2 авг. 2011 г.

Биҳишти бадтар аз дӯзах


Шикастӣ, пора кардӣ, зарбулӯри синаи гармам.
Нишондӣ ашки шабнамро ба рӯйи барги гулҳоям.
Худоё, гар чӣ дар авҷам, валекин боз дар хилват,
Зи анбӯҳи ғами ёрони худ, танҳои танҳоям.

Замоне сар ба рӯйи синаам мондӣ, гумонам, ки,
Ҳама зебоиҳои рӯйи дунё андаруни синаи ман буд.
Замоне ламси лабҳоят ба лабҳоям, ки олуданд,
Ва гӯё осмон ҳам дилбари деринаи ман буд.

Чӣ сода марди хушбахте, хиёлам ин манам танҳо,
Дар ин афсонапардозӣ, дар ин найрангу ғаммозӣ.
Дар ин гардандаи гардон, дар ин сарсонию печон
Диламро ҳамчу оби рӯд бурдӣ андарин бозӣ.

Кунун чун зоҳиди нопок пешам тавба меорӣ,
Худо будам агар, дар ин замони бешиву камҳо.
Накарда авф, аммо ҷойи ту фирдавс мегуфтам,
Гунаҳкоре биҳиштӣ аст, мегуфтанд одамҳо.

Сазои ин гуноҳатро ба виждонат сипурдам ман,
Агарчӣ дар биҳиштӣ, лек медонам зи тарҷумон.
Зи дӯзах бештар месӯхтӣ дар оташи виждон,
Надонӣ ҳам, бидон, ки то бидонӣ дону ҳам нодон.

Дигар тармим натвон ин дили бишкастаи моро,
Ба хокистар мазан оташ намесӯзад, намесӯзад.
Ба ҳар ҷо мекунад таъмир сӯзан, ҳайф, ки аммо,
Сӯрохи як дубури носабурашро намедӯзад.

Дуоят мекунам ҳар лаҳзаву ҳар бор дар тоат,
Намехоҳам биафтӣ, хор поятро диҳад озор.
Ба ҳар ҷо бош, то бошӣ саломат лек дар виждон,
Биҳишти бадтар аз дӯзах насибат бод, ало эй ёр.

11 жиюли соли 2011, Хуҷанд

Дар рӯзи зодрӯзат


Ба ҷашни зодрӯзи ту,
Таманное чиро созам?
Худоро, ман ба чашми ту,
Ду чашмони Худо созам.

Чи созам ман таманнои,
Даруни хар нафасҳоям.
Мақоми зиндагии туст,
Ба қалбам, дар ҷарасҳоят.

Чи созам ман таманно, ки
Вуҷудам ёди ту дорад.
Ду чашмам бар ду рухсорат,
Муҳаббаташкҳоборад.

Чи хоҳиш мекунам ман ки
Даруни ҳар раги хунам,
Равон аст ишқу меҳри ту
Аз ин хотир ки маҷнунам.

Чи созам ман таманно ки
Бароят зиндаги созам,
Суруди зиндагиям ту,
Ҳама созам ҳама розам.

3.07.2011 соати 18-48 Чоркӯҳ соҳили дарё.

Куфру имони муҳаббат


Мӯйи ту дар қабзаи ман, ҷони ман дар қабзаи ту,
Имшаби бистону бистад, ҳеҷ гаҳ поён наёбад.

Чашми ман дар ғабғаби ту, чашми ту дар рӯйи кафшат,
Ин нигоҳи сеҳри муртад, ҳеҷ гаҳ сомон наёбад.

Маҳшаре дар синаи ман, ламси дастонат бимонда,
Ин агар дард аст бар ман, ҳеҷ гаҳ дармон наёбад.

Аз лабат ҷустам ҳуруфе то баёзи гардани ту,
Ёфтам мӯҳри муҳаббат, к-ин маҳорат ҷон наёбад.

Дар хами зулфи парешон, тавба кардам аз хиёнат,
Имшаби имону куфрам сидрати виҷдон наёбад.

23 морси соли 2011, Маскав

Зеботарин иштибоҳ


Ман имшаб дар паноҳи мӯйҳои ту панаҳ ҷустам.
Зи оғӯши афифу гарму мастурат гунаҳ ҷустам.
Ва ин зеботарини иштибоҳам буд!

Туро бо нозҳову иштибоҳотат бубахшидам.
Хато кардам, ки аз лабҳо-т доғи бӯсаҳо чидам.
Ва ин оғози умри пургуноҳам буд.

Хутути осмонро дар сукути синаи гармат,
Нишондам моҳро дар фарқи зулфи мушкини нармат.
Замоне бозуи нармат маро андар паноҳам буд.

21 морси соли 2011, Маскав

Маро бубахш ёсуман


(Гимни хиёнаткорон)

Ман имшабам, ки бармаҳал,
Дар оғӯши пур аз асал.
Хаёнатат намудаам,
Аҷал ба ман, аҷал, аҷал.

Маро бубахш ёсуман!
Маро бубахш ёсуман!

Субҳ туро шамида ман,
Ба боғи зиндагӣ равам.
Шом туро бидида ман,
Ба рахти хоб биғнабам.

Вале инак, ба ҷойи ту,
Шамидам атри мӯйи ӯ,
Ба боғи зиндагӣ равон,
Шудам ба завқи рӯйи ӯ.

Маро бубахш ёсуман!
Маро бубахш ёсуман!

Вале инак, ба ҷойи ту,
Зи шаҳди ду лабаш мудом.
Хумори бӯса бишканам,
Ба шавқу шӯр субҳу шом.

Маро бубахш ёсуман!
Маро бубахш ёсуман!

дуввум рӯзи аввалмоҳи гармофасли соли 2011, Хуҷанд

Сеҳри чашм


Надонистам, ки чашмам сеҳр дорад,
Надонистам, ки қалбам меҳр дорад.
Гумон кардам дурушту сахтҷонам,
Валекин табъи нозук қаҳр дорад.

Надонистам, ки гул аз ман дурушт аст.
Надонистам, ки гул бе хор набвад.
Сиришки чашми ман-нақдинам умр,
Бирафту дар ягон бозор набвад.

Гумон кардам, ки ҳусн аз ҳад фузунам,
Дар охир дидамам ҳуснам фузун нест.
Худо сеҳре ба чашми ман ниҳода,
На сеҳре он чӣ мегӯи чунон нест.

Ҳамон сеҳр аст, ки алфози қалбам,
Бурун ояд зи роҳи мардуми чашм.
Ҳазорон дилбарон гар толиби ман,
На бар ҳуснам, ки бал бар қулзуми чашм.

Агар ошиқсарои ринду мастам,
Агар дар шеър бӯсидам лаби ёр.
Гуноҳам нест, тақсиро, бубахшо,
Гуноҳи поки ман, ин чашми бедор.

Агар то шеъри ман мастур буд ишқ,
Дило, ман фош мегӯям ба роҳам
Гуноҳи чашми бедори ман аст ин,
Гуноҳам нест, ҳошо бегуноҳам

28-ум рӯзи моҳи мойи соли 2011, Исфара-Хуҷанд

Тасбеҳу шишаи май


Эй Шарқ!
Эй милодгоҳи Офтоб!
Эй миодгоҳи дилбарон!
Эй бӯсагоҳи аввалини ман!

Инак, зи дуриҳои дур,
З-оғӯши сарди барфрези Ғарб.
Андар нигоҳи нилии дӯшизагони лоаҷам,
Ман ёд мекунам
Он дидаҳои ҳавасолудаи пурбӯсахоҳи ёр,
Дар зери боғи нор,
Дар шав-шави дӯшидани бӯзҳои кӯҳият.

Дар кӯчаҳои сард,
Инак сукути пиразани масту лоғаре,
Дар даст шишае,
Ба решаи ақлаш зада мастона тешае,
Ғалтида,
Нимахоб дар гувдоли қади кӯчае,
Пасту ҳазин замзама дар лабони парсинбастааш,
Инак,
Ман ёд мекунам,
Ёди зани деҳотии тасбеҳбадасте,
Дар ҷонамози ишқ,
Бо дидаҳои чор,
Дар роҳи шавҳараш.

Шарқ, эй модари замин!
Эй модари азиз!
Эй кош, даруни соғари ин зани ниммаст тасбеҳат,
Мастона бирақсад,.
Аз мастии иффати покат занони Ғарб,
Махмуртар зи пештар шуда, дар пеши пойи ту,
Сад саҷда ҳамекард.

Олмон, Франкфурт на-Майне, 2 феброри соли 2011