29 дек. 2009 г.

Дӯстдорӣ


Замоне дӯстат дорам намегӯям,
Агар рассоми кӯре бехудоёна,
Кашад акси садои резиши барге,
Ба сақфи шишаи хона.

Замоне пойи оби ҷӯй гар бишкаст,
Табиб ар мекунад бишкастабандияш.
Замоне дӯстат дорам намегӯям:
Агар пойи сиришки ман бубандияш.

Замоне дӯстат дорам намегӯям:
Малоикҳо дари майхонаро кӯбанд.
Худо гар авф созад иблисашро,
Агар чун аҳли дӯзах ҳолашон хубанд.

30 дисембари соли 2009, фасли офтоболудаи дай, Хуҷанд, соати 11:43


25 дек. 2009 г.

Наҷвое дар шаби ялдо


Зи дастам меҳрабонтар дастро ҳаргиз намеёбӣ.
Зи оғӯшам ҳалимтар мастро ҳаргиз намеёбӣ.
Агар моҳӣ ба қалбаш сад ҳавас аз шасти дил бошад,
Аё гулмоҳӣ, ҷуз ман шастро ҳаргиз намеёбӣ.

Агар дар зери по-т афтода садҳо ошиқон бошад.
Ба ҷуз ман мурда андар зонуи гармат намебинӣ.
Дили санг об шуд аз гиряҳои зори танҳоӣ,
Дигар ашкам ба рӯйи синаи нармат намебинӣ.

Агар баъди ту ман сад дилбареро ошно гардам,
Бибӯсам гар, ба оғӯшам бигирам гар ба сад ният.
Бидонӣ, ки ба гӯши ҳар яки эшон ба сад уммед,
Бигӯям аз туву аз бӯсаҳову меҳрабоният.

Агар баъдам ба сад оғӯш дар оғӯш мегардӣ,
Зи оғӯшам ҳалимтар мастро ҳаргиз намеёбӣ.
Агар дастобадаст олам бигардӣ бе манат, аммо,
Зи дастам меҳрабонтар дастро ҳаргиз намеёбӣ.

25 дисембари шаби ялдои соли 2009, Хуҷанд, соати 26:35

20 дек. 2009 г.

Агар донам, ки...


Агар донам, ки рӯзе мемирад ишқат,

Зи лабҳоят набояд бӯса мекардам.
Агар донам, ки султони дилат ман не,
Зи андӯҳам набояд қисса мекардам.

Ба ҳангоми саломат гарм бифшурдӣ,
Кафамро, лек қалбамро надонисти:
Мисоли мурғ пар-пар мезаду мемурд,
Вале инро ту фаҳмидан натонистӣ.

Агар донам, ки чашмат розҷӯям нест,
Нигоҳамро зи ту маҳбус мекардам.
Тамоми дафтари умрам ҳамин инак.
Саропо қиссаи афсӯс мекардам.

Валекин боз мебинам зи чашмонат,
Ки Иблис ларз-ларзон дарс мегирад.
Гаҳе найранги шайтон чун камӣ мекард,
Инак, аз барқи чашмат қарз мегирад.

Агар донам, ки дар ҳар таппиши қалбат,
Дигар кас ҳокимона зиндагӣ дорад.
Диламро пештар аз марг мекуштам,
Ки бигзор рӯйи хокам барг меборад.

22 новембари соли 2009, соати 12:46, Душанбешаҳр.

Туфон


Ман ба собуни хаёлам ҳар шабе,

Домани хуршед мешӯям мудом.
Ҷойи оби ҷуй ашки талхи ман,
Рӯйи козургоҳ мерезад зи ҷом.

Доруи Сино дили гилро шикофт,
Марҳаме шуд, захмро аз дил бибурд.
Лек Синогар нашуд ӯ баҳри худ,
Чун зи захми меъдааш уфтоду мурд.

Байтҳоям гар дилеро бар диле,
Ҳамчу гул дар шохаҳо пайванд хонд.
Лек оҷиз монд дар ин боғи дил,
Чун дили ман бо ту бе пайванд монд.

Дар шарори қалбҳои ошиқон,
Нав ба нав тӯфон, ки меборам ба шеър.
Қалби ту бар даст н-омад ин ки худ,
Рӯйи ҳоҷат боз меорам ба шеър.

Дасатнорас доманат хуршеди ман,
Ман чӣ сон ба ашк даршӯям варо.
Собуни фикрам нашуд суда валек,
Васфи ин дар байт мегӯям чаро?

Бо ҳама дору надору сӯхтан,
Доманатро сахт дорад шасти ман.
Рӯзи ҳашр аз қабр гар хезам бидон:
Пораи домони ту дар дасти ман!
25 новембари соли 2009, соати 10:42, шаҳри Душанбе

20 нояб. 2009 г.

Нӯшбоди талх


Чароғи утумубил синаи шабро дариду рафт,

Дарунаш ту будиву синаам бидридиву рафтӣ.
Саратро туи оина,
Ба сӯям чун нагардондӣ,
Мисоли чанбарак бар сӯйи ёри хеш,
Саратро хам намудӣ бо ҳавои мастию шӯрат,
Вале дастатат гиребони варо чун чанбарак медошт.
Маро эй кош, марги ман
Гиребонгир мешуд.
Ману ман мондаму нозири раҳ дар роҳ.
Ба ҳоли ман, чунон хандидиву рафтӣ.

Ва имшаб…
Шишаҳои бодапаймоӣ,
Ҳар қадар аз худ тиҳӣ гаштанд
Ман аз дарду ғами ту пур зи андӯҳу ғамат гаштам.
Ману шиша ба ҳам ҳамгардану ҳам лаб ба лаб то рӯз,
Туву ёрат ба ҳам ҷӯшиш шаб то рӯз.
Худоё, ин магар мастист?
Домонат зи дасти ман,
Чунон барчидиву рафтӣ.

Раҳат испед бодо! Гар сияҳрӯзам чу чашми шабгирои ту,
Хато кардам, ки мондам пораи дилро сари роҳат,
Аммо ин хато зебост!
Аммо ишқи ман дар синаи ман, зинда, бопарҷост!
Раҳат испед бодо!
Инак,
Ману ман мондаму нозири раҳ дар роҳ.
Ба ҳоли ман, чунон хандидиву рафтӣ
21-ум рӯзи охирмоҳи фасли пойизи соли 2009, шаҳри Душанбе, соати 12:32

Дуди ваҳшӣ


Ҳазорон қиссаҳо хондам, ҳазорон қиссаҳо гуфтам,
Валекин қиссаи худро зи байти чашми ту хондам.

Даруни бистари чашмат шабе нағнуда, аммо дил,
Чу кӯдак вақти лолоӣ сари гаҳвораат мондам.

Ту бепарво, ту бепарво зи ханҷарҳои мижгонам,
Ба пеши по-т хуни дил зи роҳи дида бифшондам.

Сигори лаб тараб сӯзад, дили ман нимашаб сӯзад,
Чу дуди ваҳшии фаҳшӣ даруни синаат мондам.

Чу ғунча парда бидридам, чу девона бирақсидам,
Ҳамаро ҷуз ба ёди ту зи кунҷи хонаам рондам.

Чароғак сӯхта дар роҳ, ба ҳам бархӯрд ду мошин,
Чу мошин баъди дилсӯзӣ, дили дигар набиншондам.

Мане як дил насибам шуд, ба яғмо бурдиаш, бераҳм!
Дилатро соҳибӣ кардан, худоё, ман набитвондам!

Бирав ҳар ҷо, ки мехоҳӣ, чу сайри дуди танбоку,
Валекин дар димоғи ман, ману атри лабат мондам.
19 новембари соли 2009, садршаҳри Душанбе, соати 19:30

13 нояб. 2009 г.

Худоии дигар


Замони Лоиқу Бозор биншастаст.
Замоне, гармии бозори Гулрухсор бишкастаст.
Лабони шеърҷӯшатро,
Бинеҳӣ бар лабони шеърхези ман.
Гузорӣ синаатро маст рӯйи синаҳои шеърбези ман.
Ай фаввораҳои байтҳои шеъррези ман!

Дар ин ҷамъе, ки нодиранд.
Барои чоплусӣ ташна мемиранд.
Ҳама диплумбадасту пиҷҷаки дарзмолхӯрда.
Ману ту нимаурён рӯйи бистарҳои барги хис.
Ба ҳам ойем.
Ба ранги сӯфиёни ҳизби Мавлоно,
Ба тан аз жандаҳои ишқ пӯшида,
Ба сони Шамс ҳамрозем.
Дар ин шеъри нагунсори мудерни сад паямбарсоз.
Худоии дигар созем.
Аё фаввораҳои байтҳои шеъррези ман!

Сигори дудхӯрда.
Зери по аз дуд мурда.
Биё, бардошта дар чашму лаб молем.
Ба ҳоли нимҷавонияш.
Тамоми нимашаб нолем.
Бар ӯ аз оташи ин синаҳои шеърбези хеш,
Шарар аз лаб барандозем.
Аланга дар миёни шому хуфтанҳои шеъри нав,
Мисоли бешаи сӯзандаи паҳнои Африқо,
Азони нав бигӯему ба сӯйи қиблаи бистар,
Ба шавқу шӯр дартозем.
Ҳазорон қолаби даҳ асрро дар рӯйи шеъри бистари гармам.
Шикаста, баркашида, мисли девона,
Биё, бо ҳам биёмезем!
Аё фаввораҳои байтҳои шеъррези ман!

Биё, танҳо зи бӯсу аз канору гармии оғӯш мегӯем.
Дар ин вақте, ки роҳу кӯҳу ГЭСу шахсият шеър аст.
Ҳайҳот!
Биё, аз мавҷи гесӯ, васли шаб, в-аз он лабони нӯш мегӯем.
Биё, тӯфони нав дар ишқу шеъру васл,
Бирезему зи пайки лаб ба лаб дар ҳам расиданҳо.
Ҳарири ёру нозаш шаб ба шаб аз ҳам кашиданҳо
Арақ аз тори мӯйи ёр рӯйи синаи гармам чакиданҳо.
Биё, дарҷӯш мегӯем.
Биё, бугзор дастат рӯйи санги синаҳои шеърбези ман.
Аё фаввораҳои байтҳои шеъррези ман!

14-уми новембари хазонрези соли 2009, Душанбешаҳр, соати 03:21-и субҳоғӯш

Девони бӯса


Агар шеъри лабонам бар лабонат,
Бисозам ҷамъ, шавад девони бӯса.
Ҳисоби бӯсаҳоям дар баногӯш-т,
Шавад як мустанад армону қисса.

Ба лабҳоям набиштам байти тоза,
Ба авроқи лабонат дер карда.
Вале имрӯз мебинам зи лабҳо-т,
Кадоме байтро таҳрир карда.

Ҷудоият маро дардест сӯзон,
Аҷаб ин дард ҳам ширину зебост.
Бирезам ашк аз абри ду чашмам,
Вале ин гиря ҳам баҳрам гуворост.

Даруни оташи ҳаҷрат дили худ,
Ба шавқу бо таманноҳо фикандам.
Бисӯзонам! Ки ширин сӯхтан аст,
Ду пойи дил бар ин оташ бубандам.

Миёни Кирдугору синаи ман,
Туӣ, эй риштаи ҷону тани ман.
Зи чашмат ҷилваи Ҳақро бидидам,
Надидӣ ту вале ин аз мани ман.

Вале ту сӯхтӣ дар байти лабҳо-т,
Қаламҳои лабони шеърборам,
Ба дасти дигаре таҳрир кардӣ,
Ду байти лаб, ки бурдӣ аз хуморам.
9-уми новембари пойизфасли шаҳри Душанбе, соли 2009, соати 22:46

3 нояб. 2009 г.

Байти олӣ


Дар оғӯшат бисӯзон оташи ман,

Ба шарте синаат оташ бидорад.
Магар дар синаат хоҳиши ҷонсӯз,
Бароям ҳар чӣ хоҳам, он чӣ дорад?

Ба тӯфони дилам худро биёмез,
Дар оғӯшам, ки имшаб раҳ бидодам.
Ба гесӯят бубанд аз пойи қалбам,
Ки гӯям: «Зери по-т ин дам фитодам».

Маро дар тоқи абрӯйи шаби моҳ,
Ба меҳру дардҳо оҳиста биншон.
Дили бедардро ҳаргиз нахоҳам,
Биё бо дард дар дар оғӯши ман, ҷон!

Саратро рӯйи китфам монда имшаб,
Зи ҷоми бӯсаат бо шаст гардон.
Фишонда атри гесӯят ба рӯям,
Маро ту маст мекун, маст гардон.

Ба қадри дард мебояд расидан,
Ки дарди ширини иш(қ) ҳар киро нест.
Дили пурдарди худ дар руйӣ бистар,
Бимон бар руйи қалбам, то маро нест.

Ба тӯфони дилам худро биёмез,
Ки ҷуз ту дигареро ман нахоҳам.
Ба гесӯят бубанд аз пойи қалбам,
Ки бигзор аз ғамат якумр коҳам.

Ту, эй, мехонӣ ин ғамномаи дил,
Қалам аз нӯги мижгонат гирифтам.
Туӣ, ту, шоири ин шеъри пурдард,
Ки зеро байти пистонат гирифтам.

2-уми новембари хазонаи соли 2009, Душанбешаҳр, соати 12:57

15 окт. 2009 г.

Васли хуршед


Дасти хуршед аз миёнам баргирифт,

Дар ду чашмам дидаашро сахт дӯхт,
Синаам оғӯш карду ҳаббазо.
З-оташи оғӯши ман хуршед сӯхт.

Аз лабонам бӯса карду оҳ гуфт,
З-оташе, ки синаам бар ӯ бидод.
Нутфаи фардо зи ман бигрифту пас,
Дод гуфт ӯ бар ду гӯши карри бод.

Рӯйи бистар омадем ҳар ду ба ҳам,
Об гаштем аз фироқу дарди ишқ.
Дар баногӯшам лабаш лағзиду гуфт:
Ман надидам ҳамчунонат марди ишқ.

Рӯ ба рӯйи синаам сар монда ӯ,
Рӯйи бистар қиссаҳои хеш хонд.
Дар баёзи гарданам аз бӯсаҳош,
Ҳамчу мӯҳре изҳои бӯса монд.

Ман ба ҷойи он ки бишкуфам ба шавқ,
Андар оғӯшаш ба ҷӯшу нӯшу маст.
Чак-чаки борон зи чашмам рехт-рехт,
З-он ки бе ту офтобам сард аст.

15-ум рӯзи дуввуммоҳи фасли заррин, Хуҷанд, соати 15:48

9 окт. 2009 г.

Меҳроби абру


Ҳуруфи ишқро дар дафтари ғам,

Паси ҳам чида-чида зор гирям.
Намояд нақши руйи ёри саркаш,
Қаламро баҳри ҳадя месупорам.

Лаби амвочи дарё муйи ёрам,
Ду соҳил ду лаби хушкидаи ман.
Қатори пилтаҳои кокули у,
Ба саҳро хушаҳои чидаи ман.

Шаби маҳтоб дар пушти ситора,
Зи сақфи осмон суям назар кард.
Зи сина бурд себи сурхи дар лаъл,
Дар охир аз нигоҳи ман ҳазар кард.

Дилам хоҳад, ки то рузи қиёмат,
Бибусам гунаҳои нормонанд.
Бибусам аз лабони шаккаринат,
Ки то чун ошиқи зорам бидонанд.

Дилам хоҳад, ки ҳар гаҳ тарфи руят,
Кунам ханда чу хуршеди баҳорон.
Чу шабро васл гуянд, худ валекин,
Фироқи мову ту шабҳои борон.

Ба васлат васл гардам дар хаёлам,
Зи нахли умр уфтад шоху баргам.
Бичинй аз хазонам, ёди ман кун,
Бирез он гаҳ сиришке рузи маргам.

Дило! То дил бимонй қадри дил дон!
Ки у бо ёди ту андар сиришк аст.
Ба ёдат хун бигардонат ба соғар,
Ба ёдат гоҳ ҳушёру гаҳе маст.

Ба меҳробат намудам сачдаи чуфт,
Миёни абрувони моҳмонанд.
Зиҳй ошиқ бигирам ман мулаққаб,
Ки то ошиқу обидам бидонанд.

Ба танҳой ба ёдат зинда будан,
Ин аст то охири умри азизам.
Ба тоқи абруят дар сарчдаорй,
Надорам чуз ба ин, ки ҳеч чизам.

Хутути ишқро дар дафтари умр,
Паси ҳам чида-чида зор мирам.
Ба васли бевисоли бусаоғуш,
Зи худ бегонаву бемор мирам.

9 октябр. Хучанд, соати 14:40

24 сент. 2009 г.

Фарёди шаби танҳоӣ


Чашми ман дар сақфи хона, хоб аз чашмам парид.
Дар дилам буғзе баҳона, ёр аз ман чун бурид.
Синаам ҳамчун биёбон, эй гули ночидаам,
Ёд аз ман кардй ё на, чун туро ёрат шамид?

Ҳалқа месозад миёнатро ба шавқ гар ёри ту,
Ёд овар, ҳалқаҳои муйи ту дар гарданам.
Гар бубахшй накҳате дар бистари у аз висол,
Ёд овар, дар чудоиҳо ба фурқат мурданам.

Хуб медонам замоне дар фарози шомҳо,
То нишемангоҳи суб(ҳ) шебу фарозе доштем.
Ҳарфҳои ошиқона чашм чашму лаб ба лаб,
Руйи бистар қисса кутоҳу дарозе доштем.

Хуб медонам, ки банди зулфи ту то поси руз,
Дар кафам буд, гуёи ин ду чаҳон андар кафам.
Инакам, дастам тиҳй бе зулфи ту, бе буданат,
Гуиё аз тангдастй, бенавой, мекафам.

Хуб медонам, лабонат дар лабам бишкуфта буд,
Аввалин гулғунчаҳои бусаву оғуши гарм.
Ёри ту ҳарчанд медонад, ки пеш аз у ба меҳр,
Ман рабудам поси шабҳо аз лабонат нуши гарм.

Оғозфасли пойизи хазонрез. 24-уми септомбири соли 2009. Хучанд

23 сент. 2009 г.

Бе ту...


Чашми ман чун булури беруҳ аст,
Гар набинад зи сарви мавзунат.
Панчаам чун дарахти хушкида,
Чун нағутад ба муйи шабгунат.

Синаамро чун санг медонам,
В-ар набошад ба руйи он руят.
Чун биёбон ба тафсу хушкидаст,
То набинад равонии чуят.

То бидонй, ки таппиши қалбам,
Зикри номат ҳамекунад ҳар дам.
Лаҳзае гар бидуни номи ту.
Чун нафас кашам, дон ки ман мурдам.

Бистари ман муродифи тобут,
Бе шабиданҳои ту марг аст.
Чун ба фасли пойизи умрам,
Зери по чун ба зардии барг аст.

Бенигоҳи гарму синаи нармат,
Ин вучудам сарду сангин аст.
Бо ҳазорон нишоту масрурй,
Зиндагиям вале-к ғамгин аст.

Поийизфасли Хучанд, 23 септомбир, соати 14:35

8 сент. 2009 г.

Ман аз туам, ту аз манй


Бубин, ки руйи кафши ту,

Биборад ашки гарми ман.
Ҳазор бора гуядат,
Зи хоҳишу зи шарми ман.
Ман аз туам, ту аз манй.

Даруни наҳри синаат,
Шино кунад лабам мудом,
Ба ламсҳои дасти ман,
Танат шавад маҳину ром.
Ман аз туам, ту аз манй.

Мисоли соғарй, ки ман,
Чу ашкҳои шури хеш.
Туро чу нуш мекунам,
Даруни шеърҳои реш.
Ман аз туам, ту аз манй.

Даруни байтҳои худ,
Бупечамат чу кокулат.
Нависамат ба хуни хеш,
Ба руйи барги ҳар гулат:
Ман аз туам, ту аз манй.

8-уми септомбир, Хучандам, ки интизори иди Истиқлолият аст. соати 15:31

7 сент. 2009 г.

Дардномаи дардолуда


Бусаҳои ёр хушкид дар лабонам, бок нест,

Сабз гардад боз рузе бусаҳои дигаре.
Зиндагй бо созҳояш, сузҳое дар бағал,
Аз балое бигзарам, ояд балои дигаре.

Чашм то барҳам задам, умрам зи сй бигзаштааст,
Гарчй дидам лаззате як, даҳ азоб омад мудом.
Боз ман навмед не, навмед шайтон асту бас,
Роҳи хуршедам бипоям, рузҳо то пайки шом.

Синаат болини ман буд, ин ки ин дам бе ман аст,
Инакам, болини ёри дигарат шуд, бок нест.
Боз поён мешавад ин шоми беболиниям,
Чуз Худо дар ин чаҳон аз тухми Одам тоқ нест.

Тарк гуфтам бистареро бо ҳавои мастиям,
Бим не, зеро, ки донам, боз бинам бистаре.
Зеро по шуд, гар дили ман з-ишқи чонон, ҳаббазо,
Мешавад точи саре рузе зи суйи дигаре.

Хучанд, 7 септомбир, дар оғуши оғози фасли хазонрез, соати 14:05

5 авг. 2009 г.

Оғуши ойина


Аз он серам, ки се вақт аз са
боҳам,
Fамат хурдам ба руйи хони қисмат.
Даруни соғари тақдири умрам,
Чакондй ашки шурам бо маломат.

Дар оғуши дили ойина ин дам,
Бидидам дилбарамро лухту ларзон.
Тамоми ҳастияшро бе мамониъ,
Ба ойина фурушидаст арзон.

Ва нури офтоб чун дасти маҳбуб,
Даруни синаи фаввора ғутид.
Лаби рангинкамон ошуфтаворе,
Бинушиду хурушиду бичушид.

Даруни бистари гулғунчаи тар,
Чу ошиқмуғчаҳо бар ту бипечам.
Билағжам аз фарози байтҳоям,
Ба оғуши баҳоринат биғечам.

Аз он ки чашми ман бар қадди раъно-т,
Назар носер медӯзад мудомам.
Аз ин рӯ ҳабс кардам чашми худро,
Даруни панҷари мижгони шомам.

Биё то сер бинам, чеҳраи ту,
Ки то озод бошад чашми гирён.
Чу ойина ду чашмам нимашабҳо
Туро то бингарад дар лухту ларзон.

Гармофасли Хучанд, 5 августи соли 2009

13 июл. 2009 г.

Вақте нафасам…


Вақте нафасам сайри баногуши ту мекард,

Дастони пурошуби манат гирди ту печид.
Ту панча задй ба мую китфам бифушурдй,
Вақте лаби мо зи ҳам гули ёс ҳамечид.

Набзи дили ту синаи ман дарк намуда,
Бозуи танам таппиши қалбат чу бисанчид.
Андар дили тангам ба ҳама нозу шикебо-т,
Он лаҳза туву олами поки ту биғунчид.

Вақте лаби ту муҳри муҳаббат ба танам монд,
Қонуни муҳаббат ба дилам қоимақом аст.
Гарчанд замона ҳама озодиву орист,
З-он шом ба баъд ин дили ман бар ту ғулом аст.

Вақте лаби ман чу дасти хушкидаи деҳқон,
Шодоб шуд аз шаҳди анори тани гармат.
Сад ғута ба баҳри муят задаму бусаи бешарм,
Тадриси муҳаббат бигирифт аз сари шармат.

Илҳоми дубора дар оғуши Хучанд, 13-уми жюл, соли 2009, соати 18:48

26 июн. 2009 г.

Катибаи рӯйи барги гул


Якеро дуст медорам, вале у

Дигарро дуст медорад, ачаб нест.
Дигар ҳам дигареро мепарастад,
Ки фарқи мо ҳама чуз як вачаб нест.

Ту бар у мемириву ман бароят,
Аз ин пас дарди ту монои ман аст.
Китоби чашми ман ҳар лаҳза бинй,
Ки бешак он замон хонои ман аст.

Ба барги ғунчаи дар синаи чап,
Навиштам, ки туро ман дуст дорам.
Ва ин гулғунчаро дар зери поят,
Фишондам, то дар олам бошй ёрам.

Ба руйи сафҳаи нилгунии шаб,
Чу нақши бусаҳо истораҳо рехт.
Ба китфи маҳ чу ман истораи шаб.
Ба хоҳишҳои лабҳояш даровехт.

Бизад зону чу ман дар пеши пояш,
Фишонд ашкаш бар руйи кафши маҳтоб.
Миёни синааш гулҳои буса,
Шукуфта андарин шабҳои бехоб.

Якеро дуст медорам, вале у
Дигарро мепарастад, ҳамчу маъбуд.
Ки қонуни муҳаббат з-ибтидояш,
Чунин ҳасту чунин бошад, чунин буд.

Ба барги гул ба хуни дил навиштам,
Туро ман дуст дорам, булбули ман.
Вале гулро ба пеши пойи дигар,
Фишондй бо муҳаббат, чун дили ман.

27 жюни соли 2009, Хучанди зебоям, ки масти оғуши иди Ваҳдат аст. соати 11:24

18 июн. 2009 г.

Манзумаи дил


Розҳоро бишканондй бедареғ,

Андаруни синаҳои гармчуш.
Бусаҳоро рехтй бо майли том,
Дар лабони оташини пурхуруш.
Эй дилам, эй тифли оташбози ман!
Дар ғамам афгору ғурбатсози ман!

Дилбаре аз раҳ зада, дар қадди раҳ,
Андар оғушам намудй чойи у.
Бусаи гарме ба ман доду гирифт,
Ин дилам, ки гаштаас(т) маъвои у.
Эй дилам, эй тифли оташбози ман!
Дар ғамам афгору ғурбатсози ман!

Чун чароғи сурх андар ғабғабаш,
Изҳои бусаам рахшандаанд.
Дар баёзи гардану дар китфи у,
Рахнаҳои шарми ман тобандаанд.
Эй дилам, эй тифли оташбози ман!
Дар ғамам афгору ғурбатсози ман!

Шомҳо, ки субҳро ба теғи чашм,
Дар сари болин шаҳидаш кардаем.
Рузи дафнаш чойи мотам дар висол,
Ханда кардемаш, чу идаш кардаем.
Эй дилам, эй тифли оташбози ман!
Дар ғамам афгору ғурбатсози ман!

Дар гудози бистар аз шавқи висол,
Қолабамаро рехтам дар соғарат.
Баъди андак Суннатии дигаре,
Боз ояд, то биёяд боварат.
Эй дилам, эй тифли оташбози ман!
Дар ғамам афгору ғурбатсози ман!

Шоми зебои Хучанд, 18 жюни соли 2009, соати 20:39

17 июн. 2009 г.

Бигзор ҳаёти ман зи баъдам…


Ошуби дилам, бубахш имруз,

Аз рози дилам, ки дер гуфтам.
Бар чашми сиёҳи оҳувонат,
Ногуфта, вале, ки шеър гуфтам.

Дар чашми сиёҳи бемухотаб,
Бе ҳарф, вале хитоб кардам.
Ман зиндагиям кунун, ки алъон,
Бо ишқи ту чун китоб кардам.

Ин сактаи дил, ки руз ё шаб,
Монад зи тапиши бедирангаш.
Бо ғуссаву сад ҳазор гиря,
Чоям бидиҳад зи хоки тангаш.

Ман мераваму дилам, ки бо ту,
Монад ба ҳамешагӣ, ба танҳо.
З-ин ру, ки бидидаам зи чашмат,
Такрори ҳаёти хештанро.

Бигзор ҳаёти ман зи баъдам,
Дар синаи гарми ту бимонад.
Аз он чи надидаму надидам,
Бигзор чу шарми ту бимонад.

Танҳо ки шудӣ, бипурс в-он гаҳ,
Як бусаи гарми ман зи лабҳо-т.
В-он гаҳ, ки шудӣ бипурс фавран,
Оғуши манат ба тарфи шабҳо-т.

Ҳар гаҳ ки ба ғам бупечӣ, чоно,
Печидани ман ба ёд овар.
Дар синаву мую чашму лабҳо-т,
Чушидани ман ба ёд овар.

Хучанд, 17.06.2009, соати 21:47

16 июн. 2009 г.

Суроғи чашми ту дар чашма чустам


Ба марги офтоби зиндагонй,
Бигиряд абрҳои чашми мастам.
Ба ишқи рафтаи номурдаи ман,
Вафодорам, вафодорам, ки ҳастам.

Сарам дар остони пурчалолат,
Ба меҳру бо муҳаббат чун бимонам.
Зи гашти мурчаҳои остонат,
Нишони дустдориро бихонам.

Туро чуз ман ҳазорон ошиқон аст,
Вале чун ман гадоеро ба-д-ин роҳ.
Намебинй, намедонй, наёбй,
В-агар ёбй, надорад чун мане оҳ.

Нишони ғабғабат чустам зи хуршед,
Суроғи чашми ту дар чашма чустам.
Назокатҳои ту аз барги ҳар гул,
Бичустам, он чунон чун гул бирустам.

Ба ёди он шаби гулгуннисорат,
Бишуд гулгункафан умри чавонй.
Зи баъди бусаҳои умрбахшат,
Бикуштй ормони осмонй.

Туро чустам даруни хештан ҳам,
Ки сар то по ту будй, ман набудам.
Вале ман ку, дар ин ҳавлу дар ин қавл?
Даруну беруни ин тан набудам.

Мани гумкардахешат ин замон, ки,
Туро кобам, аё гумгаштапайдо!
Ки ҳар чй дидаам, руйи ту дидам,
Вале ман ку, дар ин ойинаи мо?

Гармофасли Хучанди азизам, 16-ми жюни соли 2009. соати 17:47

9 июн. 2009 г.

Хуршедаму боронаму сабзаи пои туам


Кош абр шавам бар сару руят резам.

Чун сабза шавам аз таги поят хезам.
Хуршед шавам, панча занам бар муят,
Бо ту ҳама чиз, бе ту вале ночизам.

Чун абри баҳор буса зи лабҳои тарат.
Чун сабза тамошои қаду душ барат,
Хуршедсифат миёни ду синаи ту,
Ғута бизанам, гарм кунам, болу парат.

Ин абри баҳор ашки саропои ман аст.
Чун сабза бе зери по абад чои ман аст
Хуршед чу ман тоқаву танҳо сузон,
Дар оташи худ сухта бар чои ман аст.

Ин абр чу ман сачда ба поят бикунад.
Ин сабза чу ман фақат дуоят бикунад.
Хуршед намози руз то бегоҳии шом,
Ҳар лаҳза савоби худ фидоят бикунад.

Чун абр дилам ба по-т бориданй шуд.
Андар қадамат чу сабза нолиданй шуд.
Аз сухтану бохта бигдохтанам,
Хуршеди дилам баро-т навдиданй шуд.

9-ум рузи аввалмоҳи гармофасли соли 2009, соати 14:56, Хучанд

28 мая 2009 г.

Ману чор девори хона


Панчаам дар муйҳоят чун сафина меҳролуда шино кард,
Дар баёзи гарданат чун бандари сидқу вафо истодаам.
Кокулат зарбоф кардам, накҳати муят шамидам,
Маст гаштй, ҳар замон, ки суйи ту оғушро бикшодаам

Аз ризо гоҳи зарурат панчаам андар паноҳи муйҳоят.
Бо баҳона гаҳ панаҳ мебурд, чун набзи туро санчидаам.
Аз ризо хомуш будй, то лабонат нақши лабҳоям шавад,
Ман чунин хоҳишро аз чашми гуёи сиёҳат хондаам.

Аз нафасҳоят чу гулҳои баҳорй баршамидам бедареғ,
Аз нафасҳоям кашидй, лаъли лабҳоям чашидй, осафо.
Дарди қалби ман надидй, рози чашмонам нахондй,
Ончунон рафтй, ҳама дороиям рафтанд, бо ту, пурчафо.

Охирмоҳи баҳори соли 2009, 28-ми мой, соати 08:56

27 мая 2009 г.

Ашки Иблис

Илҳом аз Артур Рембу, шоири Фаронса:

Дар бодаи сарди соғари хеш
Дидам, ки биҳишт рақс мекард.
Дар ҳошияааш ҳазор духтар,
Дидам, ки чу шишт, рақс мекард.

Дидам, ки дарахт панчаи хеш,
Бар суйи само кушода медошт.
Аз баҳри ману ғами дили ман,
Талбандаи чому бода медошт.

Дидам дами марг офтобам,
Шармандаи моҳу осмон шуд.
Дар лаҳзаи умри вопасинаш,
Бар дарди дилам, ки нигарон шуд.

Дидам ба сари зулфи нигорам,
Тақдири маро чу гул даровехт.
Бар соғари умри саркаши ман,
Пайваста зи ашки ман даромехт.

Бар соғари бечораи Иблис
Чуз ашк надорам, ки бирезам.
Ӯ васваса омаду валекин,
Бигрист, ба ҳоли ногурезам.

Иблис ба пеши поям имшаб,
Сад сачда намуду зор бигрист.
Аз соғари чашми бефуруғам,
Сад буса заду ба ёр бигрист.

Гуфт, ар ки бидонистамат он руз,
Милод ҳамешавй ту ошиқ
Пеши падарат ду сачда карда
Дар пеши Худо шудам мувофиқ.

Имшаб ману Иблис ба гиря,
Чашмони Худо ба руз бурдем.
Хуршеду ману баҳои Иблис,
Ҳар як ба ғами хеш бимурдем.

Хучанд, 27 мой, соли 2009

26 мая 2009 г.

Хоҳиш


Ҳар гаҳе дидорбиният равам,
Ё биёй аз барои диданам.
Ҳар салом аз чеҳраи хумморият,
Лаззате мебурд лабҳову танам.

Ин дилам хоҳад, ки овезам ба ту,
Дастагулҳои муҳаббатҳои хеш.
Лек мебинам, хазон асту хазон,
Боз мемонам ману овои хеш.

Боз мехоҳам бичуям аз лабат,
Нақшҳои рузҳои рафтаам.
Боз мехоҳам ба руйи синаат,
Ёд орам лаҳзаҳои хуфтаам.

Бо вучуди ин ки дастам доштй,
Дар раҳи меҳру вафову ошиқй.
Ту ҳануз гулғунчаи нашкуфтай,
Ман хазони сардфасли содиқй.

Он чи колоят ба бозори вафост,
Сад харидоре зи ман болотар аст.
Чони ширин, авфи ман кун, меравам,
Ғайри ман сад муштарии дигар аст.

Ман, ки аз фардо намудам чустучу,
Чун ҳамекобй ту аз дирузи ман.
Гарчй дирузам ба даст овардай,
Боз мемонй қафо з-имрузи ман.

Хучанд, 27 мойи соли 2009, соати 10:27

24 апр. 2009 г.

Моҳвораи хаёл

Ман, ки ба қатлгоҳи ғам,
Кудаки орзуи худ,
Ба ёди нозанин-нигор,
Ба зери дор мекашам.

Ба хайли мижгони дилам,
Ба чашму бусаҳои лаб,
Зи зери пойи ту, азиз,
Бубин, ки хор мекашам.

Ба нақши боғи деҳамон,
Ба ошёни хонаам,
Ба ранги хуни қалби хеш,
Гули баҳор мекашам.

Навори сабти хотира,
Зи гашти мо ба зери боғ,
Зи моҳвораи хаёл,
Чу тилвизор мекашам.

Зи рози мо ба зери боғ,
Сабақ гирифта булбулон,
Ба руйи дафтари дилам,
Хати хумор мекашам.

Зи баъди солиёни сол,
Ба зеҳни ман ту моликй,
Ки дарди интизорият,
Ба чашми чор мекашам.

Ману ту дарди ишқро,
Худойгона сохтем,
Вале чазои ишқро,
Мани низор мекашам.

Ману танҳоии чордевори хонаи бетонии Хучанд, 24 оврили соли 2009, соати 21:02

15 апр. 2009 г.

Ману ту ташнаи аз раҳ расида


Ману ту ташнаи аз раҳ расида,
Сари чоҳе зи ду роҳи муқобил.
Ба чашмам хира шав, к-аз чоҳи чашмам,
Ба поят рехт оби барзахи дил.

Ба касрат нуқрафоми ашки шабнам,
Даруни соғари чашмат бидидам.
Дарафтодем бо ҳам он замон, ки
Даруни хоҳиши қалбат шанидам.

Ману ту ташнаи аз раҳ расида,
Дарафтода ба ҳам дар нимаи роҳ.
Бинуш аз оби чашмонам, ки нушам,
Зи лабҳоят ба хоҳишу ба сад оҳ.

Биёвезам ба зулфонат дили хеш,
Бипечад ҳар ду дастам дар миёнат.
Ба ишқи поки ман имон биёвар,
Рабоям бо ду буса сад гумонат.

Савори киштии лаззат, ду буса,
Ба соҳилҳои лабҳомон шино кард.
Лаби мо баъди ғарқи буса гаштан,
Даруни синаҳо шуре бино кард.

Қиёмат андаруни синаҳомон,
Чу вулқоне намояд хоҳиши гарм.
Ману ту гирди ганчи ҳам хазидем,
Ба мисли морҳо дар бистари нарм.

Ману ту ташнаи аз раҳ расида,
Басе дарду ғами дунё кашида,
Басе васлу канору бусаи гарм,
Фақат дар ёдҳомон барчашида.

Баҳори тирамаҳолудаи Хучанд. 16 оврили соли 2009, соати 10:00

13 апр. 2009 г.

Сабақ


Ман гиристам, чунон зи дилгирй,
Абр тарки вазифааш бинмуд.
Соғари чашми ману шарми абр,
Дар лаби қисматам раҳе паймуд.

Аз ғамат чун шароб нушидам,
Шарм омад бе чеҳри руди Сир.
К-у хитобан ба ман бигуфто, ки,
Ин манам дарё, ё ту, эй дилгир?

Ҳар қадар ба худ бипечидам,
Мағз андар мағз меҳрат буд.
Гуиё чун коҳини аъзам,
Суи омун ба ишқ сеҳрат буд.

Он шабе зи хирвори тақдирам,
Бар кафам буд, вале на беш аз як.
Ҳамчу банди кокули зебо-т,
Баъди он шуд тира руз андак.

Дар суроғи ду чашми хушбинат,
Дидаҳоям дигар намебинанд.
Лолаҳои висол лабҳоям,
Аз лабони ту намечинанд.

Соҳили хомуши руди зебои Сир, Хучанд, 10 оврили соли 2009

7 апр. 2009 г.

Чорбаргаҳои айёми себарга


Чавонй меравад, дунболй у ишқ.
Дили ман мемирад, минволи у ишқ.
Надонй қадри ман, эй нозанинам,
Бигиряд абрсон бар ҳоли ту, ишқ.

Диламро бастаи бар кокулонат.
Бибурдй ақли ман бар хону монат.
Бимон, ки баъди ин яғмогариҳо-т,
Рабоям як ду буса аз лабонат.

Надидй абри боронро, ки безад.
Зи чашмаш гавҳару дар дил ситезад.
Ба ҳоли худ бигирям, з-он ки эй чон
Ба руйи кафши ту ашкам бирезад.

Ба шеърам не, ба ишқат шоирам ман.
Ба ҳар дарде, ки ояд собирам ман.
Агар аз ту буридан дину расм аст,
Ки валлоҳ аз чунин дин кофирам ман.

Хучанд, 7 оврили 2009, соати 23:55

2 апр. 2009 г.

Шеване баъд


Гулеро бар гуле печида дидам,
Яке пажмурдаву дигар, хазонй.
Ба руяш абри наврузй ҳамерехт,
Зи чашмаш ашкҳои арғувонй.

Чаро, оғози фасли навбаҳорон,
Гули уммед хушкида ба як бор?
Худоё, аз ғами аҳли муҳаббат,
Туро хушнудии том аст, ангор?

Ба руйи хоки гурам гул бубинй,
Бидон, ки решааш дар синаи ман.
Ба руйи барги гул шабнам ба ҳар субҳ,
Зи чашми дилбари деринаи ман.

Ба ҳангоме, ки будам пеши у лек,
Наёмад пеши ман бо дилрабой.
Кунун чун мурдаам ҳар субҳу ҳар шом,
Ҳамерезад сиришкаш аз чудой.

Хучанд, 2 оврили соли 2009. соати 14:14

30 мар. 2009 г.

Розҳои шабҳангом


Ин ки шабнам андаруни синаи барги гул аст,
Ҳай надонистй, ки фарзанди ду чашми тори ман.
Ашки шабнам, кудаки чашми ман аст,
Ин ҳама девонабоди гармсел,
Наҳзати хашми ман аст.
Бишнавед овои ман!
Войи ман, эй войи ман!

Мавчҳои куҳвори наҳрҳо,
Мактаби ашки маро бигзаштаанд.
Аз надомат, ваҳшиёни чангалй,
Пуштаҳоро пуштаанд.
Гиряам бо ханчари мижгони ман,
Шомҳоро дар ҳузури субҳҳоям куштаанд.

Барги гулҳо,
Дар ҳузури андалеби нолаам,
Ҳамдигарро чун тачовуз мекунанд.
Хотирам ин дам тачовуз мешавад,
Аз нигоҳи акси ёрам,
Он ки баҳри хотира,
Ёр эҳдоям намуд.

Имшаби танҳоиямро акси ёрам ҳамраҳ аст.
Ман ба руйи ҳамчу гулҳои баҳори акси ёрам нимашаб,
Шабнами мижгон, ки мепошам мудом.
Ин гули хушбуйи дар коғаз буда,
Чашмҳояш бар ду чашмам хира аст,
Чашмҳои ёри ман.
Ман дигар чуз ин надорам кори дигар.
Ман дигар чуз акси ту,
Чуз ту надорам ёри дигар!

Боз акси ашколуди туро,
Зери болин мегузорам!
Шаб ба хайр!

Гулрезфасли Хучанд, 30 морси соли 2009, соати 20:27

29 мар. 2009 г.

Минбари девор

Гуларуси фасл омад, бо нишоту сурҳо,
Як бағал гул дар бараш омад, сафову нурҳо.
Эй дареғо, гуларуси ишқи ман,
Н-омад, ки н-омад боз, боз,
Як бағал гул ҳам наёмад,
Эй тиҳй оғуши ман!

Чашми ман бо духтари абри баҳорон бармало,
Издивоче карду обастан шуда,
Ҳай, ки фарзандаш сиришк.
Доманам мегирадам, ки ҳамчу бобояш ба шаб,
Хонамаш афсонаҳои хештан,
Чун Зулайхо дар хиёбон,
Қиссаҳо гуфтам, ки бар фарзанди чашм.
У пушаймон гашт аз милоди хеш.

Гуларуси фасл н-овард,
Гуларуси дарди ман.
Марҳами хуншори қалбам, чеҳраҳои зарди ман.
Гуларуси фасл шоҳид, ман ба сони моҳи шаб,
Минбари девори ёрам то ба субҳ.
Менишастам.
Аз ду дасти нозуки у баргирифта,
Қиссаҳо мехондамаш,
Бусаҳо бистондамаш.

Гуларуси фасл аз шарм,
Бар рухи гулзорҳояш мекашид,
Мисли хун пироҳани сурх.
Ман кунун дар оташи ҳачр,
Сухтам чун оҳани сурх.

Минбари девор монду ёдҳо.
Ин фалак монду насиму бодҳо.
Ман, ки танҳо зерии боғи холаам.
Чун ба фасли гуларуси нозанин,
Чашм дар девору пушташ руймоли ёдгори ёри ман
Ёри ман ку?
Гуларуси дарди ман ку?

Фасли гулафшони Хучанд, 29 морси соли 2009. соати 16:24

19 мар. 2009 г.

Ману навруз бе ту


Духтари борони фасли гулбаҳор,
Буса мезад шишаи мошини раҳ.
Ғунчаи андуҳи ман дар шохи дил,
Нав ба нав мехурд аз ғам сад гираҳ.

Имшаби наврузи боронии ман,
Дар сабақ чун бар ду чашмам хира шуд.
Дарди ишқи поки ман эҳсос кард,
Дар ғамам чун соли куҳна тира шуд.

Ҳамраҳам навруз бигрист имшабам,
Чунки наврузи гузашта дида буд;
Ёри гулпушам дар оғушам чу буд,
Ҳамраҳи мо шед ҳам хандида буд.

Бо ҳамон мошин, ки навруз омада,
Зери борон боз бо шасти тамом.
Рафт андар чустучуйи ёри ман,
То биёрад ёрро масти калом.

Зери борон, зери шохи ғарқгул,
Мунтазири мошини наврузиям.
То гуландоми гулоғуши дилам,
Боз ояд пеши ман бо дилсузиям.

Ҳаббазо, навруз чашми гирябор,
Манъ карда суръати мошинааш.
Сар ба китфам монду аз ғам бедалел,
Мисли борон хун бирехт аз синааш.

Ин ману навруз бо абри баҳор,
Бо ҳазорон дарду ғам бо ҳамдигар.
Ҳамчунон дар зери шохи ғарқгул,
Чойи борон рехтем хуни чигар.

19 морси соли 2009. Хучанд, соати 10:13

12 мар. 2009 г.

Баҳори тавбашикан омад


Ман зимистони дароз,
Дар ғами барқу газу сардии дай,
Ғарқ будам,
Ғуссам татҳир мешуд,
Тавбаборон кардаме,
Тавбаро талқини ёрон кардаме.
То ба авчи осмону арш рафтам,
Гуиё чун кудаки навзодае,
Бар тарабҳои Худо дилдодае.
Чун фаришта бегуноҳу содае.

То замоне дидам андар дасти Чибрили ҳаким.
Коғази испеди компутарнавис.
Файли тоза аз принтер омада.
Гуфт бар ман, «ин ҳама-
Номи аҳли осмон аст».
Ногаҳон дидам, ки номам дар қатори шон буда,
Маснадам аз тавба дар дай ҳамраҳи эшон шуда.
Ман малак гаштам, на одам, дар ғами бебарқиҳо,
Бишнавед эй ғарбиҳову шарқиҳо!!!

Лек имруз.
Хастаам аз маснади пайки малоиквориҳо.
Дида руйи Холиқи яктову он дам зориҳо.
Ҳай, чй хуш одам будан!
Руйи У нодида сар бар хок молидан, чй хуш.
Зеби У нодида нолидан, чй хуш.
Ман бадин сон бо хатои одамй вақти баҳор,
Бо нигоҳи гарму тоза,
Зери бодомигуле бусидам аз лабҳои ёр,
Ман хатокор, ман хатокор.
Бозгаштам дар қатори одамй аз осмон.
Ҳай, чй хуш одам будан, ошиқ будан.
Бо хатои зеббахши одамй.
Ин хато зебост!
Аммо,
Дил муқими коғази компутарии Чабраил.

Бозгаштам, ғута хоҳам хурд андар лобалои синаат,
Боз омад, ёр, бар ту ошиқи деринаат.
Боз худро дар нафасҳоят, ки имшаб бо ман аст,
Бо ду зулфат хешро
Бар дор мехоҳам кашид.
Ин баҳори тавбабишкан боз омад,*
Марҳабо, эй маснади инсониям!
Ман хато кардам, ки одам бошаме.
З-аҳли олам бошаме.

*Таъбири Ҳофизи малакутии Шерозй
Масти атри баҳории Хучандшаҳр. 12-ум шаби баҳораи соли 2009. соати 01: 03

Мазори умри ман андар нигоҳат


Маро ҳар лаҳза, ки ғамгин бигаштй,
Бихон бар суйи худ, бо қалби сардат
Натонам гар бихандам ҳамраҳи ту,
Бигирям бо ту дар ғамҳову дардат.

Агар хондиву норафтам ба суят,
Биё худ пеши ман, бо ҳам бимонем.
Сари қабри чавониҳову ишқам.
Чаноза, ҳамраҳи фотиҳа хонем.

Бимонам бо ту андар руйи бистар,
Ки то руйи ғаму дардат набинам.
Бимонам ру ба руйи синаи ту,
Ки то хори ғамат аз дил бичинам.

Биёвезам ба гушат ҳарфи гармам,
Бирезам ман шаробамро ба чомат.
Баногушат нафасҳоям чу боде,
Навозиш мекунад, ҳамчун каломат.

Биёбам аз лабонат ваҳйи ишқам,
Биёбам рутбаи пайғамбариро.
Зи оғуши сапеди гарму покат,
Биёбам миръати искандариро.

Ба руйи синаат руям бимонам,
Ки то дард аз дили ман руй тобад.
Маҳ аз руят бинушад шири покй
Касе ожанг аз руят наёбад.

Чавониро, ки алъон дафн кардам,
Даруни пилки чашмони сиёҳат.
Азизастй бароям, з-он ки эй чон,
Мазори умри ман андар нигоҳат.

Маро ҳар лаҳза, ки ғамгин бигаштй,
Биёб аз кунчаки чашмони шаҳло-т,
Ва он гаҳ бо мани шуридадил кун,
Музаяйн ториву андуҳи шабҳо-т.

Шабҳангоми баҳори тавбашикани Хучанди зебо. 12 морси соли 2009. соати 23:48

4 февр. 2009 г.

Гилае дер


Магу, ки ман туро рондам, чу ноаҳле зи оғушам.
В-аз он пас гуиё кардам туро аз дил фаромушам.

Магу, ки пеши поят сад ҳазорон бор мачнунвор,
Чу мемурдам, вале акнун зи шавқат гашта хомушам.

Чу Румео сари қабри дуруғи ту, ба сад армон
Чулетои навини ман, бихурдам заҳр, худкушам.

Ба хокистар мазан оташ, намесузад, намесузад,
Манам, ки сухта дар оташи ишқат, ки мадҳушам.

Хато кардй, ки рав гуфтам, бирафтй ту, замони кибр,
Ғуруратро бикаш аз тан, ало гулбонги гулпушам.

Кунун донистамам, ки лаҳзаи саҳле зи ишқи ман,
Кифоят кард, ки кардй ба як оне фаромушам.

Бикардам нуш аз лабҳо-т медонй аз ин пас чун?
Ба чойи шаҳд бар соғар сиришки шур менушам.

Хучанд. 4-уми феброри соли 2009. соати 20:08

27 янв. 2009 г.

Начво


Дуст дорам чак-чаки борониро,
К-андарон пинҳон намоям ашки худ.
Дуст дорам ин шаби ялдои пок,
Ҳамчунон к-асрори ман пинҳон намуд.

Бо забон гуфтан наметонй, ки ту,
Дуст медорй маро аз чону чон.
Бахш бар ман ин забони шаккарин-т,
То ба чойи ту бигуям он замон.*

Аз нафасҳои бароварди ту ман,
Бар машомам мекашам бо оҳи гарм.
Бар сари китфам сари зулфайни ту,
Мезанад силии буса нарм-нарм.

Ин ки набзи синаам дар синаат,
Зиндае дар ишқ аҳдофй шуда.
Баъд аз ин санги даруни синаам,
Бар малоик ҳачри таввофй шуда.

Мефишонй оташе аз синаат,
Дар намози ишқ руйи бистарам.
Баъди ин аз осмон Чибрили меҳр,
Мезанад буса ба ду чашми тарам.

Дуст дорам чак-чаки борониро,
Бистари мо дар булури абрҳо.
Мешавад пинҳон даруни хоки нарм,
Ашкҳои мо ба фармони Худо.

*Аз ин байти Камолиддин Биной бурдам:
"Забони ёри ман туркиву ман туркй намедонам,
Худоё кош мебудй забонаш дар даҳони ман."


26-ум рузи аввалмоҳи соли 2009-и дайфасл, соати 21:35, Хучанд.

19 янв. 2009 г.

Бусаи худой


Агар зан-модари дунёву қонун,
Чаро ман дусташ аз чон надорам?
Кй медонад, худо ҳам буса дорад?
Чаро ин бусаро бар зан наёрам?

Фалакро то малак хоҳиш кунам ман,
Ду гесуяш бибардоранд як суй.
Замоне ки баногушаш бибусам,
Биёвезанд зангула бар он муй.

Биҳишти адн пеши ман биёяд,
Агар оғуши зан дар у набошад.
Зи дузах бештар нашморамаш ман,
Бароям ин инчунин бегона бошад.

Ба руйи қабзаи барфи сапеде,
Талаб дорам гули сурхи баҳорй.
Дар ин айёми бебарқиву бе гоз,
Биёвар гармоғуши хуморй.

Биёвар рушании чашми покат,
Ба руйи бистарам, ки ҳар шаби тор,
Тачовуз мешавад аз чашми моҳе,
Дили бемору абгору талабгор.

Фалакро то малак хоҳиш кунам ман,
Барои лаззати лабҳои Яздон.
Ичозат аз лаби ту баргирифта,
Занам буса дар ин шабҳои зулмон.

18 жонюр соли 2009. Хучанд, соати 15:42

7 янв. 2009 г.

Дипломи мактаби ишқ


Андар дили шаб, дар дили роёнаи хеш
Фарёд кунам аз дили девонаи хеш.
То гуши кари файлаку сомонаи* ман,
Розе бизанам дар бари сомонаи хеш.

Эй дилбари ман магар ту ҳар руз аз ин,
Туфони дилам линк зада дарди маро,
Хондй магаро утоқи интер-кафе?*
Ин сафҳаи сабзу* чеҳраи зарди маро?

Шояд, ки сари линк задан аз чашмат,
Мерехт гуҳар ба руйи нармафзоят*.
Шояд, ки ба зоҳират бихандиву валек,
Дилреш бихезй, биравй аз чоят.

Оваҳ, ки зи зиндагиям ниме бигузашт,
Дар муйи сарам барф ҳаме борида.
Дар сафҳаи сабзи ман хазони ғами ту,
Чун ғунча шукуфону дилам ғам дида.

Дар мактаби ишқи ту ҳанузам талаба,
Аз ҳарфи муҳаббат бикунам пур дафтар.
Ҳайфо, ки баҳои ман ба ду ё ки ба ба панч,
Арзиш надорад, чу хасе, чону чигар!

Чун нест зи шаш солагй
ин мактаби ишқ,
Не, хатм шавад ба тули ба даҳ соли расо.
Ин мактаби ишқ хондем ману ту,
Диплом диҳад ба вақти маргам, ки басо.

* Ишора ба вожаи сайт
* Шакли интернет-каферо бо тақозои вазн «интер-кафе» гуфтем (узр аз хонанда Н.С)
* Манзур сафҳаи сабзи «Туфони ишқ»
* Мишкаи ройона

7 жонюр, Хучанди нозанин, ки дар фасли дай бо мушкилоти бебарқиву бегазй муштугиребон аст.

4 янв. 2009 г.

Гуноҳи наку


Гар хатоям шоми некуе ба шавқ,
Чун ғуруби офтобе китфи куҳ.
Менишинам дар сари роҳат ба меҳр,
Интизоре дар тулуъи бо шукуҳ.

Эй хато кардй, ки имшаб бо манй,
Зинда бодо, ин хатои қисматам.
Ин хатои сарнавишту ҳадяааш,
Дар ду дунё обруву исматам.

Дар ҳузури ҳизби инсонии ман,
Бегуноҳй чурми нобахшиданист.
Бар хатои муйи ту печидаам,
Ин дилам андар хатоят монданист.

Гар маро бо иттиҳоми меҳри ман,
Боз чун парванда кардй, офарин
Ин гуноҳи ман, ки аз чону дилам,
Дусттар дорам туро, эй нозанин.

Интизори авф кардан бо нигоҳ,
Интизори лутфи гарди пойи ту.
То нишинад руйи чашмонам чу барф,
То бидонам лаҳзае начвойи ту.

Ман хато з-он мекунам, ки аз малак,
Берун аз руйихати эшон шавам.
Ман хато з-он мекунам, чун ошиқе,
Гоҳ хандон, гоҳ-гаҳ нолон шавам.

Чун шавам нолон бидонам, дарди ишқ,
Чун шавам нолон бидонам, чурми хеш.
Ҳар қадар ғутам ба лойи сарди чурм,
Он қадар, ки соф созам қалби реш.

Аз таҳочуми савоби пурриё,
Ман панаҳ бурдам ба оғушат ба дард.
Дар паноҳи муйҳои мушкинат,
Ман гуноҳи нек кардам ҳамчу мард.

То ту бигрезам зи ғасби ҳар савоб,
Хешро дар хешият андохтам.
Ман зи шаҳри ҳар савоби пурриё,
То тавонистам ба суят тохтам.

Бар ту печидам чунон, ки пургунаҳ,
То напечад бар танам пайки савоб.
Муғриқи сад бусаат, ки з-ин ба баъд,
Некй нокарда биандозам ба об.

5-уми жонюри соли 2009. Хучанд, соати 01:45. Дар дили шаб, ки ангуштҳоям руйи ҳарфтугмаҳои ройона гуноҳи наку содир мекарданд.

2 янв. 2009 г.

Пойи атри муйи ту


Ман ба руйи бистарат гулҳои орзуи худ,
Монда будам, зери болин, ҳини бусобуси мо.
Моҳ диду чашмаки истораҳои бешумор,
Он замон, ки настаранҳо гашта дар побуси мо.

Қалби ту чуз орзуи мондани ман бо ту буд,
Чун надидй орзугулҳои ман дар болинат.
Чашмҳои роздору соғарини обият,
Менадид аз олами ботини ман дар ботинат.

Чашмҳои роздору соғарини обият,
Духта дар чашму лабҳоям ба такрорй буданд.
Дастаи гул зери болинат надиданд, осафо,
Лағжиши тан, лағжиши лаб ҳамчунон корй буданд.

Ман ба ишқи поки ту имон ҳамеорам, дило,
Лек туву васлу оғушу канору буса буд.
Дар лабат бишкуфта гулҳои шароби васли ман,
Дар дили ман аз чудой чилду томи қисса буд.

Рехта бар соғарат арзону бедарду дареғ.
Нуш бодат, ин шароби васли ман, ки имшабат
Руйи абри бистари ту ҳамчу абри навбаҳор,
Руйи гулҳои муҳаббат рехтандй аз табат.

Панчаат дар баҳри қиргуни сиёҳи муйи ман,
Бо талотуми дили ман ошно гаштанд шаб.
Кош ин шаб то абад бошад, на рузу офтоб,
Кош монам бо ту андармони васлу тобу таб.

Чашмҳои роздору соғарини обият,
Бар ману бар сақфи кошинкории хона-т буданд.
Оби чашми моҳу истора ба сақфи осмон,
Хунчакон мерехту ҳамсони паймонат буданд.

Ман ба руйи бистарат гулҳои орзуи худ,
Монда будам, солиён бигзаштаву пажмурда шуд.
То ҳанузам пойи атри муйи ту дар китфи ман,
Роҳ мегардад, ба пояш кафши меҳрам хурда шуд.

3 жонюри соли 2009, Хучанд, соати 12:23