24 апр. 2009 г.

Моҳвораи хаёл

Ман, ки ба қатлгоҳи ғам,
Кудаки орзуи худ,
Ба ёди нозанин-нигор,
Ба зери дор мекашам.

Ба хайли мижгони дилам,
Ба чашму бусаҳои лаб,
Зи зери пойи ту, азиз,
Бубин, ки хор мекашам.

Ба нақши боғи деҳамон,
Ба ошёни хонаам,
Ба ранги хуни қалби хеш,
Гули баҳор мекашам.

Навори сабти хотира,
Зи гашти мо ба зери боғ,
Зи моҳвораи хаёл,
Чу тилвизор мекашам.

Зи рози мо ба зери боғ,
Сабақ гирифта булбулон,
Ба руйи дафтари дилам,
Хати хумор мекашам.

Зи баъди солиёни сол,
Ба зеҳни ман ту моликй,
Ки дарди интизорият,
Ба чашми чор мекашам.

Ману ту дарди ишқро,
Худойгона сохтем,
Вале чазои ишқро,
Мани низор мекашам.

Ману танҳоии чордевори хонаи бетонии Хучанд, 24 оврили соли 2009, соати 21:02

15 апр. 2009 г.

Ману ту ташнаи аз раҳ расида


Ману ту ташнаи аз раҳ расида,
Сари чоҳе зи ду роҳи муқобил.
Ба чашмам хира шав, к-аз чоҳи чашмам,
Ба поят рехт оби барзахи дил.

Ба касрат нуқрафоми ашки шабнам,
Даруни соғари чашмат бидидам.
Дарафтодем бо ҳам он замон, ки
Даруни хоҳиши қалбат шанидам.

Ману ту ташнаи аз раҳ расида,
Дарафтода ба ҳам дар нимаи роҳ.
Бинуш аз оби чашмонам, ки нушам,
Зи лабҳоят ба хоҳишу ба сад оҳ.

Биёвезам ба зулфонат дили хеш,
Бипечад ҳар ду дастам дар миёнат.
Ба ишқи поки ман имон биёвар,
Рабоям бо ду буса сад гумонат.

Савори киштии лаззат, ду буса,
Ба соҳилҳои лабҳомон шино кард.
Лаби мо баъди ғарқи буса гаштан,
Даруни синаҳо шуре бино кард.

Қиёмат андаруни синаҳомон,
Чу вулқоне намояд хоҳиши гарм.
Ману ту гирди ганчи ҳам хазидем,
Ба мисли морҳо дар бистари нарм.

Ману ту ташнаи аз раҳ расида,
Басе дарду ғами дунё кашида,
Басе васлу канору бусаи гарм,
Фақат дар ёдҳомон барчашида.

Баҳори тирамаҳолудаи Хучанд. 16 оврили соли 2009, соати 10:00

13 апр. 2009 г.

Сабақ


Ман гиристам, чунон зи дилгирй,
Абр тарки вазифааш бинмуд.
Соғари чашми ману шарми абр,
Дар лаби қисматам раҳе паймуд.

Аз ғамат чун шароб нушидам,
Шарм омад бе чеҳри руди Сир.
К-у хитобан ба ман бигуфто, ки,
Ин манам дарё, ё ту, эй дилгир?

Ҳар қадар ба худ бипечидам,
Мағз андар мағз меҳрат буд.
Гуиё чун коҳини аъзам,
Суи омун ба ишқ сеҳрат буд.

Он шабе зи хирвори тақдирам,
Бар кафам буд, вале на беш аз як.
Ҳамчу банди кокули зебо-т,
Баъди он шуд тира руз андак.

Дар суроғи ду чашми хушбинат,
Дидаҳоям дигар намебинанд.
Лолаҳои висол лабҳоям,
Аз лабони ту намечинанд.

Соҳили хомуши руди зебои Сир, Хучанд, 10 оврили соли 2009

7 апр. 2009 г.

Чорбаргаҳои айёми себарга


Чавонй меравад, дунболй у ишқ.
Дили ман мемирад, минволи у ишқ.
Надонй қадри ман, эй нозанинам,
Бигиряд абрсон бар ҳоли ту, ишқ.

Диламро бастаи бар кокулонат.
Бибурдй ақли ман бар хону монат.
Бимон, ки баъди ин яғмогариҳо-т,
Рабоям як ду буса аз лабонат.

Надидй абри боронро, ки безад.
Зи чашмаш гавҳару дар дил ситезад.
Ба ҳоли худ бигирям, з-он ки эй чон
Ба руйи кафши ту ашкам бирезад.

Ба шеърам не, ба ишқат шоирам ман.
Ба ҳар дарде, ки ояд собирам ман.
Агар аз ту буридан дину расм аст,
Ки валлоҳ аз чунин дин кофирам ман.

Хучанд, 7 оврили 2009, соати 23:55

2 апр. 2009 г.

Шеване баъд


Гулеро бар гуле печида дидам,
Яке пажмурдаву дигар, хазонй.
Ба руяш абри наврузй ҳамерехт,
Зи чашмаш ашкҳои арғувонй.

Чаро, оғози фасли навбаҳорон,
Гули уммед хушкида ба як бор?
Худоё, аз ғами аҳли муҳаббат,
Туро хушнудии том аст, ангор?

Ба руйи хоки гурам гул бубинй,
Бидон, ки решааш дар синаи ман.
Ба руйи барги гул шабнам ба ҳар субҳ,
Зи чашми дилбари деринаи ман.

Ба ҳангоме, ки будам пеши у лек,
Наёмад пеши ман бо дилрабой.
Кунун чун мурдаам ҳар субҳу ҳар шом,
Ҳамерезад сиришкаш аз чудой.

Хучанд, 2 оврили соли 2009. соати 14:14