28 авг. 2008 г.

Аз ин пас бусагохи мо хамин ашъори беунвон


Аз ишқат дер кардам, бахш тақсирам,
Зи ту ман дер мондам, бахш тадбирам.
Туву тақдири ту, зи ман чун пештар рафтаст,
Аз ин дам, вой дилгирам, ки бе ту зуд мемирам.

Худоиҳои ту бигзашт, андар муслимиҳоям,
Ба дайри куҳнаи бутвор тозидан.
Кунун, ки пир гаштам, пир гаштй, бин,
Гузашта он замони чилва бозидан.

Даруни мошине дидам, ки руят мистари ғам аст
Зи ғам ҳар байти ман ожанги руят гашт.
Ба руйи дафтари қалбам кашидй буталони кибр,
Кунун ин дафтари руят пур аз ашъори нонанвашт.

Садои ҳалқаи гушат, чу мобайл бусаҳо дорад,
Баногушат, ки ҳокй аз ғами ман ҳаст.
Замоне бусагоҳам буд ин душу бару гушат,
Чунон мегаштй ту низ аз сармастиҳоям маст.

Ачаб, девонавор имшаб даруни шеърҳои хеш,
Бупечидам ба даври зулфи афсунбори шабгунат.
Лабонам дар тавофи ғабғабат гаштанд, афсуне,
Бинушидам аз он лабҳои шаҳдомези гулгунат.

Рақам зад дар дилам ҳотиф, ки ҳаққо рафт аз оғуш,
Замони бусаборони ману ту, эй гулалвон,
Гулоғушам, гулистонам, ту гулборони гулпушам,
Аз ин пас бусагоҳи мо ҳамин ашъори беунвон.

Биё ҳар шаб, ба руйи бистари ашъори ғамолуд,
Ки ин чо аз ду чашми золимони даври мо дур аст.
Ба ҳам печем беминнат, ниҳон аз чашми ин дунё,
Ки руйи бистари шеърам, пур аз шавқу пур аз шур аст.

Биё, бигрез андар ёдҳоят то ба кайвони хаёли ман,
Бубин, дартоз ман ҳам суят медавам, бо шавқ.
Ба зери по хазони фасли пойиз аст пояндоз,
Ба сони барг меуфтам ба руйи синаат бо завқ.

Хазони умри ман мебин, хазони ишқи мо ин нест,
Ба зери по, ки хиси шабнами гулҳои падрудист.
Худоиҳои худро бин бо такрор андар синаи гармам,
Ки дунё, ин замон аз мост, аммо доми нобудист.

Қадам бардор имшаб то ба суйи ёдҳои ман,
Кушода бин ду бозуям барои нармоғушат.
Гузашта гарчй солу моҳи пурдарду пур аз дурй,

Накардам ман фаромушат, фаромушат, фаромушат.


Исфарамарз, 28.08.2008. соати 23:39

20 авг. 2008 г.

Ба руйи бистари андешахоям


Равам пинҳон даруни шеърҳоям
Ба кайвони баҳороғушу поят.
Бару душат кунам сад бусаи тар,
Надонад ину он ҳамсояҳоят.

Зи чашми ин фалак пинҳон занам ман,
Ба кунчи ду лабат муҳри лаби хеш,
Чунон, ки дар паноҳи муйҳоят,
Саҳар созам хумории шаби хеш.

Чунон бигзашт ин шаб бо ману ту,
Ба чуз маҳ шоҳиде нодида моро.
Ба чуз ин бистари атрогини ту,
Касе чуз бистарат нашнида моро.

Чунон андар фарози байтҳоям,
Билағжад панчаам дар ғабғаби ту.
Ба руйи бистари андешаҳоям,
Бихоб, эй нозанини шаббаринму.

Кашам оғуш андар шеърҳоям,
Булури синаҳои гарму нармат,
Чунон пинҳон бипечам бар тани ту,
Ки ҳатто лол монад ору шармат.

Лабони бусахоҳат сокиту ман,
Бидонам, ки қароре дар дилат нест.
Биё бар бистари шеъри тари ман,
Занам буса, ва он гаҳмушкилат нест.

Ачаб, чун муйи ту андар гиреҳам,
Ба доми муйбандат ман гирифтор.
Бимон, пинҳон бимонад ин шаби мо,

Даруни байтҳои зору бемор.

Хучанд. 21.08.2008. соати 10:43

13 авг. 2008 г.

Ниёише дар сари кабри Лайлй


«Харбузаро пурсиданд:
-Чаро ин қадар ширинй, шаҳди ту аз кучост?
Харбуза посух дод:
-Ширинии ман аз он хотир аст, ки зери замин шакарлабон хуфтаанд».


Эй шакарлаб!
Ашки ман боронаки хоки мазорат,
Ашки сурх,
Хунобаи дил,
Бори дарди Қайси асри бисту як.

Ар зи доманонат ба каф медошт Мачнуни чунун,
Ман зи дастам ҳаргизам
Намекардам раҳо домони ёрам,
В-ар зи шаҳди шаккаринлабҳои ту,
Нуш мекард Қайс,
Ман дар биёбони ҳачри ёр
Намесухтаме.
Як умр дар раҳи ёри гулоғуши хеш,
Дида намедухтаме.

Эй шакарлаб!
Дардҳоям ҳамчавори қабри Мачнун дафн кардам,
Руҳи Мачнун кард ово,
Дар ҳузури Қайси асри бисту як,
Гуфт:
«Эй агар медонистаме, ки баъди ман,
Қайси дигар боз ҳаст,
Баъди ман,
Боз дарду роз ҳаст,
Лайлиро он дам тачовуз кардаме,
То ки баъди ман ба даргоҳи муҳаббат,
Турфаи дарду гудозу ҳачру нокомй намонад,
Ё ки хатми ишқ мекардам,
Зинда бошй, Қайси асри бисту як!»

Эй шакарлаб, Лайлии имрузу дирузи муҳаббат,
Кош ту,
Қайсро мехондй,
Андар оғуши бистари гармат
Шояд ин ки дарди ишқ осон ҳамешуд,
Баъди ту.
Дарди ман шаҳватситонй нест, нест,
Дарди ман, дарди дили садҳо ҳазорон Қайси асри бисту як,
Дарди поки ишқи пок.

13.08.2008, Хучанд, соати 12:42

12 авг. 2008 г.

Иштибохи зебо

Чандест,
Дар гили андешаҳои худ ғарқам
Дар жарфони гил,
Нуҳуфта ростии ғалати сабзаи марге,
Ин иштибоҳи ман, ки рақам мезанам аз рузи марги хеш,
Ҳам замҳарир мекунадам ранги барги хеш.
Ин иштибоҳи ман,
Иштибоҳи зебои ман аст.

Дар интихоби ту, иштибоҳи ширин намудаме,
Зинда бодо ин иштибоҳ, ки бо ту кардам.
Он рузи гарми тамузи тобистон,
Дидори аввалини ману ту буд.
Он низ иштибоҳи ширини зиндагиям буд.
Агар ин иштибоҳ набудй
Як умр дар банди иштибоҳ мондаме.
Зинда бодо иштибоҳи ману тақдир.

Бусаи аввалини ману ту низ,
Иштибоҳи нотакрори лабҳо буд.
Рузҳо, ки мунтазири шомаш будем,
Интизори иштибоҳолудаи шабҳо буд.

Чй қадар зебо буд, он руз,
Чунон, ки аз зеби ту руз ҳам шарм медошт.
Шаб аз қиргунии сиёҳии муят,
Маҳ аз чилои руят
Он шаб низ иштибоҳ кард бар ман ту.
Аммо иштибоҳи зебо буд.

Шукри он иштибоҳ, ки дар сандуқи дилам,
Хизонаи хотироти ширин аст,
Агар он иштибоҳ набудй,
Синаам холй чун сандуқи момо буд.


13.08.2008. Хучанд, соати 11:43