15 окт. 2009 г.

Васли хуршед


Дасти хуршед аз миёнам баргирифт,

Дар ду чашмам дидаашро сахт дӯхт,
Синаам оғӯш карду ҳаббазо.
З-оташи оғӯши ман хуршед сӯхт.

Аз лабонам бӯса карду оҳ гуфт,
З-оташе, ки синаам бар ӯ бидод.
Нутфаи фардо зи ман бигрифту пас,
Дод гуфт ӯ бар ду гӯши карри бод.

Рӯйи бистар омадем ҳар ду ба ҳам,
Об гаштем аз фироқу дарди ишқ.
Дар баногӯшам лабаш лағзиду гуфт:
Ман надидам ҳамчунонат марди ишқ.

Рӯ ба рӯйи синаам сар монда ӯ,
Рӯйи бистар қиссаҳои хеш хонд.
Дар баёзи гарданам аз бӯсаҳош,
Ҳамчу мӯҳре изҳои бӯса монд.

Ман ба ҷойи он ки бишкуфам ба шавқ,
Андар оғӯшаш ба ҷӯшу нӯшу маст.
Чак-чаки борон зи чашмам рехт-рехт,
З-он ки бе ту офтобам сард аст.

15-ум рӯзи дуввуммоҳи фасли заррин, Хуҷанд, соати 15:48

9 окт. 2009 г.

Меҳроби абру


Ҳуруфи ишқро дар дафтари ғам,

Паси ҳам чида-чида зор гирям.
Намояд нақши руйи ёри саркаш,
Қаламро баҳри ҳадя месупорам.

Лаби амвочи дарё муйи ёрам,
Ду соҳил ду лаби хушкидаи ман.
Қатори пилтаҳои кокули у,
Ба саҳро хушаҳои чидаи ман.

Шаби маҳтоб дар пушти ситора,
Зи сақфи осмон суям назар кард.
Зи сина бурд себи сурхи дар лаъл,
Дар охир аз нигоҳи ман ҳазар кард.

Дилам хоҳад, ки то рузи қиёмат,
Бибусам гунаҳои нормонанд.
Бибусам аз лабони шаккаринат,
Ки то чун ошиқи зорам бидонанд.

Дилам хоҳад, ки ҳар гаҳ тарфи руят,
Кунам ханда чу хуршеди баҳорон.
Чу шабро васл гуянд, худ валекин,
Фироқи мову ту шабҳои борон.

Ба васлат васл гардам дар хаёлам,
Зи нахли умр уфтад шоху баргам.
Бичинй аз хазонам, ёди ман кун,
Бирез он гаҳ сиришке рузи маргам.

Дило! То дил бимонй қадри дил дон!
Ки у бо ёди ту андар сиришк аст.
Ба ёдат хун бигардонат ба соғар,
Ба ёдат гоҳ ҳушёру гаҳе маст.

Ба меҳробат намудам сачдаи чуфт,
Миёни абрувони моҳмонанд.
Зиҳй ошиқ бигирам ман мулаққаб,
Ки то ошиқу обидам бидонанд.

Ба танҳой ба ёдат зинда будан,
Ин аст то охири умри азизам.
Ба тоқи абруят дар сарчдаорй,
Надорам чуз ба ин, ки ҳеч чизам.

Хутути ишқро дар дафтари умр,
Паси ҳам чида-чида зор мирам.
Ба васли бевисоли бусаоғуш,
Зи худ бегонаву бемор мирам.

9 октябр. Хучанд, соати 14:40