ишқу шурураш
Бори дигар оғоз кунем», лек нагуфтй,
Эй, хок сари кибри ману масту ғурураш.

Ман рафтаму ту хомуш.
Ман девонаву ту мадҳуш.

Ту хостй бо бусаи мастонаи хешат,
Аз рафтани ман манъ кунй, мисли дигар руз.
Гуё зи ту безор, манам дур кашидам,
Худро зи ту, лекин ба чигар хоҳиши чонсуз.

Ман рафтаму ту хомуш.
Ман девонаву ту мадҳуш.

Дар дил аташи лағжиши лабҳо ба лаби ту,
Мастона чашидан ва чамидан ба дилам буд.
Дар панчараи шоми накуе руйи болин,
Гулгуншафақи васл даридан ба дилам буд.

Ман рафтаму ту хомуш.
Ман девонаву ту мадҳуш.

Ду мардуми чашмони гулобиву пушаймон-т,
Хомуш зи ман бахшишу ҳам узр ҳамехост.
Аммо ту, ки хомуш, ту хомуш, ту хомуш!
Дар руйи забонат, ки ҳамин узр намехост.

Ман рафтаму ту хомуш.
Ман девонаву ту мадҳуш.

Дар дил ба манат печхурй, васлу вафо буд,
Ин чашм, ки тарчумаи ҳолат ба манат гуфт.
Аммо ту, ки хомуш маро боз надоштй,
Рафтам ману хоҳиши дилам дар таги по хуфт.

Ман рафтаму ту хомуш.
Ман девонаву ту мадҳуш.

28 новембари соли 2008, Хучанд, замоне, ки панчаҳои дарахтони урёни хиёбони шаҳр ба суйи осмон «омин»-гуён бо фасли пойиз хайрбодй доштанд. Соати 19:12

26 нояб. 2008 г.

Байни ишки ману ту


Байни ишқи ману ту отифаи марзи Илоҳ аст!
Ту набишкан, ки варо, чону дилам, сахт гуноҳ аст!

Байни лабҳои ману ту аташи бусаи гарм аст,
Байни оғуши ману ту ҳавасу оташу шарм аст.

Байни мо сарҳади хоҳишу ҳавас буд, вале ку?
Субҳи мо валвалаи бонги чарас буд, вале ку?

Субҳи мо бусаситониву ҳамоғушу вафо буд.
Субҳи мо чони ба чониву гулоғушу сафо буд.

Субҳи бедории мо буд ҳаме сина ба сина.
Набзи оғуши ту ҳангомае дар қабзи камина.

Магарам баъди чунин валвалаву дорунадорй,
Бо чй қувват шиканам ҳамҳамаи оинадорй?

Баъди ту муйи ту мондаст ба болини гули ман.
З-ин пасам бистари ту қиблаи маъсуми дили ман.

Мешамад ашки манат буйи туро сачдакунон, бин.
Руйи болини тар аз ашк, дилошуби ман аст ин.

Руйи болин ману ту роз ба шабҳо, ки бигуфтем.
Зи сари шавқ абад нолакунон ҳеч нахуфтем.

То саҳар маст ба оғуши ту сармаст хазидам.
Бизадам хеш ба оғуши ту, бо шаст хазидам.

Байни мо фосилаи сол басе шастпарй рафт.
Андароғуши сияҳчурдалаҳад хотираҳо хуфт.

Бинишин дар сари ин мадфани мо ёри диловез.
Даме фарёд бизан, дурр зи чашмони худо рез.

Инакам, боз ману кунчаки танҳоии бераҳм.
Инакам, боз ману гиряву овоии бераҳм.

Байни ишқи ману ту отифаи марзи Илоҳ аст!
Ту набишкан, ки варо, чону дилам, сахт гуноҳ аст!

27.11.2008. Хучанди диловез, ки бо субҳи пойизй ҳамоғуш аст.

19 нояб. 2008 г.

Ман дигар меравам аз шахри шумо


Ман дигар меравам аз шаҳри шумо,
Руҳи бишкастаи худ васлкунон.
Ба билоде, ки маро ёре нест,
Ҳама он чо, ки чавонанд, чавон.

Ман дигар меравам аз шаҳри шумо,
Ташнаи бусаи тар, бо лаби хушк.
Чу кавири лаби шат ташнаи ишқ,
Зи танаффур суйи пурнакҳати мушк.

Ман дигар бознагардам ба дарат,
Ёри хушкардаву хушобу гилам.
Бистарат гарм нашуд, з-ин пас кун,
Ёде аз хунобаи гармоби дилам.

Ба лабидан, ба шабидан туву ман,
Домани иффати шаб бидридем.
Баъд аз он чашм ба субҳ бахшида,
То ба шоми дигаре хандидем.

Ва кунун сели сиришк аз раҳи мо,
Бубарад шодии мо, хотири мо.
Баъд аз он дод бизан бар сари куҳ,
Ки «ҳамин дард рабуд шоири мо».

Пайкарат печ хурад, чашм бипуш,
Ба баёзи баданат муҳри лабам.
Биниҳам, ғайб занам, боз равам,
Раҳи худ пеш гирам, рузу шабам.

Ман дигар меравам аз пеши ту ёр,
Ёри дерини дигар мунтазир аст.
Дар дигар шаҳр, ки бе бошпурт*,
Бе гадо, бе шаҳу ҳам бе вазир аст.

Ман дигар меравам аз шаҳри шумо,
Ки маро танг шуда чавлонгаҳ.
Баъди сад сол чу Қайси дигаре,
Боз оям, агар Лайлй бируяд он гаҳ.

*бошпурт – шиноснома (паспорт)-ро чунин ифода кардам. Бо маъзарат аз хонанда Н.С

18 новембари соли 2008. Хучанди азиз, ки ин замон ғарқи фасли хазонрез аст.

18 нояб. 2008 г.

Хотира


Ёд дорам ману ту дар партави гирёнии шамъ,
То руз бихандидему дар охир бигиристем.
Дар бехудиҳои худ худоро нашинохта,
Баъд аз чудоиҳо донистаем, ки кистем.

Ёд дорам, ки лабат дар тори шабонгоҳ,
Андар лаби ман буд, кунун дар лаби ман бин.
Лаб бар лабии соғару оғуши замингир,
Афтода чу дарвеш хасу хору хазончин

Бо валвалаву шури чавонии дурахшон,
Оромии шабҳои бегунаҳ бишикастем
Андар фарози бистари нарм аз висолу шавқ,
Бар чеҳраи шаб чун сапеда бинишастем.

17 новембар, хазонаи соли 2008, Хучанд.

6 нояб. 2008 г.

Надонистй, намедонй…


Лаби ту бар лаби дигар, лаби ман бар лаби соғар.
Зи мастй гиряму гирям, зи ашкам сад биёбон тар.

Чароғи хонаат гирён, ту бо ёрат вале хандон,
Фурузону гаҳе хомуш, чу ниругоҳ ман яксар.

Ба оғушаш бипечида, чу гул дар субҳ бикшуда,
Манеро хор бинмуда, занй сад буса дар бистар.

Зи файли хотироти ман, нагардад шуста ёди ту,
Вале вирус бахшидй, ба руйи файли компутар.

Надонистй, намедонй, ту нархи ишқу дарди ишқ
Гумонат ишқ қойим аст, ба қадри зевару доллар?

Ба сони ман намеёбй, вафокешу вафоандеш,
Агар чун ҳафт иқлимро бикобй, нест, кун бовар.

Задам сад буса дар хоки дарат ҳар руз, бишмурдй?
Ҳисоболоти чинй* ҳам, шумораш гум кунад, бингар!

Ба ҳампечии мо бигзашт, чу гулпечи баҳори умр,
Хазон омад баҳорамро, чу дай туфони марговар.

Ва аммо хуб медонам, дилат бо ман танат бо у,
Лаби ту бар лаби дигар, лаби ман бар лаби соғар.

* Ҳисоболоти чинй-манзурам колкулатори чинисохт аст (Маъзарат аз хонандаи арчмандам)

Хучанд, 06-уми новембар, хазонрези соли 2008

31 окт. 2008 г.

Дардномае ба дарё

Ало эй сафҳаи дарё,
Сапедй, ҳамчу руйи ёр.
Ба руят дард бинвисам,
Бубар аз ман ба суйи ёр.

Ало эй мавчҳои варшикаста,
Зи ман туфон биёмузед.
Ало эй абрҳои бе сару пой,
Сиришк аз ман барандузед.

Ало эй сафҳаи дарё,
Чу борон бар ту омезад,
Бигу бар ёри ман, ки у,
Ба зулфат гул биёвезад.

Ало дарё, ало эй мавчҳоят,
Ба сони синаҳои бардамида,
Замоне, то ба субҳи соф,
Ба суйи қуллаҳояш ман хазида.

Чу сони мавчҳоят мехазидам,
Миёни бозувони хурд.
Ду дастам дар камарбандаш,
Чу мавчат ғутаҳо мехурд.

Чу мавчат бусабахшй буд,
Ба соҳилҳои лабҳояш.
Ба мавчат маҳ чило дорад,
Танам бар тан ба шабҳояш.

Чилои ғабғабаш ҳар шаб,
Ба руйи бистарам мерехт,
Арақ аз ҳар тори муйи у,
Ба руйи синаам мебехт.

Ало дарё, ало эй сафҳаи зебо,
Ки рангин кардам имшаб сафҳаатро,
Маро бахшо, маро бахшо, маро бахш,
Ки ғамгин кардам имшаб сафҳаатро.
31 октубари соли 2008. Хучанд

27 окт. 2008 г.

Атри хотиротатро магир аз ман


Ба ман чун бусаҳо додй, гирифтй.
Ба ман чун меҳр бахшидй, гирифтй.
Валекин хотиротатро,
Магир аз ман.

Зи ман он бусаҳои зери борони баҳориро гирифта,
Супурдй зери пойизе.
Ҳамоно сабзоғуши сапеду накҳати гулҳои обият,
Зи ман бурдй,
Таҳи барги хазони дигареат чун хизона дафн бинмудй.
Валекин хотироти рузҳое, ки шаҳидаш кардаем ҳар ду,
Магир аз ман.

Шудам обунаи ишқат,
Ки рузе дар тасаввурам набошад,
Ки сатре аз чаридоти хотироти ту нахонам.
Кунун, ки руйи бистар чуз қадамҳои накуи марг,
Дигарро намепоям,
Ва шояд андарин фурсат,
Хонуми маргам ба пушти кулбаам кубад,
Варо ман мунтазирам,
Маро оғуш мегирад якумрй...
Магир аз ман ҳамин як хотиротатро, ки зери хок
Барам барам бо худ.
Кунун, ки кулбаам пур аст аз накҳати оғуши поки ту.
Атри хотиротатро
Магир аз ман.

28-уми октубари хазонаи соли 2008, Хучанд

23 окт. 2008 г.

Аз ваҳшати ман марг мемирад


Намедонам, ки имшаб сар ба болин монда фардо зинда бархезам.
Намедонам, ки фардо боз ҳамчун гул ба рую му-т овезам.

Агар донам, ки руйи шонаҳои ту зи баъди ман саре дигар,
Зи лаззат хам шавад, аз қалб дурди хунбаҳои рашк мерезам.

Агар донам, ки фардо марг оғуши латифашро бароям боз медорад,
Кунун чун зиндаам, дар лобалои синаат бар марг бистезам.

Намемирам, намемирам, ки худ аз ваҳшати ман марг мемирад,
Биё чоно, маро пинҳон намо, дар бистарат, ки бар ту омезам.

Ба руйи бистари ман моҳ чашмашро ҳавасмандона медузад,
Ба чуз ту, чуз нигоҳу синаи гарму лабони ту ба парҳезам.

Хучанд, 24-уми октубари хазонфасли соли 2008.

21 окт. 2008 г.

Туро нодида мемирам


Туро нодида мемирам,
Гулат ночида мемирам.
Садои пои маргу бахту иқболу накуиву бадиву сарду ҳам гармй,
Шунида қисса-қисса, ҳисса-ҳисса,
Валекин, таппиши қалбат,
Ба руйи синаат сар монда аз мастй,
Чунон нашнида мемирам.

Ту дурй аз ману бо ёдҳоят наздикам то як мисоли муйи шабгунат,
Чунон ки андаруни пилки чашмонам,
Ба ту шаҳбистаре танҳо барои ту, барои ту,
Ва он чо руйи дастони латифу домани поки афифи ту,
Намози ишқ мехонам, намози шукр.
Агар ин даҳр ношукриву бемеҳриву бадъаҳдист,
Ба ин ҳам шукр, ки ёдат ба ман монда,
Зи ту болида мемирам.

Намози ишқ мехонам, сарам дар сачдагоҳи ғабғабу ин синаи чун булури ту,
Дуои боқии умрат, агарчанде дигар занчир андар пойи ту баста,
Мани хаста,
Мани нолону бе ту паршикаста,
Зи ғам нолида мемирам.

Ба баҳру шаршари муят,
Шино созад саропо панчаҳои ман,
Билағзад дар ду китфонат,
Адубишкаста бозувони дасту ламсҳои бусаи гармам,
Ба руйи чеҳраат молам,
Нигоҳи нарму чашми пур зи озармам.
Агар вақти видоъи охирини ин даму анфоси ман бошад,
Агар шарт аст, бусидан зи санги асвади поки муқаддас,
Ва андар лобалои ҳарби чону марг
Ман он чо зери нақши пои ту чашмони худ молида мемирам.
Туро нодида мемирам!

Гулат ночида мемирам!

4 окт. 2008 г.

Хушк гашта майсаҳои бусаи мо


Тирамаҳ омад, баҳори гармоғушат хазон аст.
Тирамаҳ омад, хумори гулбаногушат хазон аст.

Хушк гашта майсаҳои бусаи мо дар бусагоҳ
Боди сарди тирамаҳ андар дили мо вазон аст.

Бистари гарми ману болинаки оғуши ман,
Бе ту ҳамчун рахти марге дар фиғон аст.

Дар лабонат кишта будам тухми меҳру покиҳо,
Сабз ногашту валекин суйи бесуйи равон аст.

Шаршари муят бароям буд обу бозиям,
Ҳайф, чоруби беқадри дигар хонадон аст.

Дар балои муйҳоят печиши ман бахт буд,
Бебало ин дам бароям зиндагониҳо гарон аст.

Дар фироқи бе ту будан мурд умри човидон,
Бо ту будан бар дигар ёре насибу човидон аст.

Дар сари гурам ба ашку ҳамраҳи пажмурдагул
Як даме биншин, ки боди хотироти мо вазон аст.

5 октубари 2008, Хучанд. соати 08:43

2 окт. 2008 г.

Бимирам гар, зи баъди мурдани ман


Чй мехоҳй аё яғмогари қалбам?
Надидй ашки марди ошиқи роз
Накардам ман гуноҳе лек чун осй,
Ба пеши по-т зону мезанам боз.

Ту воқеан надидй ашки марде,
Ки у аз дил чаконад қатраи умр.
На аз чашмаш чакон аст оби дида,
Кам андар кам шавад з-у баҳраи умр.

Китобе менависам дар китобе,
Ба васфи чашми обии гуландом.
Ки у аз баҳри ман боре ва боре,
Нарезондаст ашки бесаранчом.

Худоё, муғчаам з-он нури чашмат,
Тачовуз гашт аммо, бехабар ту.
Гуландомам, биёву даст монам,
Ба руйи синаи сузону бозу.

Агар дастат ба руйи синаам шуд,
Бимирам зор андар пеши поят.
Агар суйи биҳиштам раҳнамунам,
Бигирам дасти поки бебаҳоят.

Ки бе ту чаннатам баҳрам чу дузах,
Намедонй? Бидон, бе ту нахоҳам.
Ки тахту бахти бе ту будани ман,
Фиғону нолаву ғам, дарду оҳам.

Чи мехоҳй аё яғмогари қалбам?
Ба пеши по-т зону мезанам боз.
Бимирам гар, зи баъди мурдани ман,
Зи ишқи бебарорам қиссае соз.

Зи баъди мурдани ман нолаҳо кун,
Ба ҳар сангу дарахту ҳам касу хас,
Зи ишқи бебарорам қиссаҳо кун.

Ба сузу бо пушаймонй аз он пас.

Тори муят дар барам


То ҳанузам атри лабҳои тарат.
Дар лабам боқист ҳам душу барат.
Ҳадяи олии ту ин буса буд,
Бар мани зору ҳақиру маҳшарат.

Маҳшаре додам даруни синаат,
Сад қиёмат дар дилам бигзоштй.
Ин қиёмат зинда бодо то абад.
Ними андуҳам ба худ бардоштй.

Рафтиву як тори муят дар барам,
Аз нишони бусаат вомондааст.
Шукр гуям лаҳзае аз чашми ту,

К-у китоби чашми ман бархондааст.

Садои пои навмедй


Бо умеди гул рафтам, хорҳо ба бар додй.
Бусаат умедам буд, буса бар дигар додй


Ба мижгонам бирубам хоки поят,
Бибусам пойи поки бебаҳоят.
Марав аз ман, ки мирад умри ширин,
Ҳама ганчам равон аст аз қафоят.

Магир ганчинаи меҳру вафоям.
Магир аз ман, хатову ҳам сафоям.
Туи ганчинаи нақди дили ман,
Азизи ман, макун з-ин ғам раҳоям.

Дилам бар тори муят баста рафтй.
Ту чоми сабри ман, бишкаста рафтй.
Маро биншондй руйи дасти ғамҳо-т,
Ба қалбам тири меҳрат хаста рафтй.

Ачаб гарм аст оғушу бари ту.
Латиф ас(т) ҳар ду чашми дилбари ту.
Мани бар туву буса-т ташна ин дам,

Бимурдам ташна дар пушти дари ту.

Бодаи гулранг

Биё, аз тангнои фаршу сақфи зиндагонй,
Кушоем осмонро чун калиди навчавонй.

Биё, оғуш бикшоем аз дарди чудой,
Ба оғуши мубаррои бурун аз қайди фонй.

Бидуни оби Хизри то тавонемаш, ки зистан,
Даруни бодаи гулранги ишқи човидонй.

Малоикро кунам дунболагираш то намояд,
Ҳидоят суйи Наққоши чаҳони бечаҳонй.

Кушо болу парат, эй дарди бедарди бедардии ботин,

Бикун оғуш дарду ранчи ишқи осмонй.

Дар мақоле бе маҳол


Зан агар фаҳмад, ки мемирй барош,
Боз худро ғарқ ба нозаш кунад.
Ҳар қадар пинҳон намояд руйи худ,
Боз мехоҳад, ки овозаш кунад.

Зан агар донад, ки пеши по-ш ту,
Бегуноҳе сар ба зонуяш ниҳй.
Дар дилаш хоҳони он, ки дасти ту,
Каф ба руйу гардану муяш ниҳй.

Зан агар фаҳмад, ки мемирй ба у,
Нозу шевояш фалакпечон шавад.
Лек ботинан барои дилбараш,
Ошиқи бечораву нолон шавад.

Зан агар бо кибру истиғнои худ,
Аз ту боло мегирад сад нози хеш.
Чун ба қалбаш бингарй ин тур нест,
Зери поят мегузорад сози хеш.

Зан ба лаб «НЕ», бо дилаш «ҲА» гуфтанист, *
Дарк бинмо, дарк бинмо, дарк кун.
Шарми зан аз беҳаёйфарқ нест,
Шармро ҳам фарқ кун, ҳам тарк кун.

Эй зани сад ишвадори чун малак,
Ман бимирам зери бори нози ту,
Бо зебад нозу истиғнову кибр.
Ман бимирам зери бори сози ту.

* Аз нури чашми шеърам-Фуруғи Фаррухзод бурдаам

Ниёиш


Манзумаи зерро ҳануз дар синфи 11 мехондам, ба ёди дилбари айёми бачагиам бахшида будам. Он замон айёми пахтачинй буду мо толибилмони мактаби миёнаро соли 1993 ба деҳаи Ошобаи ноҳияи Ашт бурда буданд. Ин сатрҳои давраи наврасй дар чуяҳои пахта эчод шуда буданд. Бисёр хостам, ки ин шеърро аз қатори эчодиётам лағв созам, аммо чй кунам, ки чун хуноба аз дилам чакидааст. Бароям азизу муқаддас аст, ҳарчанд содда аст.

Эй носипос, эй носипос.
Дорам ба ту як илтимос.
Ишқам ба зери по макун,
Гар аз Худо дорй ҳарос.

Бо сад карашма як замон.
Бурдй дилам аз чону чон.
Аммо ба ёди дигаре,
Кардй варо бехонумон.

Дар ваъдаҳо хандиданат.
Дуздида руям диданат.
Кардам хаёли ошиқи,
Он гаҳ зи ман шармиданат.

Гуфтам ба дил «эй чони ман,
Ҳам аввалу сомони ман».
Ҳайҳот, ки рафтй зи ман,
Эй махзани армони ман!

Акнун русуми ошиқон,
Аз баҳри молу пул шуда.
Бечора мискин ошиқе,
Пажмурда ҳамчун гул шуда.

Оғуши гарми бедилон,
Пазмони ишқу зери нанг.
К-имруза ишқу ошиқй,
Баҳри пулу фирузасанг.


Октябри соли 1993. нохияи Ашт

Рехтаҳо…


Имруз зи гармии нафасҳо-т шамидам.
Имруз ба паҳлуи биҳишти-т чамидам.
Ҳайҳот гули буса зи лабҳои тари ту,
Афсус начидам, начашидам, ки начидам.
*** **** **** **** ****
Эй чони азиз барои ман, ёр нагаштй.
Ҳамдам бар мани ошики бемор нагаштй.
Як шабам ба барам нахуфтаву субҳгаҳе чун,
Бо бусаи ман, ҳайф, ки бедор нагаштй.
*** **** **** **** ****
Сар ба руйи синаам мону дили ман гуш кун.
Қалъаи шармат шикаста гирявор оғуш кун.
Ташна мирам дар миёни чор дарёи умед,
Фурсате дори ту аммо, аз лаби ман нуш кун.
*** **** **** **** ****
Лаби ту бар лаби дигар, лаби ман бар лаби соғар.
Зи масти гиряму гирям, зи ашкам сад биёбон тар.
Вале кай мерасад додам, ба гуши қалби поки ту,
Ба дарди ишқи ман, чонам, кай охир мекуни бовар?
*** **** **** **** ****
Ҳар кас, ки гузар кард зи даргоҳи дили ман.
Ҳар кас, ки назар кард ба сад оҳи дили ман.
Як ҳарфи тасалло ба мани ошиқи бечора бигуяд,

То чуш занад боз сабақгоҳи дили ман.

26 сент. 2008 г.

Чашми ман роз бигуяд ба лаҳад то ба абад


Шаби қадр асту ба бе қадрии худ месузам,
Андар оташкадаи дарди дили беморам.
Ба даҳан руза гирифтам, ҳама руз аз номат,
Дили ман рузахуре буд, ба номат ёрам.

Дили ман рузахуре буд, ки мехурд ғамат,
Кулчаи руйи ту ифтори лаби хони дигар.
Руйи саччодаи болини дигар, туву валек,
Ба дилам буд зи ту дарду ғаму хуни чигар.

Бари тасбеҳи дигар ҳар буғумат бигшуда,
Дари чаннат зи висолат бари ман мебандй.
То саҳар нолакунон хатм кунам, сураи ишқ,
Зи манат дур вале, бо дигаре пайвандй.

Синаат гарм шавад з-оташи шавқаш ба висол,
Синаам ғулғулаи марг кунад, з-ин шабҳо.
Руйи бистар, ки маро хори биёбоне ҳаст,
Бе ту танҳо, бе ту танҳо, тани танҳо, танҳо.

Шукри ин ғам, ки пур аст хони дилам аз дардат,
Агар ин нест, маро хуни дилам зардоб аст.
Сурхии руйи манат хуни дили абгорам,
В-агаре не, раги ман чуйи тари мурдоб аст.

Дили ман зинда аз он аст, ки дорад ғами ту,
Ба чунин маргии бемаргии ишқободам.
Ба ту васлу ба худам ҳачр ҳаме хоҳонам,
Гарчй ғам кушт маро, бемаҳалии шодам.

Чашми ман роз бигуяд ба лаҳад то ба абад,
Чашми ту духта бар санги мазорам резад.
Чак-чаки абри намат аз дили пурдарду ғамат,
Ба кафи барги гули руйи кафам овезад.

Эй ачаб, қадри маро қадр накардй шаби қадр,
Ашкрезон сари қабрам ту бидонй қадрам.
То замон зинда будам, мисли ту шабҳои дароз,

Ашк бар болини ман менашикаст он сабрам.

27-умин рузи аввалмоҳи фасли пойиз, соли 2008, Хучанд. соати 24:09

24 сент. 2008 г.

Бихишт бо туст, накуст


Аз хиёбони дилам гузар мекардй,
Истчароғи сурхи дилам нодидй.
Нозирраҳи қалби ман зад уштак,
Мошинсавор, садои дилам нашанидй.

Ин кудаки лолои дилам дар раҳ,
Дар зери чархи орзуи ту монд.
Бар чойи ҳарфҳои бусаи лабат,
Ҳасратнома зи сақфи лаҳад мехонд.

Афтидаам чу ашк дар зери пойат,
Мижгонаки тақдир ба ҳам чун омад,
Бардор ба руйи кафу в-он гаҳ бин,
Аз дил ба чашм нишони хун омад.

Гар хилқати ман зи Худо ин бошад,
Танҳо ғами ту хурдану бе ту мурдан.
Андар талоши рузгор ризоям ман,
Ин дард ба зери хоки сардам бурдан.

Бифристодаам паёмаки тилфунй,
Дар нимашабй зи бехобиву дард.
Хомуш тилфуни туву то субҳ,
Бедор ману сабурии ин дили мард.

Ин дил агар номард будй зи азал,
Дар худ намегузошт, дарди покат,
Ин лаб агар вафо намедошт, он гоҳ,
Буса намезадам ба нақши хокат

Ин чашм агар ғуруру худбинй буд,
Ман сояи ту зи маҳтоб намепурсидам,
Аз тахти каёнии ғурури мардй,
Поён шуда, пойи ту намебусидам.

Ин даст агар шохаи кавире буд,
Андар камарат камарбанд намешуд.
Ин шеъри ман агар фарти ҳақорат буд,
Бар ошиқон «Китоби савганд» намешуд.

Ин сина агар санги дуруғе буд,
Дар лобалои синаат намемондам.
Шабҳо ба чойи дарси муаллими физик,
Байтҳои абруйи ту намехондам.

Ин тан агар ниҳоли бесамар будй,
Аз нахли муҳаббатат пайванд намедодам.
Бо он ҳама ноаҳливу беаҳдй-т,
Аз сарнавишти талхам шодам.

Сад шукр, ки дарди ту андар дил,
Маскан гирифтааст, чу мурғи ваҳшй.
Тарсам, ки зи ман рамидаву рузе,
Гардад ҳавоиву ҳамахоҳу фаҳшй.

Ин дам, ки бо туам имшаби бедорй
Бемарг бимирамат ба пеши пойат
Гар рузи ҳашр бе ту ба чаннат бошам,
Ман рад кунаму шавам ба даъвоят.

Аз муаллиф:
Уштакро ба чойи ҳуштак ба кор бурдам, аз хонанда пузиш мехоҳам.


Хучанд, пойизфасли соли 2008 24-уми септомбир. соати 20:48

22 сент. 2008 г.

Боз баъди чурм суйи киблаам


Эй худо маъзур дорй бандаро,
Бандаи олудаву шармандаро,
То бигуям, ин ки ҳаққи ошиқй
Додай бар ман, ки бошам лоиқе.
Ин даруни синаи холии ман,
Байтҳои одиву олии ман
Бо зуҳури дарди ишқам тавъам аст,
Дар вучудам нест чизе, чуз ғам аст.
Андар оғуши сапеде гарм шуд,
Ҳастии шахшули хокам нарм шуд,
Ин гунаҳ буд, ки варо чун русияҳ,
Кардамаш андар ҳузури шеду маҳ,
Гоҳ масти бусае гаштам чунон,
Гоҳ масти синае гаштам дамон,
Гоҳ андар лобалои ғабғабаш,
Бурдамаш то субҳ уро дар шабаш.
Маст кардам, бо нигоҳи чодуям,
То нишондам сода пеши зонуям,
Гиря кард аз ман, ки он рузе ба баъд,
Мешавад дар ҳачр якумре чу раъд.
Чун яке дигар ба пешам дидамаш,
Лаҳни шевояш ба дил бишнидамаш.
Боз рафтам зулфи у дар каф ба васл,
Васл бошад шаҳдро аз асл, асл.
Синаам бар синааш мемондаме,
Бо лабонам дар лабонаш хондаме:
К-у ба мисли ман ҳамин минвол аст,
Ошиқи зору забуну лол аст.
Эй худоё, гар ба рузи ибтидо,
Шаҳди васл аз чониби ту бехато,
Талх мешуд, шур мебуд, банда низ,
Дурй мечустам мани оганда низ.
Кош рузи аҳдҳои аввалин,
Бар канори дузахам кардй қарин.
Кош нодида чу аҳли дузахй,
Сузад андомам чу лахти барзахе.
Кошки ин лаззати дунёи дард,
Менадидам ҳамчу осй дарди мард.
Андаруни соғарам шаҳду шакар,
Рехтиву боз мегуй ҳазар,
Офаридй чун фаришта духтарон,
Барқи чашмошон зиёд аз ахтарон.
Пеши чашмам чилва дода боз, боз,
Наҳй медорй, ки фосила бисоз.
Эй, худо омурз ин густохиям,
Сабз кун, нахли чавонй шохиям.
Ман ризо будам, ки рузи ибтидо.
Андар оташ муғриқам кардй маро.
Ин манам олудаи оғушҳо.
Буса аз лаб, рую мую гушҳо.
Бедареғ бистондаам, бо шавқу шур,
Аз лабонаш бусаҳои доғу чур.
Ин манам иқрори он ки бегунаҳ,
Зистан натвонам ин дам бефараҳ.
Бо вучудам, тавба кардам, дарднок,
Боз баъди тавба суйи чурму хок.
Баъди тавба боз меғутам ба гил.
Боз мепечам бари фармони дил.
Боз шаҳди бусаҳо дорад лабам,
Боз бе дилбар набошад як шабам.
Боз баъди чурм суйи қиблаам,
Ашкҳо чорй чу руду дачлаам.
Ҳар кй ҳастам, ҳар чй ҳастам, бандаам.

Бандаи олудаву огандаам.

23.09.2008, Хучанд соати 10:23

17 сент. 2008 г.

Бар мастии ман гарм бизан мастии худро

Борони баҳорам, ки резам сару руят,
Тақдис макун, ки маро боз бидорй.
Кушиш макун, ки маро аз хеш намой,
Танҳо зи манат сер бикун ташнагии хеш,
Бишкан шикани тамузи армонии дарвеш.

Хуршеди баҳорам, бизанам панчаи муят
Гоҳе қафаси синаи ту гарм намоям.
В-онгоҳ ту бехуду мастона биларзй
Дар тангии оғуши манат, андар сипосҳо
Бо хоҳишу завқу бо илтимосҳо.

Исён намо дар ҳалқаи оғуши пур аз меҳр,
Ман меравам аз замини пурмеҳри дили ту.
Ман човидона меравам аз обу гили ту.
Ин дам, ки бо туям, бишкан хумори хеш
Аз бусаву оғуши шамсинбаҳори хеш

То ҳаст маро будани нуронии шедй,
Гармии маро гир ба оғуши сапедат
Шабҳо дар интизории субҳи сафобахш
Оғуш кушо, гарм бикун ҳастии худро,
Бар мастии ман гарм бизан мастии худро.

Хуршеди баҳорам, ки қариб аст ғурубам.
Аз ман марав, ки туро фурсат андак аст.
Дар шаршараи муйи ту шуям бадани хеш.
Ин дам ғуруб аст, ғуруб аст, бароям.
Фардо ба тулуъи нав ҳаргиз наоям.
Хучанд. 18.09.2008. соати 09:00

3 сент. 2008 г.

Гиря кун, бар сарнавиштам гиря кун


Сар ба китфам мону имшаб ҳой-ҳой,
Бар қасоси сарнавиштам гиря кун.
Дар китоби бусаҳои руйи ту,
Бо лабонам нонавиштам, гиря кун.

Панчаам дорад навозиш муйи ту,
Ҳамчавори боди нарми тирамаҳ.
Во дареғо, аз баҳорам дер шуд,
То шукуфад бусагулҳо бофараҳ.

Пайкаратро бо шароби ноби чашм,
Ҳамчу бороне бишуям, гирябор
Андарун соғари андуҳи ман,
Боқй мон то рузи маргам дурдвор.

Ман зи руйи ашки шурат бедареғ,
Буса мегирам, ки омезад ба ҳам.
Ашки шуру талхи мо дар бусагоҳ,
Мисли мо ҳаққо, биёмезад ба ҳам.

То ба вақти субҳидам дар бистарам,
Каъбае оғуш кардам, бениёз,
Субҳро мафрист бар дунболи шаб,
Эй худоё, имшабам бодо дароз.

Гиря кун, бар сарнавиштам гиря кун,
Гиря кун, бар сарнавиштат гиря кун.
Чун гурезон омадй аз дузахат,
Андар оғуши биҳиштат гиря кун.

Ҳай биҳишти нақд имшаб баҳри мо,
Баъди чандин солҳоям даст дод,
Гиря кун, то ман бигирям шукрия,
Чун туеро бар мани сармаст дод.

Метаровад аз лаби мо шаҳди васл,
Метаровад аз лаби мо шури ашк.
Дастҳомон сахт печида ба ҳам,
Орй аз кизбу нафиру буғзу рашк.

Дар баёзи гарданат имзои лаб,
Мениҳам чун соядасти шоире.
Дар китоби қалби ман имзо бимон,
Ҳамчу мухлисҳои масти шоире.

Боз кун, ин бандари бахту умед,
То қаиқронй кунам сармасту шур,
То ки армонам ба мисли қалби ман,

Норизо монад чун гул дар хоки гур.

03.09.2008. соати 23:13, Хучанд.

28 авг. 2008 г.

Аз ин пас бусагохи мо хамин ашъори беунвон


Аз ишқат дер кардам, бахш тақсирам,
Зи ту ман дер мондам, бахш тадбирам.
Туву тақдири ту, зи ман чун пештар рафтаст,
Аз ин дам, вой дилгирам, ки бе ту зуд мемирам.

Худоиҳои ту бигзашт, андар муслимиҳоям,
Ба дайри куҳнаи бутвор тозидан.
Кунун, ки пир гаштам, пир гаштй, бин,
Гузашта он замони чилва бозидан.

Даруни мошине дидам, ки руят мистари ғам аст
Зи ғам ҳар байти ман ожанги руят гашт.
Ба руйи дафтари қалбам кашидй буталони кибр,
Кунун ин дафтари руят пур аз ашъори нонанвашт.

Садои ҳалқаи гушат, чу мобайл бусаҳо дорад,
Баногушат, ки ҳокй аз ғами ман ҳаст.
Замоне бусагоҳам буд ин душу бару гушат,
Чунон мегаштй ту низ аз сармастиҳоям маст.

Ачаб, девонавор имшаб даруни шеърҳои хеш,
Бупечидам ба даври зулфи афсунбори шабгунат.
Лабонам дар тавофи ғабғабат гаштанд, афсуне,
Бинушидам аз он лабҳои шаҳдомези гулгунат.

Рақам зад дар дилам ҳотиф, ки ҳаққо рафт аз оғуш,
Замони бусаборони ману ту, эй гулалвон,
Гулоғушам, гулистонам, ту гулборони гулпушам,
Аз ин пас бусагоҳи мо ҳамин ашъори беунвон.

Биё ҳар шаб, ба руйи бистари ашъори ғамолуд,
Ки ин чо аз ду чашми золимони даври мо дур аст.
Ба ҳам печем беминнат, ниҳон аз чашми ин дунё,
Ки руйи бистари шеърам, пур аз шавқу пур аз шур аст.

Биё, бигрез андар ёдҳоят то ба кайвони хаёли ман,
Бубин, дартоз ман ҳам суят медавам, бо шавқ.
Ба зери по хазони фасли пойиз аст пояндоз,
Ба сони барг меуфтам ба руйи синаат бо завқ.

Хазони умри ман мебин, хазони ишқи мо ин нест,
Ба зери по, ки хиси шабнами гулҳои падрудист.
Худоиҳои худро бин бо такрор андар синаи гармам,
Ки дунё, ин замон аз мост, аммо доми нобудист.

Қадам бардор имшаб то ба суйи ёдҳои ман,
Кушода бин ду бозуям барои нармоғушат.
Гузашта гарчй солу моҳи пурдарду пур аз дурй,

Накардам ман фаромушат, фаромушат, фаромушат.


Исфарамарз, 28.08.2008. соати 23:39

20 авг. 2008 г.

Ба руйи бистари андешахоям


Равам пинҳон даруни шеърҳоям
Ба кайвони баҳороғушу поят.
Бару душат кунам сад бусаи тар,
Надонад ину он ҳамсояҳоят.

Зи чашми ин фалак пинҳон занам ман,
Ба кунчи ду лабат муҳри лаби хеш,
Чунон, ки дар паноҳи муйҳоят,
Саҳар созам хумории шаби хеш.

Чунон бигзашт ин шаб бо ману ту,
Ба чуз маҳ шоҳиде нодида моро.
Ба чуз ин бистари атрогини ту,
Касе чуз бистарат нашнида моро.

Чунон андар фарози байтҳоям,
Билағжад панчаам дар ғабғаби ту.
Ба руйи бистари андешаҳоям,
Бихоб, эй нозанини шаббаринму.

Кашам оғуш андар шеърҳоям,
Булури синаҳои гарму нармат,
Чунон пинҳон бипечам бар тани ту,
Ки ҳатто лол монад ору шармат.

Лабони бусахоҳат сокиту ман,
Бидонам, ки қароре дар дилат нест.
Биё бар бистари шеъри тари ман,
Занам буса, ва он гаҳмушкилат нест.

Ачаб, чун муйи ту андар гиреҳам,
Ба доми муйбандат ман гирифтор.
Бимон, пинҳон бимонад ин шаби мо,

Даруни байтҳои зору бемор.

Хучанд. 21.08.2008. соати 10:43

13 авг. 2008 г.

Ниёише дар сари кабри Лайлй


«Харбузаро пурсиданд:
-Чаро ин қадар ширинй, шаҳди ту аз кучост?
Харбуза посух дод:
-Ширинии ман аз он хотир аст, ки зери замин шакарлабон хуфтаанд».


Эй шакарлаб!
Ашки ман боронаки хоки мазорат,
Ашки сурх,
Хунобаи дил,
Бори дарди Қайси асри бисту як.

Ар зи доманонат ба каф медошт Мачнуни чунун,
Ман зи дастам ҳаргизам
Намекардам раҳо домони ёрам,
В-ар зи шаҳди шаккаринлабҳои ту,
Нуш мекард Қайс,
Ман дар биёбони ҳачри ёр
Намесухтаме.
Як умр дар раҳи ёри гулоғуши хеш,
Дида намедухтаме.

Эй шакарлаб!
Дардҳоям ҳамчавори қабри Мачнун дафн кардам,
Руҳи Мачнун кард ово,
Дар ҳузури Қайси асри бисту як,
Гуфт:
«Эй агар медонистаме, ки баъди ман,
Қайси дигар боз ҳаст,
Баъди ман,
Боз дарду роз ҳаст,
Лайлиро он дам тачовуз кардаме,
То ки баъди ман ба даргоҳи муҳаббат,
Турфаи дарду гудозу ҳачру нокомй намонад,
Ё ки хатми ишқ мекардам,
Зинда бошй, Қайси асри бисту як!»

Эй шакарлаб, Лайлии имрузу дирузи муҳаббат,
Кош ту,
Қайсро мехондй,
Андар оғуши бистари гармат
Шояд ин ки дарди ишқ осон ҳамешуд,
Баъди ту.
Дарди ман шаҳватситонй нест, нест,
Дарди ман, дарди дили садҳо ҳазорон Қайси асри бисту як,
Дарди поки ишқи пок.

13.08.2008, Хучанд, соати 12:42

12 авг. 2008 г.

Иштибохи зебо

Чандест,
Дар гили андешаҳои худ ғарқам
Дар жарфони гил,
Нуҳуфта ростии ғалати сабзаи марге,
Ин иштибоҳи ман, ки рақам мезанам аз рузи марги хеш,
Ҳам замҳарир мекунадам ранги барги хеш.
Ин иштибоҳи ман,
Иштибоҳи зебои ман аст.

Дар интихоби ту, иштибоҳи ширин намудаме,
Зинда бодо ин иштибоҳ, ки бо ту кардам.
Он рузи гарми тамузи тобистон,
Дидори аввалини ману ту буд.
Он низ иштибоҳи ширини зиндагиям буд.
Агар ин иштибоҳ набудй
Як умр дар банди иштибоҳ мондаме.
Зинда бодо иштибоҳи ману тақдир.

Бусаи аввалини ману ту низ,
Иштибоҳи нотакрори лабҳо буд.
Рузҳо, ки мунтазири шомаш будем,
Интизори иштибоҳолудаи шабҳо буд.

Чй қадар зебо буд, он руз,
Чунон, ки аз зеби ту руз ҳам шарм медошт.
Шаб аз қиргунии сиёҳии муят,
Маҳ аз чилои руят
Он шаб низ иштибоҳ кард бар ман ту.
Аммо иштибоҳи зебо буд.

Шукри он иштибоҳ, ки дар сандуқи дилам,
Хизонаи хотироти ширин аст,
Агар он иштибоҳ набудй,
Синаам холй чун сандуқи момо буд.


13.08.2008. Хучанд, соати 11:43

31 июл. 2008 г.

Ёри бепадруди ман

Ёри бепадруди ман,
Падруд мегуйи маро?
Рузе, ки дунёро дардвора,
мардвора,
Ҳамзамон падруд мегуям.
Он гаҳе бар ту низ,
Салому дуруд мегуям.

Андаруни тобути яъсам,
Дар салуни мадфани хеш,
Аз ҳачри якумрй
Аз хоку синаи садчок
Достону суруд мегуям.

Ёри бепадруди ман,
Субҳи мо оғози чонафшониву дил,
Шоми мо-чашм пушидан зи ҳам.
Ботини мо сахт хоҳон аст ақалл соате,
Боз нушидан зи ҳам,
Боз боз,
Дар паноҳи торикиҳо дил хурушидан зи ҳам.

Ёри бепадруди ман!
Дасти мо чун панчаҳои кокули ғарбист,
ки кутаҳ аст.
Хоҳиши мо аз канори панчаи хуршед ҳам,
Бештар, дарозтар, бозтар.
Субҳи мо, анчоми мо,
Боз, боз, оғозтар, оғозтар.
Носалимиҳои мо,
Созтар.

Ёри нодидаву нобусидаи ман.
Аз гулистонат гуле ночидаи ман.
Маъзарат, ман нахоҳам гуфт падруд,
Пайваста нисорат саломи ман,
Ҳадди ақалл дар ёдҳоят каломи ман.
Дуруд, дуруд.

Эй, биё, ҳамчоя бо санги хоҳишҳои хеш,
Оинаи оинадори муҳитро бишканем.
Нахли хушки
Сабзазори хостанҳои моро,
Барканем.

Бар ту ман ҳам, бугзор, ки бепадруд монам.

Ёри бепадруди ман!!!

1.08.2008. Хучанд, соати 08:55

30 июл. 2008 г.

Дар бахри шарори хостанхо-т

Тайёраи чашми тезбинам,
Аз авчи фалак фуруд ояд,
Бар ғабғабу бар фурудгоҳат,
Бо сад саламу дуруд ояд.

Чуна панчаи хуршеди сафобахш,
Дасте бизанад миёна сина.
В-он гаҳ ба ду чашми пурхуморат,
Буса бизанад лаби камина.

Дар баҳри шарори хостанҳо-т,
Киштии муҳаббатам шавад ғарқ.
На, на, мадеҳй аз ин начотам,
Бигзор бимирам андарин ғарқ.

Ҳамчун раҳи оҳанини мижгон-т,
Сад бусаи ман шавад қатора.
То манзили синаҳои гармат,
Нармак биравад лабам ишора.

Эй, кош нагуфтаме ҳамин шеър,
К-аз байти ду абру-т сабақ шуд.
Эй кош ману ишқи туву ин шеър,
Пинҳон зи ду чашмони фалак шуд.

Шукро, ки ба рузномаи даҳр,
Аз бусаи мо ҳам интишор аст.
Чун ранги лабони нозуки ту,
Ҳар сафҳаи он пур аз шарор аст.


Хучанд. 30.07.2008. соати 15:16

24 июл. 2008 г.

Аз сиёсат бар мухаббат

Бишкаст сиёсатқалам, вой нагуфтам.
Бишкаст сиёсатқадамам, роз нуҳуфтам.
Дардест маро дер,
Меҳрест маро дер.
Мекушаду боз зиндаам медорад.
Ваҳ шур, валлоҳ, ки омад ба дилам чузви қиёмат.
Ҳарчанд дилам сухт,
Бар он қалами саҳнаи найранг.
Бар он қадами рақс,
Рақсе, ки бидуни ҳангомаи оҳанг.

Инак дари ишқ мекунам боз,
То резам андар ин остона роз,
То оварамаш руйи ниёз.
Эй ишқ!
Эй муҳйии дилам!

Дар зулфи нигорам бубарам панаҳи дарди сиёсат,
То буса занам шурзанон аз завқи муҳаббат.
Лағжад лаби ман андар бару ру, зулфу лабу синаи нармаш,
Ғамҳои сиёсат бикунам сахт фаромуш.
Олам дигарам шуд.
Дар ҳавдачи розхонаи гармии оғуш.

Бо килки лабу дандон,
Боз мекунам тугмадари куртаи ёрам.
То сар бизанам ошиқу ошуфтаву бемор.
У бар сари ман панчазанон бо меҳр,
Мебинад, ки чй тур ман,
Ғами сиёсатбозиро дар кунчи хонаи у дафн мекунам.
Ишқ меварзам.
Буса мезанам аз пой то ба зулфи пурайшонаш,
Сурур мебахшам,
Ба қалби шикебову пушаймонаш.

Имшаби сиёсати ман мурд.
Андар оғуши гарму манхоҳи нигорам.
Ёдаш ба хайр бод!!!
Милоди дубораи олами ишқам,
Аз лаби ману ёрам ҳангоми бусаи мастона,
Чун кудаки лоло ба дунё омад.
Ин кудаки меҳру навозиш,
Умраш муборак бод!!!

Бишкаст сиёсатқалам, вой нагуфтам.
Бишкаст сиёсатқадамам, роз нуҳуфтам.

Таввофаи қудсонаи синаи гармаш,
Чашму лаби ман кард.
Унвони «ҳочии шаби бо ёр» муборак!!
Шустам гунаҳи хеш ба Замзами ашкаш.
Эҳроми сапеди баданаш боз намудам.
Муҳри лабу изи дандон .
Дар баёзи гардани қувони гуландом.
Мондам.
З-ин пас у аз ман аст.
З-ин пас,
Муҳри сиёсат зи дилам рондаву шармандаву иблис бишуд.
На бо сиёсатам,
Бал, бо муҳаббатам.

Ёдаш ба хайр бод,
Гуфтугуи салбу сиёсат.
Шобош, шобош,
Эй лутфу садоқат,
Эй нури муҳаббат.

Маҳ наззора бар абрбистари ману нигори ман,
Аз панчаи тиреза мекунад.
Аз танҳоияш шиква карда, пас,
Аз сиёсати офтоб мегуяд.
Бас, бас, тиреза мепушамаш,
То ҳарфи сиёсат ба руйи бистарам,
Дигар нарезад.
Бигзор з-ин хиси арақи бадани ману нигори ман,
Чун борони муҳаббат,
Бедареғ бирезад руйи бистарам.

Хуш бош ишқи ман,
Милоди дубораи ту муборак бодо!!!
24.07.2008. Хучанд. соати 19:05

10 июл. 2008 г.

Баъди ман ошиқ хоҳй шуд

Пас аз ман ҳар касе ояд ба пешат,
Бас сони абр ашки у марезон.
Касе бинҳод қалбаш пеши поят,
Навозиш кун, навозиш кун, маранчон.

Пас аз ман ҳар касеро дуст дорй,
Макун бозичааш, хоҳишам ин аст.
Чунон ки бозй кардй бо мани зор,
Ба у ҳам зиндагияш гар чунин аст.

Пас аз ман ҳар касе гиряд ба пешат,
Бидон, ки дар самимият чу ман не.
Туро гар дуст дорад қайсвора,
Бидон, ки ҳам чу ман бо чону тан не.

Касе бусад лабат, бар ёд овар,
Лабам бусида буд, поят замоне.
Ба мижгонам рабудам гарди поят,

Кунун, ки мебарй аз ман чаҳоне.

Хучанд. 10.08.2008. соати 23:20

9 июл. 2008 г.

Дуруд

«Саломе, ки маро ба нур пайвастй»
Ва з-он пас шишаи қалбам
Ба санги бевафогй-т бишкастй
Эй шонаҳои гармат замоне,
Миёни бозувонам паноҳ мебурданд,
Аз тамоми ғуссаи дунё.
Аз тамоми қиссаи руъё.
Боз аз хотиротам дуруд мегуям.
Дуруд эй шабоне, ки ману ту шаҳидаш кардем.
Ёдаш ба хайр.
Дуруде, ки ду чашмамро бар ду руд пайвастй.

Мешамидам атри муҳоят
Чун биҳишти нақд дар дастам.
Шаб омухт ранги сиёҳй аз зулфат,
Печидаги рузгор низ печ-печи кокулонат,
Моҳ низ дар ҳусн аз руят сабақ омухт.
Дуруд ин ҳусну чамоли бебаркаш.
Дуруд ба Оне, ки ба ту ин ҳусн бераҳмона бахшид.
Кунун, аммо…
Дуруде, ки ду чашмамро бар ду руд пайвастй.

Дуруд ба Оне, ки бераҳмона заҳри ишқи ту дода ба комам,
Сиккаи девонагият зада бар номам.
Ба чойи шаҳд рехта заҳр бар чомам.
Дуруд он шаби ҳамоғушиҳо.
Дуруд он шаби соғар ба соғар, лаб ба лаб.
Дуруд он шабе, ки қолаби худро,
Рехтам андаруни қоби меҳрогин.

Дуруде, ки ду чашмамро бар ду руд пайвастй.

10.08.2008. Хучанд. соати 05:48

2 июл. 2008 г.

Кош тилфуни баногуши ту бошам

Ман чй бошам баҳри ту?
Ман чй бошам?

Хуша мебусад замин,
Чун лаби ман пойи ту.
Абр омад дар сабақомузй ба пеши устоди чашми ман,
То биёмузад зи ман сад шеваи шевангарй,
Кош донй, дар хаёлам чист, чист?
Ҳадди ақал панчаи мижгони ман бошад,
Чоруби даргоҳи ту.
Эй намедонй, хаёлам риштабанди меҳри туст,
Чодуе дар қаҳри туст.

Ман чй бошам баҳри ту?
Ман чй бошам?

Кош тилфуни баногуши ту бошам.
Гоҳ дар дастат,
Гоҳ андар гармоғуши ту бошам.
Дар миёни синаат бошам ҳамоил рузҳо,
Шаб сари болини ту,
Бо садои занг бедорат насозам,
Дар сукуту лек пурчуши ту бошам.

«Гоҳи саршор аз муҳаббат»,
Буса гирам аз лабат.
Он даме, ки бар лаби нозуки ту гардам қарин,
Буса гирам бедареғ,
З-оразе, ки дар ҳузураш моҳу хуршед,
Аз хичолат абр бар руяш кашад.
Боз, боз.
Ширинии ду лаби ту ду лабам,
Боз бар суяш кашад.

Шаҳди лабҳоят чашам,
Сахт бар сина кашам.
Синаи гармат.
Бо ҳамоилҳои тилуфнбандиям аз гарданат,
Дар паноҳи муйҳоят,
Чашми нимпушидаатро бусаборон мекунам.
Гоҳи саршор аз назокат,

Ман чй бошам баҳри ту?
Ман чй бошам?
Кош, кош…


2.07.2008, соати 22.07, ш.Хучанд

30 июн. 2008 г.

Ба дусти арчмандам, соҳибторнигори варзида ва инсони фарҳехтаву фарҳангсолор Муҳаммаҳусайн (Ирон). Оне, ки иттиҳоди порсигуёнро чун чон мепарастад.


Замири ишқоинат намирад,
Бимирад гар дили ман дар раҳи ту.
Чунон бо васли абру теғаи куҳ
Ду чашми ман ситора бар маҳи ту.

Чаҳон бе ишқу меҳру дарди ширин,
Чу дузах гарм ҳаргизам набошад.
Хушо ин дузахи ишқу висоли ёр,
Ба чуз ин роҳ ҳар чизам набошад.

Агар ишқ аст дузах суяш мешитобам,
Биҳишти сокиту ором хуш нест.
Талотумҳои байни ду лаби тар,
Чаҳонро ғулғула аз ишқ бархест.

Ба паҳнои бару души азизам,
Бикорам тухми буса то бируяд.
Ниҳоли меҳр андар синаи у,
Ки то тасбеҳу дарси ИШҚ гуяд.

Занам панча ба зулфи анбаринаш,
Ки то печад ба бозуям чу гулҳо,
Занам буса баногушу лаби у,
Ки эҳсос дорад васли дилҳо.

29 июн. 2008 г.

Шери сапед барои гумшудае

Эй гумшудаи ман,
Эй ҳисоби рузҳои рафтаам,
Эй сари бесар шуда, эй дили бедил шуда,
Эй ғарбро бар шарқиён омехта,
Эй ба руйи оташам оби дида рехта
Эй гумшудаи ман!

Аз ҳар даре мепурсамат
Аз ҳар саре мепурсамат
Аз нигоҳи хашмолуди чаллоди шаҳе
Аз туйи чашмони сари доре
З-оби чашми хоҳарон
Ширу хуни модарон

Аз барги гул мепурсамат
З-он ки у домони ту буса зада,
Аз панчаҳои хуршед мепурсам туро,
З-он ки у аз миёнаи нозукат оғуш кардаст
Аз қатраи борон ҳамепурсам
Бар руйи ту, бар муйи ту,
бар лаби нозуки ту буса зада
Эй гумшудаи ман!

Эй гумшуда, ту инсон наий,
Туро аз номгуйи руйхати одам
Бо хати батлон
Мекунам берун
Эй гумшудаи ман,
Ту инсон найи.
Ту олиҳаи байни худову мард!
Эй олиҳаи байни ману худо!

Бусаи духтари шаб

Ба руйи бистарам омад нигоҳи шаб
Чу духтар андар оғушам
Тани танҳо маро имшаб,
Ду дасти меҳрбори торикй дар ин мунчалои даҳр
Навозиш кард оғушам,
Чунон бо меҳр мебусад
Лабу руйу баногушам

Ба ту эй зан,
Эй зани шаб,
Худо бераҳмона бахшид,
Тамоми ҳусну меҳру илтифоту лаззати оромии то субҳ
Ва ман ҳам бар ту мебахшам,
Тамоми меҳри бараҳмона имшаб,
То дами субҳ

5 июн. 2008 г.

Бусалабхои мусофир

Лабам паймуд роҳе то лаби ту ту,
Аё гумкарда раҳ то бистари чашмам!
Биё, бар пилки чашмонам бихобад,
Ҳамон як духтари пуршарми чашмонат,
Нигоҳи шаҳвати хуршеди домонат.

Ниёзи сояи ашкам ба руйи пойи поки туст,
Занад саччодапешонй ба руйи маъбади лабҳот.
Лаби аз зуҳд сурхинам ба сони реги тафсоне,
Занад зуннор барҳам андарин шабҳот.
Ба сони суфии девонаи табҳот.

Кашам пурмеҳр андар синаи гармам,
Булури синаҳои гарму хоҳишдору манхоҳат.
Бимолам ин ду санги қудс бар чашмам,
Ки то рушан шавад дунёи торики роҳат.
Бидуни офтобу рушани моҳат.

Бимонам сар бо ду чашми нимавои хеш,
Ба руйи синаи сузону аташдорат.
Пари қувони дасти ту шино созад ба муйи ман,
Ки то фаҳмй тапиши қалби ошиқи зорат.
Ҳамеша зору бедору талабгорат.

Ба меҳмонхонаи лабҳои табдорат,
Пазиро бош, имшаб бусалабҳои мусофирам.
Раҳе паймуда то кайвони оғуши баҳоринат,
Пазиро бош, вагарна бе ачал мирам.
Пазиро бош, беморам, аз ин дунёи дилгирам.

20 мая 2008 г.

Баъди чандин солҳо

Шояд ин ки баъди чандин солҳо,
Чашми меҳтар руйи шеъри пурғамам.
То ба поси шаб давад бо дарди ман,
Дарди худ дар руйи шеърам бингарад,
Дарди ман чун дарди хешаш бишмарад

Эй азизам, ман набишносам туро,
Чун ба руйи чашми ман хоки лаҳад
Ҳамчу мушти гард боридаст, оҳ,
Баъди чандин солҳои мурданам
Андаруни гур ҳасрат хурданам.

Ман замоне мисли ту ошиқ будам,
Дилбари бераҳм буд фарчоми ман.
Ҳарчй дар дил доштам бо худ рабуд
Он гулобиранг гул-андоми ман
Хурд хуни қалби ман аз чоми ман

Ҳай дареғо сода будам, содае,
Бо мураккабхислатй дилдодае,
Ҳай ачаб «дунёи қач дору марез»,
Андаруни оташу сузон машав
Муғриқи дарёву поёнтар марав

Себи сурхи шохаи умеди ман,
Зери дандони ду кирми бахт монд
Лочарам дар руйи раҳ бе пову даст
Тифли гирёни дилам сарсахт монд

Он касе зорам намуд хушбахт монд

16 мая 2008 г.

Духтари абр

Теғаи куҳи нигаҳпораи ман,
Тани абрини туро бусазанон.
Ба фарози баданат жарф вуруд,
Мекунад он чй ту хоҳй, ки чунон.

Кашам оғуш сапеди баданат,
Сару ру лаззати боронаки ту.
Ай худо, ларза даромад ба ҳаво,
З-ин тачовузи пур аз меҳри наку.

З-ин булуғи шаби ялдои гунаҳ,
Пайкарам ғарқи савоби ту шавад.
Дасти номардии субҳ отифавор,
Васли мо суйи саҳар тез кашад.

Ба лабат буса занам духтари абр,
Гунаҳи ишқ кунам содиру лек.
Натавонад, ки маро ҳукм кунад,
Қозии ишқ ба ҳангомаи нек.

Ҳазрати Ишқ чабинам бишикофт,
Андар он сабт намуд номи туро.
Бо ту омезаму овезаму ҳайф,
То абад аз ту чудо, аз ту чудо.

Эй ачаб наъразанон бибридам,
Синаи хеш бари синаи ту.
Ғарқи гулранг шавад пираҳанат,
З-ашку хуни ёри деринаи ту.

Ба худо ҳафт фалак пеши барам,
Духтари бикр шавад, медонам.
Ба чуз аз душу барат ғарқи савоб,
Рад кунам, баҳри ту эй чононам

28 апр. 2008 г.

Намози ашки чашмам

Бимон то ашки поки ман,
Ба руйи синаи гармат,
намози шом бугзорад.

Биё то кудаки рахгарди ишки ман,
Даруни мактаби пурнозу мехри ту,
Биё ки дар салуни бечулуси ту,
Зи гамхо гом бугзорад.

Дар ин лавхе, ки номи ту агар нест,
Ба сархатташ ичозат пурсад аз Яздон,
Мусаммо бо гаму дардаш,
Ва он гах ном бугзорад.

Дар ин кошонае, ки сокиту ях аст,
Ба боди гарм бо як шаст,
Хати пайгом бугзорад.

Худоё, харчй мегуям миёни мастиву нимхушёри аст,
Дар ин холе, ки харбу зарби мехру ишку дасти бевафогихост,
Бимон, ки килки мехри ман,
Ба руйи дафтари чашмат,
Нигохи вом бугзорад.

Бимон то ашки поки ман,
Ба руйи синаи гармат,
Намози субхи содик то гуруби шом бугзорад.

9 апр. 2008 г.

Ибтидои интихо


Пазмони туам, вале ту пазмони дигар.
Курбони туам, вале ту курбони дигар.

Чун ноз кунй, ба чону дил макбулам,
Чонони манй, вале ту аз они дигар.

Бо ёди ту шаб, руз ба фармони туам,
Аммо ту чаро барои фармони дигар?

Ва боз:
Имшаби ман боз бе огуши ту,
Андар огуши садокат мурд, мурд.
Ишки ман човид бимонад, то абад,
Мехри ту андар хиёнат мурд, мурд.

Менависам бар китоби чашми ту.
Бо каламхои нигохи гарми хеш.
Бех зи чонам дусттар дорам туро,
Мефишонам пеши поят калби реш.

Орзу

Бимон, то дар баногушат, билагзад чашму лабхоям,
Ки то чашмони пурмехрат ба чашмам мехрхо пошад.
Бимон то дастхои ман, бигечад дар ду китфонат,
Ки то донам, ки дар калбат ачоиб оламе бошад.

Бимон, то дар камарбандат, бупечад халка дасти ман,
Ки то пайхас кунам, ки дуриро аз ман намехохй.
Бимон, то ки лабони ман, зи лаълат накшхо чуянд,
Ки то донам, ки аз ман, ту сабуриро намехохй.

7 апр. 2008 г.

Дарди танхои


Намехохам ба пойи ман биафтй, зори бинмои.
Намехохам зи бахри ман, ба калбат дард афзои.

Хар он чй буду хам бигзашт, умеду ноумедихо,
Ва танхо ёд мемонад дар ин дунёи овои.

Агар аз хамдигар дурем, биё бо боли ёди худ,
Кушоем аз гами хичрон, пару боли ахурои.

Биё, дар ёд лоаккал, бибусам кунчи лабхоят,
Агар дар асл огушат, барои ман набикшои.

Зихи, хичрони беанчом, аз ишки ту насибам шуд,
Чй хуш бо ёди ту будан, ба дарду бесару пои.

Чу теги бевафогият дарида барзахи дилро,
Ба хар як катраи хунам, бишуй ин чашми харчои.

Рахо кун аз худам худро, зи аклам берунам месоз.
Ки то нашносам аз имруз, ифои кори фардои.

Бароят чун гуле руйида будам, пас аз ин чоно,
Намеруям, намегуям, дигар ин дарди танхои.

Дурдонаи ашк

Гиристй, хай ачаб, дар пеши пойи ночавонмарде,
Ки у кадрат ба пушти пойи худ донад, худо бо у.
Гиристй, з-он ки бахтат вожгун омад ба даргохат,
Гиристй з-он ки мешй ту, хамин рузат чудо бо у.

Агар дурдонаи ашкат, ба руйи дасти ман мерехт,
Даруни сафхаи Куръон, варо ман чой медодам.
Ба сандуки дилам бо мехр, аз ин хорию зорият,
Ва ё ки дар cуруру мотамам барпой медодам.

Агар дурдонаи ашкат, ба руйи дасти ман мерехт,
Даруни сандуки мероси модар бо тамоми мехр.
Панах медодамат то ин чихози ишки поки ту,
Миёни сарчихози модарам бошад чу фолу сехр.

Замоне хамчунин ашкам, заминбусй ба поят кард,
Ба чуз бар руйи кафшонат, накард эхсос ботинат.
Ханузам ман бирезам ашки нокомй ба коми ту,
Ба пою рую чашму синаву хам муйи парвинат.

Агар дурдонаи ашкат, ба руйи синаам мерехт,
Вузу мекардам аз оби ду чашми пурхумори ту.
Намози ишк мехондам, ба мехробу дари хичрон,
Ки чун ман донадат кадрат, хамин ноахл ёри ту.

Хисоби бусахоят дар чузвдони ман

Ин чузвдони ман, ки ба дастам хамеша хаст,
Пур аз хисоби зиндагиям тули умри хеш.
Хам аз хисоби бусаву заркокулони ёр,
Хам аз хиёнати ёру, хам аз у лутфи беш.

Ин чузвдони ман, ки ба дастам хамеша хаст,
Пур аз хисоби хамрахии хамшабии мост.
Хам рузхои зи хам дурии ёри азизи ман,
Хамсина синаву хам аз он лаб-лабии мост.

Ман холи лабат бо лаби худ мешумурдамаш,
Пайхас накардаи, ки лабам калкулатор аст.
Ман аз харорати синаи ту чун дарачафахм,
Санчидаам, ки сабташ даруни чузвдонам хаст.

Ин чузвдони ман, ки ба дастам хамеша хаст,
Пур аз сафои гармии огуши ту пур аст.
Аз даст ниходанаш харгиз нахохамаш,

Бо ёди хамогушии ту пур аз дур аст.

Чанозаи ишк

Хар дуи мо бевафой карда будем як замон,
Чун бахори ишки мо махбус шуд дар кибру рашк.
З-он бахори сабзи мо бигзашт чандин тирамах,
Хамчу абре бесадо резад зи чашмам ашк, ашк.

Эй биё, то дар кафан печидани мо вакт хаст,
Эй биё, ки то бихонем мо дуои ишкро.
У дубора зинда гашта, аз чаноза шуд бурун,
Бишнав аз нав хам навову хам садои ишкро.

Эй ту мечидй тахи абруву барги гул зи ноз,
Ман зи хасратхои даштак лола мечидам ба суз.
Аз гами беоташи бо синаи гармат чунон,
Аз сари нав дар дили ман оташи гамро фуруз.

Ман зи бедарди нахохам мурд, бишнав дарди ман,
Эй ту дардам, ранги зардам, оххои сарди ман.
Гар бимирам бо гами ту, дар бари ту, бок нест.

Эй ту дардам, ранги зардам, оххои сарди ман!!!

Дарег

Агар аз лаъли лабхоят ситонам бусаи гарме,
Хамон дам чони ширин, маргро ман орзу дорам.
Бипушам чашм аз дунё, даруни пилки чашмонам,
Хамон дам руи зебоят ба чашмам ру ба ру дорам.

Чунон лабташна будам, хай давидам суи чохи об,
Ба аксаш руйи ту дидам, нахурдам об, гаштам сер.
Хамон чашмони обият аташ бурданд аз калбам,
Гиристам з-он ки аз кисмат бизода модари ман дер.

Дарего, ман зи кисмат сонитар донистамат, чонам.
Ки дасти ман хамеша кутах аст чун муйи киргунат.
Туро ман хоста, нодида мемирам ба шабхоям,

Кай охир нуш мебахши аз он лабхои гулгунат?

У кист?

У намедонад, ки рузе ишки ман,
У намедонад, ки рузи ин дилам.
Мемирад аз ишки уву дарди у.
Дар саропопардаи магзи гилам.

У намедонад, ки рузе мохтоб,
Офтобро пушти абре мекушад.
У намедонад, ки бевафогихои у,
Ишку завкам чун ба кабре мекушад.

У намедонад, ки калбаш суи ман,
Дар намозу дар ниёз аст, эй вой.
У намедонад, ки чабру зулме на ба ман,
Балки худро касри зулмат карда чой.

У намедонад, ки худ хам ошик аст,
Дар дилаш шуру хаво пар мезанад.
У намедонад, ки кунчи синааш,
Кудаки ишкам ба нохун меканад.

У намедонад, ки кадри ишк чист,
У намедонад, ки бахои зиндагй.
Чанд дирхам андарин бозори умр,

Чанд мушти зар бакои зиндагй.

Эй хуш он шаб...

Эй хуш он шаб бо ту бошам, лаб ба ба чонам менихй.
Дасти нозишат ба чашми мехрабонам менихй.

Хар чиро, ки мужда гуянд, кухнаахбор асту бас,
Чуз кадамхоят, ки суи ошёнам менихй.

Баъди як шаб бо ту будан, розиям эй нозанин,
Дасти озорат ба чону хонумонам менихй.

Ман бихиштосо шавам он лахза чун, бар руйи дил
Пой бар ин синаи пур ормону остонам менихй.

Эй гуландоми гулогушам биё!

Дар сари болини танхои шабам
Сар бимону синаам огуш кун.
Бодаи гамро зи лаъли иштиёк,
Бо саропо бусахоят нуш кун.
Эй гуландоми гулогушам биё!

Бар мачаллоту чаридоти туям,
Мешавам обунаи ошики гош.
Хай ачаб ахбори дардамро яке,
Кош мехондию хондй кош, кош
Эй гуландоми гулогушам биё!

Боми мижгонам бирезад ашки тар,
Барфу борони гами садсоларо,
Хамчу синчакхонаи момои ман,
Сакфи он чаккад чу руйи хонаро
Эй гуландоми гулогушам биё!

Пойи ту такдир баста хай ачаб,
Хамчу зиндонй сари завлонае,
Пойи ман хам гутавар дар лойи хачр
То ки бошем дур аз хам хонае.
Эй гуландоми гулогушам биё!

Чашм бархам мезанам аз нури шед,
То ки айнак аз гамам бишкастааст.
Мисли муйи кутахи бибридаат,
Дасти ман бар суйи ту хам кутах аст.

Эй гуландоми гулогушам биё!

Чу мехроби дилам будй

Байни ишки ману марзи Илох аст.
Ту набишкан, ки варо сахт гунох аст.

Агар аз ман ту безорй, чаро шоён намегуй?
В-агар беморй аз ишкам, чаро дармон намечуй.

Гунахолуда будам ман, дар ин гили савобу сабр,
Чунон абри бахороне, сару руям хамешуй

Ва имшаб дар тавофи бистару болини танхои-м
Чу мехроби дилам будй, ба дуо бар дигар суй.

Шикастй шишаи сабрам, ба як санги чафои хеш,
Чаро рохам хато карда, рахи дигар хамепуй?

Ту медонй, ки умри ман, ба ишкат сахт побанд аст,

В-агарна мемирам рузе, зи дарди дил ба доруй.

Ту кадри ман намедонй

Ту кадри ман хамон як лахза медонй,
Ки руйи кабри ман гулдастае монй.
Ту кадри ман хамон як лахза медонй,
Зи санги хоки ман гар байтаке хонй.
Валекин,
Ту кадри ман ба хоки куча донистй!

Ба мижгонам губоролуда кардам ман.
Кафи поят, сару руят ба хар анфос.
Туро ман руйи ахтархо нишондам чун,
Ба хар байтам зи ту гуфтам ба ому хос.
Валекин,
Ту кадри ман ба хоки куча донистй!

Задам фарёд, омад пеши ман дунё,
Ки у хам зору нолон гиряхо мекард.
Ба ишки синасузам сухтанхо гуфт,
Зи бахти вожгунам бар худо мекард.
Валекин,
Ту кадри ман ба хоки куча донистй!

Дар ин дунё гуломи як нигохат ман,
Гуломи як хамогушии гармат ман.
Ачал дар пеши дарди ман бимурд аз шарм,
Ки якумр аз ту мешад чашми ман рушан.
Валекин,
Ту кадри ман ба хоки куча донистй!

ш.Душанбе.

Ман заминам, осмони ман туи!

Имшаб зи ситораву мах холист осмон,
Барки чашмони ту дар дили ман чашмак хамезананд.
Бо бусахои гарми ту, ки руйи шунихои ман,
Аз кунчи дилам мухаббатпора мекананд.
Имшаб ситораи манй, гуландоми гулбадан.

Эй осмони дилам, бар заминат як назар намо,
Дасти дуои дилам суйи ту хамеша во,
Эй гулбаданам, ман замини ту, замини ту,
Бишкан фосилаи холии замину само.
Якумр нигораи манй, гуландоми гулбадан.

Дар реги хачри ту метапад мохии дилам,
Шафкат намо чашмаву дарёи умри ман,
Эй оби равони мусаффо зи сохилат бубар,
Ин мохии шайдои шайдоии умри ман.
Дарёи садпораи манй, гуландоми гулбадан.

Эй гулбадан, хораки кисмат насиби мост,
Вах, дер шудаст, ошикии мову ту.
На, на, хануз фурсат аст, бингар, ки зиндаем,
Хатто ба вакти мурданам мекунамат орзу.

Эй бешумораи манй, гуландоми гулбадан!

Бехтарин хадя

Ба чашни зодрузам хадяе хохй ба табрикот,
Бинех лабхои гарматро ба лабхоям, ки сардастанд.
Зару зевар, тамоми хастии олам бубахшй, лек,
Зи чоми бусаи гармат тамоми узви ман мастанд.

Бароям хадяи арзанда хохй чони чононам,
Бигу «ман дустат дорам» ва бахрам ин кифоят аст.
Бигуйи «зинда хастам бо нафасхои хазини ту»
Тамоми умр аз ту зиндагиям бешикоят аст.

Ба чашни зодрузам хандаатро хадя бинмой,
Биё чоно, биё чоно, ки бе ту пайкарам гамнок.
Зи хурсандй бирезам ашки нокоми ба коми ту,
Сиришкам то бишуяд хасрати норафтаи дар хок.

Тамоми пайкаратро мефишорам бо гаму андух,
Ва шояд аз суруру шодмонй буса хохам кард.
Вале аз хоб мехезам ва хоб аст ин ки мегирям,

Лабонам сарду чашмам ашкборону дилам пурдард.

Огуши марг

Туро руйи дар ашкам шинонадам эй гули ман,
Ки то бо завраки дардам шино созй.
Чахон бинию аз он лутфу нозу шевахоят,
Диламро як даме холй зи гам созй.

Намедонй, ки хуручи сактаи дил,
Маро рузе аз ин дунё барад, андеша хурдй?
Ту эй мори дилам, бо захри ширин,
Задй бар ман валекин хеш мурдй.

Бале, ин калби пурдардам намирад,
Пас аз маргам ба чоям зист дорад.
Ба хар чо хоки поят монда он чо,
Хазорон ашк резад, сачда орад.

Хамон як алвидоъи гуфтаи ту,
Ба фикрам марги ишки мо набошад.
Биё харду бихонем як чаноза,
Ки то баъди мурданаш зери по набошад.

Биё хар ду сари кабраш нишинем.
Бирезем ашкхои хасрату дард.
Биё огуш бикшоем аз нав,

Бубин кисмат барои мо чихо кард.

Бори гам

Дилбари гамфуруши ман, гам, ки матои моли туст,
Чону дилам хурад гамат, ман нахурам кй мехарад?

Бурдай сабри чону дил, дар багали бихиштият,
Бори гамат ба дузахам, ман набарам кй мебарад?

Печиши нози ту хамон, ба иффат асту пирахан,
Шарми туро ба бусаам, ман надарам кй медарад?

Пеши ту холй кардаам, шишаву ин дили фигор,
Хуни дилам чу бодае, гар нахурй, кй мехурад?

Гесу буридай чунон, васл буриданат чу ман,
Лек занй тагофуле, чун набурй кй мебурад?

Ин гули ишки ман, ки ту бар тахи по-т кардай,
Бо нами ашку хуни дил, напарварам, ки парварад?

Сухбати мо зи наздик ар, то лаби ту чй рохи дур?!
То ки чунон пули сирот, ман нашавам кй бигзарад?

Аз бари як шаби висол, дар багали тамузият,
Чон, ки ба каф кабобсон, хамчу мане кй оварад?

Мох ману ту осмон, пас ту чаро ниrобруй?
Дар тани чун хамирият, чойи манат ки бингарад?

Ба огуши гунохам медавидй...

Агар аз заркафас ту мерамидй, ин чахон розй.
Ба суйи ман чу мурге мепаридй, ин чахон розй.

Даме, ки кош аз банди савоби дурии огуш,
Ба огуши гунохам медавидй, ин чахон розй.

Зи лаъли бусагохи якдигар хангоми бусобус,
Нидои осмони мешунидй, ин чахон розй.

Чу кирми шабчароге андар огуши шаби торик,
Ба руйи бистари ман мехазидй, ин чахон розй.

Гар аз он бустони шарм, андар бустони шавк,
Дар огушам чу оху мечаридй, ин чахон розй.

Зи бозори канору бусаборон дар шаби ялдо,
Гунохи поки банда мехаридй, ин чахон розй.

Каламхо бусаиншо мешаванд имшаб зи дарси ишк,
Ту хам аз он сабакхо мешунидй, ин чахон розй.

Гар аз он гавхари бикрат бубахшй бахяву онгах,
Чу мавчи бахрхое медамидй, ин чахон розй.

Хама розй, ту хам розй, Худойи ишк хам розй,

Агар аз шахди васлам мечашидй, ин чахон розй
Маро аз ман гурезонед,
то дар худ напечам ман.
Аё вомондагони ишк!!!

Агар дар дил надорам оташи хасрат,
Ки чонон нозбардори каси дигар,
Паёме мерасонам з-ин висоли ёр бар даргохи Мухаббат,
ки хечам ман.

Сахаргохон чу мебинам,
Гули садбарг бо шабнам вузу созад.
Пас он бо теги нури офтоби гарм,
хамон шабнам,
Фазоро чустучу созад.

Ало эй ёри чун шабнам!
Ба ёди ту, ки умрам меравад кам-кам,
ки рузе ёди ту ин ришати дилро,
тачавоуз мекунад хайхот,
ба маргам ру ба ру созад.

Бихонй дар катиботи сари хокам:
«Дар ин дунё,
Ибодатгохи калби ман миёни абрувонат буд,
Fуломат будаму занчири пойи дил,
Камарбанди миёнат буд».
Чу холо зиндаам,
з-ин пас бигуям то хукуки гуфтане дорам,

Маро аз ман гурезонед,

Аё вомондагони ишк!!!
Будатро нобудй бахшида будам,
Замоне дар гувохи сабзаи нарм.
Чу обе дар миёни чуйборат,
Хазидам бори аввал аз сари шарм.

Зи хусни ширранги пайкари ту
Хичолат мекашид он мохи рушан,
Чу мо бар хам бипечидем он шаб,
Хавас омад миёни куху барзан.

Хамон шаб бори аввал нуш кардам,
Зи шахди ду лабу аз захри кисмат.
Хамон шаб бори аввал гуш кардам,
Садои булбулу аз хачри кисмат.

Туро он шаб бароям муфт бахшид,
Замину осмони лочувардй.
Ту падруди замони духтарй кун,

Чу нуше аз шароби васл кардй.

Дафтари чашм

Бимон то ашки поки ман,
Ба руйи синаи гармат,намози шом бугзорад.
Биё то кудаки рахгарди ишки ман,
Даруни мактаби пурнозу мехри ту,
Биё ки дар салуни бечулуси ту,
Зи гамхо гом бугзорад.

Дар ин лавхе, ки номи ту агар нест,
Ба сархатташ ичозат пурсад аз Яздон,
Мусаммо бо гаму дардаш,
Ва он гах ном бугзорад.

Дар ин кошонае, ки сокиту ях аст,
Ба боди гарм бо як шаст,
Хати пайгом бугзорад.

Худоё, харчй мегуям миёни мастиву нимхушёри аст,
Дар ин холе, ки харбу зарби мехру ишку дасти бевафогихост,
Бимон, ки килки мехри ман,
Ба руйи дафтари чашмат,
Нигохи вом бугзорад.

Бимон то ашки поки ман,
Ба руйи синаи гармат,

Намози субхи содик то гуруби шом бугзорад.
Ба хар чашне, ки пеш ояд,
Ва хар иде, ки дар пеш аст.
Ба истикбол хандему биболемаш, ки дар идем.
Кадахро пур намоем аз шароби чашни идона,
Баёзи гардани зебосанамхоро навозишхо,
Кунем аз шавки мастона.
Зи мастй харзахо гуйем,
Бихандемаш чу девона.
Ва хуб аст ин ки дар идем,
Вале…. хошо…..

Ба хар чашне, ки мавлуд аст, масрурем.
Ки холо зодсоли мост.
Ба хам гирд омада расман зиёфатхо биёройем,
Кабули тухфахоро бо таманнохо,
Ба хурсандй пазиройем.
Бихандему бираксему ба даври хон хамечархем,
Вале гофил аз оне, ки
Зи занчири хаёти мо якеаш бар замин афтод.
Ва пеши Хазрати Марг андаке, занчираемонанд,
Ба кадри як кадам мо пештар рафтем.

В-агар дар мубталои мушкили рузем…
Чу рузи сахт бигзашт,аз сари мо чун катори мурги пойизй.
Ва масрурем, ки растем,
Зи рузи сахту душворе, ки пеш омад,
Вале гофил аз оне, ки
Зи лаъли умри моён донаи себе
Ба коми кирми Марг афтод
Ба пеши панчаи марги фурударкаш
Ба кадри як кадам мо тезтар рафтем.

Ба хар як тик-тики сонияи умри чавонимон,
Ки мебояд расид имруз.
Ва шояд соати дигар яки моро
Ачал бемашварат, бе кол хохад бурд.
Ва шояд аз яки моро,
Даруни хонаи хокину торикаш

Ба истикбол хохад бурд.

Тифли ишкам

Ба суйи кудакистони ту тифли ишки ман имруз,
Кадам бинход, огушат кушову мехр бахшояш.

Зи ту огуш мехохад хамин як кудаки лоло,
Ба руяш бусае зан то бимирад сад таманнояш,

Ба руйи бистари покат чу мах шаббош хохад кард,
Зи атри синаат гардад, гулобин субхи фардояш.

Малоик дар хасад бошад, чарас чун занги тилфуни,
Чунон бар халкаи гушат расад лабхои минояш.

Зи лаззат гар бипуши чашму сар мони ба китфи у,
Биларзад хафт гунбад, аз тарокум то саропояш.

Аё оташбадан, мурдам зи сардихои хуршедам,
Танам розист, хатто нор бошад, садру маъвояш.

Биё то мард мирад, дар барат оинавор, эй зан,
Магар оина мемирад? Ту бишкан чун таманнояш.

Зи кунчи синаат кошонаам дех

Агар пахлуи худ чоям надодй,
Зи кунчи синаат кошонаам дех.
Ба руйи дасти ман, дастат намондй,
Зи шахди ду лабат паймонаам дех.

Насибам чун нашуд огуши гармат,
Тамоми умри ман сардасту хомуш.
Вучудам дар багал дорад балоро,
Накардй чун манеро андар огуш.

Садои мо чу тилфунист, аммо,
Дили мо гуфтугу дорад ба хар чо.
Чу мо аз хамдигар пинхон намоем,
Валекин калби моён ошкоро.

Мани дилсанг з-эхсоси мухаббат,
Чу нарми синаат гаштам мулоим.
Зи баъди шахди шаккаршоми васлат,
Хушу сармаст мегардам мудовим.

Бадар кардам зи ту пирохани шарм,
Чу худро рехтам дар колаби ту.
Худоё, хар ду сохил бо хам омад,

Лабонам дар карини ду лаби ту.

Ёри нобусидаи ман

Ёри нобусидаи ман чуш зан.
Санг бар оинаи хомуш зан.

Шармпирохан бадар кун аз танат,
Неши гармамро ба чойи нуш зан.

Бо малоик хамкадах будем мо,
Чун хуруфи бусаам бар гуш зан.

Андар ин ишкоргохи бистарам,
Шерро нокуштай? Харгуш зан.

Оби кавсар аз висоли шахди хеш,

Бар рухи тоби мани мадхуш зан.

Вопасин

Бар оина назар кун, ки он чо накши ман бинй
Хамон ангораам, ки бори охиронат дида будй,
Хамон як як чехраи мармуз,
Хамон чашмони махзунам.
Хамон табъи латифам, ки туро боре,
Бар огушам кашидам сахт,
Баногушат зи анфосам дар таваррумхои иксираш,
Ба он бекадрхои чамъи дилгираш,
Чунон ки маст мешуд, калби ту дар синаи гармат.
Хамоно маст мегаштам, ба гарки синаи нармат.

Ачаб оина ранге дошт.
Зи хусни ширранги ту.
Замоне пеши ойина истодй, дасти ман гирди миёнат буд.
Ману ту андаруни оинаи шаффоф нанмудем.
Набудй ту, набудам ман, даруни оина.
Бале,
Ту дар калбам хамон дам мунъакис будй,
Даруни калби ту ман.
Худоё, «бехтарин лахзаи умри ман» гуфта будй.

Кучо он, шавку мастона,
Кучо он ваъдаи дерин.
Варо ту андаруни кобхои хиси чахлат дафн кардй.
Ба пои дигаре хама лутфу фидоии калби покамро,
Чу тухми маккае ту пош додияш,
Паранде омоду ором дона чид.
Ту масти гармогуши ёри худ будй.
Надонистй, ки мурги рафта аз пешат,
Зи дарди ман ба сахро мурд.
Зи дарди донаи ман хурд.

Худоё ваъдахоят ёд меояд.
Дилам мегирад аз ин сардхои зиндагиям.
Кунун дар руйи бистар, бо сактаи калбам,
Ба чои ту ба пушти дар,
Хазрати Маргам бо хазорон нозу шевояш.
Ба суям даст бикшода, маро огуш мегирад.
Дигар харфе намегуям, дигар харгиз.

Худо хофиз, Худо хофиз!

Каъбаи дилам

Бусаро андар панохи муйхоят дарзанам.
Андар огушат шабонгах ошикона сар занам.

Мебарам ягмо даруни синаатро бо нигох,
Он даме, ки бусаро дар макдами бистар занам

Болини ту киблагохи ин дили девонаам,
Гарчи дурди бодаамро андари согар занам.

Чашм мемолам ба поят, то биёбам рушанй,
Хоки поятро чу сурма бар ду чашми тар занам.

Хочиён атрофи Каъба чун даванд бо эхром,
Ман барахна гирди ту таввофаи акбар занам.

Буса дорад санги асвад хочиёнро аз ду лаб,
Аз ду санги нарми покат бусахои тар занам.

Киштзори синаам буд чун биёбон то ба хол,
Бахри сабзиш з-имшабам ман остинро бар занам.

Биё имшаб ба мехмонии калбам

Нагирам гар миёнатро ба дастам,
Бигирад аз миёнам панчаи марг.
Бахоратро набуяд гар машомам,
Шавад зардинару ин сабз хам барг.

Агар огуши гарматро набахшй,
Хамогушам шавад хоки мазорам.
Наойи гар ба парвози дили ман,
Зимистон мешавад сабзи бахорам.

Чавониятро набахшй гар бароям.
Зи мухлат пештар ман пир гардам,
Надори хадяам як хандаатро,
Зи дунёи нагун дилгир гардам.

Биё имшаб ба мехмонии калбам,
Зи мурдан боз дорй чун манеро,
Бирубам хоки поятро ба мижгон,
Навозиш кун бимурда ин танеро.

Суханреза

Ман хамонам, ки ба ду буса карорат бурдам.
Ман хамонам, ки асал аз лабу лаълат хурдам.
Ман хамон, ки ба ту мехру вафое дода,
Ачабо зор забун бар рахи ман худ мурдам.
* * *
Cахаргохон ба ёд овар, ки чун ман нест, зори ту.
Дар ин дунёи дилсардй таманноям бахори ту.
Барои ту, барои ту ба дунё омадам шояд,
Ва вакти мурданам шояд, бимирам дар хумори ту.
* * *
Намедонй, ки рузе бо гаму хасрат,
Ба дил армони ишкат мемирам охир.
Чахон гар хандаборон аст, аммо ман,
Чудо аз туву аз дарди дил дилгир.
* * *
Агар аз ман равй гул бу надорад.
Тамоми хусн рангу ру надорад.
Агар ман ташнаам дар чор дарё,
Бидон, ки бе ту оби чу надорад.
* * *
Агар ман мохиям обам ту бошй.
Хама сузу табу тобам ту бошй.
Агар бедориям як умр аз дард,
Ба чон оромии хобам ту бошй.
* * *
Лабонам хандаро омухт аз мехри нигохи ту.
Ду чашмам дуст дорад зиндагиро дар панохи ту.
Зи ишкат дар тапиш аст ин дили пурдарду доги ман,
Гуландомам марав аз ман, ки мемирам ба рохи ту.
* * *
Кош абр шавам, бар сару руят резам.
Чун сабза шавам, аз таги поят хезам.
Хуршед шавам панча занам бар муят.

Бо ту хам чиз, бе ту вале ночизам.

Замоне

Занги дар садо доду, пушти дар ситодй ту,
Андарун шудй чонам, буса дар хамон додй.
Дар танам билагзида, шонахои нарми ту,
Чашми хохишдору лабхоят, огуши хеш бикшодй.

Илтимос кардам чун, дохили уток боши то,
Иштиёкат зиёдй кард, синаат ба душам шуд.
Ман инон зи сар додам, мурд шарми нопайдор,
Гармии нафасахоят, дар танини гушам шуд.

Осмон ба танг омад, барк хам ба чанг омад,
Аз лабони хар думон, аз забони хар думон.
Пирахан бадар кардам, пирахан хаво додй,
Чун хазидам аз бозу-т, ту хазидй бемайлон.

Андаруни паймона-т, пур пури шаробам шуд,
Аз худо ту нолидй, кош аз ту набигрезам.
Аз худо ту нолидй, то ки ман бо ту омезам,

Чун ба мавчи туфоне, дар танат биёвезам

Надонистй

Надонистй, надонистй гули ман.
Ба богам н-омадй эй булбули ман.
Дили ман метапад бо хамдилият.
Вагарна мемирад эй хамдили ман.

Агар дар руйи бистар бошй алъон,

Хамогушии мо бар ёд овар.
Шабат хуш бод бо ин дилрабой,
Гуландомам маро бар ёд овар.

Агар бар муйи ту дар руйи бистар,

Зи муштоки занад сад панча ёрат.
Агар дар банди рашкам сузадам ишк,
Бихохам аз Худо бахту барорат.

В-агар андар панохи муйхоят,

Билагзад бусалабхояш хамон дам,
Ман ин чо дар табу тоби хасад не,
Гиребон медарам, худсуз чун шамъ.

Навозиш карда будам дастхоят,

Чунон ки ёри ту бар каф фишорад.
Тани нозуки ту андар тани у,
Халоват мебарад, чонам барорад.

Нагу, ки рашк дорам, андарин хол,
Факат дар оташат сузон дили ман.
Чи хушбахтист аз анфоси гармат,
Кашидан як нафас эй хушгили ман.

Бирезам ашк бар ёдат, вале ту...

Дигар ашке надорам, ки тахи поят бирезам ман.
Дигар на он гулам чоно, чу пояндоз хезам ман.

Замоне рашк мебурдам, ба хар нозу итоби ту,
Дигар на он чавонам, ки ба рафторат ситезам ман.

Ба огуши ёри худ рафти, наё з-ин пас ба суйи ман,
Бирав он сутар аз ман, ки чу наштар-тег тезам ман.

Агар аз ту пинхон дорамат, ашки хазини худ,
Ба танхои нимашабхоям, чу шабнам ашк резам ман.

Агарчи ман гурезонам зи туву аз нигохи ту,
Бидон, ки рузи махшар хам ба ёди ту бихезам ман.

Агарчи бо ту харфе руйи лабхоям намеёрам,
Ба гуши калби худ доим, суханхоро ситезам ман.

Туро ман дуст медорам, туро эй бевафои ман,
Вале, з-ин пас сухан бар ту, нагуям ман, нарезам ман.

Дили ман сахт мехохад, зи ту мурдан, зи дасти ту,
Вале ту беачал кушти, бидунат ман чи чизам ман?

Бигу, як бор лоакалл, ки бе ман ту набитвони,
На чун хоре шуморам хешро, пас азизам ман.