31 июл. 2008 г.

Ёри бепадруди ман

Ёри бепадруди ман,
Падруд мегуйи маро?
Рузе, ки дунёро дардвора,
мардвора,
Ҳамзамон падруд мегуям.
Он гаҳе бар ту низ,
Салому дуруд мегуям.

Андаруни тобути яъсам,
Дар салуни мадфани хеш,
Аз ҳачри якумрй
Аз хоку синаи садчок
Достону суруд мегуям.

Ёри бепадруди ман,
Субҳи мо оғози чонафшониву дил,
Шоми мо-чашм пушидан зи ҳам.
Ботини мо сахт хоҳон аст ақалл соате,
Боз нушидан зи ҳам,
Боз боз,
Дар паноҳи торикиҳо дил хурушидан зи ҳам.

Ёри бепадруди ман!
Дасти мо чун панчаҳои кокули ғарбист,
ки кутаҳ аст.
Хоҳиши мо аз канори панчаи хуршед ҳам,
Бештар, дарозтар, бозтар.
Субҳи мо, анчоми мо,
Боз, боз, оғозтар, оғозтар.
Носалимиҳои мо,
Созтар.

Ёри нодидаву нобусидаи ман.
Аз гулистонат гуле ночидаи ман.
Маъзарат, ман нахоҳам гуфт падруд,
Пайваста нисорат саломи ман,
Ҳадди ақалл дар ёдҳоят каломи ман.
Дуруд, дуруд.

Эй, биё, ҳамчоя бо санги хоҳишҳои хеш,
Оинаи оинадори муҳитро бишканем.
Нахли хушки
Сабзазори хостанҳои моро,
Барканем.

Бар ту ман ҳам, бугзор, ки бепадруд монам.

Ёри бепадруди ман!!!

1.08.2008. Хучанд, соати 08:55

30 июл. 2008 г.

Дар бахри шарори хостанхо-т

Тайёраи чашми тезбинам,
Аз авчи фалак фуруд ояд,
Бар ғабғабу бар фурудгоҳат,
Бо сад саламу дуруд ояд.

Чуна панчаи хуршеди сафобахш,
Дасте бизанад миёна сина.
В-он гаҳ ба ду чашми пурхуморат,
Буса бизанад лаби камина.

Дар баҳри шарори хостанҳо-т,
Киштии муҳаббатам шавад ғарқ.
На, на, мадеҳй аз ин начотам,
Бигзор бимирам андарин ғарқ.

Ҳамчун раҳи оҳанини мижгон-т,
Сад бусаи ман шавад қатора.
То манзили синаҳои гармат,
Нармак биравад лабам ишора.

Эй, кош нагуфтаме ҳамин шеър,
К-аз байти ду абру-т сабақ шуд.
Эй кош ману ишқи туву ин шеър,
Пинҳон зи ду чашмони фалак шуд.

Шукро, ки ба рузномаи даҳр,
Аз бусаи мо ҳам интишор аст.
Чун ранги лабони нозуки ту,
Ҳар сафҳаи он пур аз шарор аст.


Хучанд. 30.07.2008. соати 15:16

24 июл. 2008 г.

Аз сиёсат бар мухаббат

Бишкаст сиёсатқалам, вой нагуфтам.
Бишкаст сиёсатқадамам, роз нуҳуфтам.
Дардест маро дер,
Меҳрест маро дер.
Мекушаду боз зиндаам медорад.
Ваҳ шур, валлоҳ, ки омад ба дилам чузви қиёмат.
Ҳарчанд дилам сухт,
Бар он қалами саҳнаи найранг.
Бар он қадами рақс,
Рақсе, ки бидуни ҳангомаи оҳанг.

Инак дари ишқ мекунам боз,
То резам андар ин остона роз,
То оварамаш руйи ниёз.
Эй ишқ!
Эй муҳйии дилам!

Дар зулфи нигорам бубарам панаҳи дарди сиёсат,
То буса занам шурзанон аз завқи муҳаббат.
Лағжад лаби ман андар бару ру, зулфу лабу синаи нармаш,
Ғамҳои сиёсат бикунам сахт фаромуш.
Олам дигарам шуд.
Дар ҳавдачи розхонаи гармии оғуш.

Бо килки лабу дандон,
Боз мекунам тугмадари куртаи ёрам.
То сар бизанам ошиқу ошуфтаву бемор.
У бар сари ман панчазанон бо меҳр,
Мебинад, ки чй тур ман,
Ғами сиёсатбозиро дар кунчи хонаи у дафн мекунам.
Ишқ меварзам.
Буса мезанам аз пой то ба зулфи пурайшонаш,
Сурур мебахшам,
Ба қалби шикебову пушаймонаш.

Имшаби сиёсати ман мурд.
Андар оғуши гарму манхоҳи нигорам.
Ёдаш ба хайр бод!!!
Милоди дубораи олами ишқам,
Аз лаби ману ёрам ҳангоми бусаи мастона,
Чун кудаки лоло ба дунё омад.
Ин кудаки меҳру навозиш,
Умраш муборак бод!!!

Бишкаст сиёсатқалам, вой нагуфтам.
Бишкаст сиёсатқадамам, роз нуҳуфтам.

Таввофаи қудсонаи синаи гармаш,
Чашму лаби ман кард.
Унвони «ҳочии шаби бо ёр» муборак!!
Шустам гунаҳи хеш ба Замзами ашкаш.
Эҳроми сапеди баданаш боз намудам.
Муҳри лабу изи дандон .
Дар баёзи гардани қувони гуландом.
Мондам.
З-ин пас у аз ман аст.
З-ин пас,
Муҳри сиёсат зи дилам рондаву шармандаву иблис бишуд.
На бо сиёсатам,
Бал, бо муҳаббатам.

Ёдаш ба хайр бод,
Гуфтугуи салбу сиёсат.
Шобош, шобош,
Эй лутфу садоқат,
Эй нури муҳаббат.

Маҳ наззора бар абрбистари ману нигори ман,
Аз панчаи тиреза мекунад.
Аз танҳоияш шиква карда, пас,
Аз сиёсати офтоб мегуяд.
Бас, бас, тиреза мепушамаш,
То ҳарфи сиёсат ба руйи бистарам,
Дигар нарезад.
Бигзор з-ин хиси арақи бадани ману нигори ман,
Чун борони муҳаббат,
Бедареғ бирезад руйи бистарам.

Хуш бош ишқи ман,
Милоди дубораи ту муборак бодо!!!
24.07.2008. Хучанд. соати 19:05

10 июл. 2008 г.

Баъди ман ошиқ хоҳй шуд

Пас аз ман ҳар касе ояд ба пешат,
Бас сони абр ашки у марезон.
Касе бинҳод қалбаш пеши поят,
Навозиш кун, навозиш кун, маранчон.

Пас аз ман ҳар касеро дуст дорй,
Макун бозичааш, хоҳишам ин аст.
Чунон ки бозй кардй бо мани зор,
Ба у ҳам зиндагияш гар чунин аст.

Пас аз ман ҳар касе гиряд ба пешат,
Бидон, ки дар самимият чу ман не.
Туро гар дуст дорад қайсвора,
Бидон, ки ҳам чу ман бо чону тан не.

Касе бусад лабат, бар ёд овар,
Лабам бусида буд, поят замоне.
Ба мижгонам рабудам гарди поят,

Кунун, ки мебарй аз ман чаҳоне.

Хучанд. 10.08.2008. соати 23:20

9 июл. 2008 г.

Дуруд

«Саломе, ки маро ба нур пайвастй»
Ва з-он пас шишаи қалбам
Ба санги бевафогй-т бишкастй
Эй шонаҳои гармат замоне,
Миёни бозувонам паноҳ мебурданд,
Аз тамоми ғуссаи дунё.
Аз тамоми қиссаи руъё.
Боз аз хотиротам дуруд мегуям.
Дуруд эй шабоне, ки ману ту шаҳидаш кардем.
Ёдаш ба хайр.
Дуруде, ки ду чашмамро бар ду руд пайвастй.

Мешамидам атри муҳоят
Чун биҳишти нақд дар дастам.
Шаб омухт ранги сиёҳй аз зулфат,
Печидаги рузгор низ печ-печи кокулонат,
Моҳ низ дар ҳусн аз руят сабақ омухт.
Дуруд ин ҳусну чамоли бебаркаш.
Дуруд ба Оне, ки ба ту ин ҳусн бераҳмона бахшид.
Кунун, аммо…
Дуруде, ки ду чашмамро бар ду руд пайвастй.

Дуруд ба Оне, ки бераҳмона заҳри ишқи ту дода ба комам,
Сиккаи девонагият зада бар номам.
Ба чойи шаҳд рехта заҳр бар чомам.
Дуруд он шаби ҳамоғушиҳо.
Дуруд он шаби соғар ба соғар, лаб ба лаб.
Дуруд он шабе, ки қолаби худро,
Рехтам андаруни қоби меҳрогин.

Дуруде, ки ду чашмамро бар ду руд пайвастй.

10.08.2008. Хучанд. соати 05:48

2 июл. 2008 г.

Кош тилфуни баногуши ту бошам

Ман чй бошам баҳри ту?
Ман чй бошам?

Хуша мебусад замин,
Чун лаби ман пойи ту.
Абр омад дар сабақомузй ба пеши устоди чашми ман,
То биёмузад зи ман сад шеваи шевангарй,
Кош донй, дар хаёлам чист, чист?
Ҳадди ақал панчаи мижгони ман бошад,
Чоруби даргоҳи ту.
Эй намедонй, хаёлам риштабанди меҳри туст,
Чодуе дар қаҳри туст.

Ман чй бошам баҳри ту?
Ман чй бошам?

Кош тилфуни баногуши ту бошам.
Гоҳ дар дастат,
Гоҳ андар гармоғуши ту бошам.
Дар миёни синаат бошам ҳамоил рузҳо,
Шаб сари болини ту,
Бо садои занг бедорат насозам,
Дар сукуту лек пурчуши ту бошам.

«Гоҳи саршор аз муҳаббат»,
Буса гирам аз лабат.
Он даме, ки бар лаби нозуки ту гардам қарин,
Буса гирам бедареғ,
З-оразе, ки дар ҳузураш моҳу хуршед,
Аз хичолат абр бар руяш кашад.
Боз, боз.
Ширинии ду лаби ту ду лабам,
Боз бар суяш кашад.

Шаҳди лабҳоят чашам,
Сахт бар сина кашам.
Синаи гармат.
Бо ҳамоилҳои тилуфнбандиям аз гарданат,
Дар паноҳи муйҳоят,
Чашми нимпушидаатро бусаборон мекунам.
Гоҳи саршор аз назокат,

Ман чй бошам баҳри ту?
Ман чй бошам?
Кош, кош…


2.07.2008, соати 22.07, ш.Хучанд