Профиль Набиюлло Суннати Facebook

19 нояб. 2008 г.

Ман дигар меравам аз шахри шумо


Ман дигар меравам аз шаҳри шумо,
Руҳи бишкастаи худ васлкунон.
Ба билоде, ки маро ёре нест,
Ҳама он чо, ки чавонанд, чавон.

Ман дигар меравам аз шаҳри шумо,
Ташнаи бусаи тар, бо лаби хушк.
Чу кавири лаби шат ташнаи ишқ,
Зи танаффур суйи пурнакҳати мушк.

Ман дигар бознагардам ба дарат,
Ёри хушкардаву хушобу гилам.
Бистарат гарм нашуд, з-ин пас кун,
Ёде аз хунобаи гармоби дилам.

Ба лабидан, ба шабидан туву ман,
Домани иффати шаб бидридем.
Баъд аз он чашм ба субҳ бахшида,
То ба шоми дигаре хандидем.

Ва кунун сели сиришк аз раҳи мо,
Бубарад шодии мо, хотири мо.
Баъд аз он дод бизан бар сари куҳ,
Ки «ҳамин дард рабуд шоири мо».

Пайкарат печ хурад, чашм бипуш,
Ба баёзи баданат муҳри лабам.
Биниҳам, ғайб занам, боз равам,
Раҳи худ пеш гирам, рузу шабам.

Ман дигар меравам аз пеши ту ёр,
Ёри дерини дигар мунтазир аст.
Дар дигар шаҳр, ки бе бошпурт*,
Бе гадо, бе шаҳу ҳам бе вазир аст.

Ман дигар меравам аз шаҳри шумо,
Ки маро танг шуда чавлонгаҳ.
Баъди сад сол чу Қайси дигаре,
Боз оям, агар Лайлй бируяд он гаҳ.

*бошпурт – шиноснома (паспорт)-ро чунин ифода кардам. Бо маъзарат аз хонанда Н.С

18 новембари соли 2008. Хучанди азиз, ки ин замон ғарқи фасли хазонрез аст.

2 комментария:

Анонимный комментирует...

Набиюллохи азиз,ман хар руз аз он рузе ки шумо ин сайтатонро ба хонандагон пешкаш кардед мехонам. ба ман шеърхои шумо маъкул аст. Ба худо бештари вакт девона мешавам. Ин чи дардест, охир ин шеърро хонда девон шудан мумкин. Локин ба ман маъкул аст.
Мухлиси шумо Дилрабо

Набиюллоҳи Суннатй комментирует...

Дуруд Дилрабои азиз.
Ташаккур аз он ки аз ин рознигор ман дидан мекунед.
Намедонам, Шумо аз ин шеъри ман чи чизаке бахуд гирифтед. Мутмаинам, ки дар ойинаи ин сатрхо шояд дарди хеш дидед ва шояд чизи дигар.
Ба хар ойин зеботарин дард, зеботарин девонаги ин олами ишк аст, боки хама хеч.
Бо эхтиром Н.С