Профиль Набиюлло Суннати Facebook

26 сент. 2008 г.

Чашми ман роз бигуяд ба лаҳад то ба абад


Шаби қадр асту ба бе қадрии худ месузам,
Андар оташкадаи дарди дили беморам.
Ба даҳан руза гирифтам, ҳама руз аз номат,
Дили ман рузахуре буд, ба номат ёрам.

Дили ман рузахуре буд, ки мехурд ғамат,
Кулчаи руйи ту ифтори лаби хони дигар.
Руйи саччодаи болини дигар, туву валек,
Ба дилам буд зи ту дарду ғаму хуни чигар.

Бари тасбеҳи дигар ҳар буғумат бигшуда,
Дари чаннат зи висолат бари ман мебандй.
То саҳар нолакунон хатм кунам, сураи ишқ,
Зи манат дур вале, бо дигаре пайвандй.

Синаат гарм шавад з-оташи шавқаш ба висол,
Синаам ғулғулаи марг кунад, з-ин шабҳо.
Руйи бистар, ки маро хори биёбоне ҳаст,
Бе ту танҳо, бе ту танҳо, тани танҳо, танҳо.

Шукри ин ғам, ки пур аст хони дилам аз дардат,
Агар ин нест, маро хуни дилам зардоб аст.
Сурхии руйи манат хуни дили абгорам,
В-агаре не, раги ман чуйи тари мурдоб аст.

Дили ман зинда аз он аст, ки дорад ғами ту,
Ба чунин маргии бемаргии ишқободам.
Ба ту васлу ба худам ҳачр ҳаме хоҳонам,
Гарчй ғам кушт маро, бемаҳалии шодам.

Чашми ман роз бигуяд ба лаҳад то ба абад,
Чашми ту духта бар санги мазорам резад.
Чак-чаки абри намат аз дили пурдарду ғамат,
Ба кафи барги гули руйи кафам овезад.

Эй ачаб, қадри маро қадр накардй шаби қадр,
Ашкрезон сари қабрам ту бидонй қадрам.
То замон зинда будам, мисли ту шабҳои дароз,

Ашк бар болини ман менашикаст он сабрам.

27-умин рузи аввалмоҳи фасли пойиз, соли 2008, Хучанд. соати 24:09

3 комментария:

Анонимный комментирует...

Устоди азиз!
Ман яке аз хамон мутолиагарони хамешагии ашьори нобу хондании Шумо хастам. Вокеан дар ин шеьр, ки моломоли дард аст, гам хело хубу рушан тавзех дода шудааст, ки ин кор ё худ дурустараш ин махорат на аз дасти хама кас меояд.Бубинед , ба унвони мисол ин мисра:
Дили ман рузахуре буд, ки мехурд гамат,
Кулчаи руйи ту ифтори лаби хони дигар.

Устод, ман дар вокеь аз ин махорати хирфави ва хорикулодаи офаринишатон дар таачубам ва Шумо офарандаи хуби назму наср хастед, ки ман ба ин хасад мебарам.
Харчанд ки кадри Шумо дар шаби кадр кадр
накарда шуд, аммо устоди азиз Шумо хамеша дар дилу дидаи мо чой доред.Шахсе, ки бегаму аз гам нафрат дорда, ман фикр мекунам инсони кадрдону хуб нест.Чаро ки ана хамин гам аст, ки моро то андозае мо мекунад ва моро водор мекунад, ки бингарем, ки ки хастем.Ва Шуморо як гампарваре дарёфтам бас оли.

Назму насри Суннати оинаи искандарист,
Харфу охангаш ба дил огуштаи сабки дарист.
Бо эхтиром шогирди Шумо!
Фирдавси Аъзам

Анонимный комментирует...

Дуст ва бародари хунпайванди ман Фирдас!
Маро бо ин гуфтори илтифотрези хеш мугрики бахри шармсорй мекунед. Хохиш мекунам....
Ба хар ойин аз лутфи Шумо шодам, ва бисёр мехохам, ки мову Шумо чун бародарони хунпайванд бокй монем, зеро то хануз шогирдам ва хануз ба маснади устодй нарасидаам. Аз ростй ман аз Шумо меомузам то ба хол. Пас Шумо низ хакки устодй доред барои банда.
Бо арч.

Анонимный комментирует...

Пузиш аз Фирдавси азиз.
Тасхех: Фирдас-хонда шавад Фирдавс!!!