skip to main |
skip to sidebar
Агар даъво кунӣ, ки туро аз ёд бурдаам ман,
Бидон ки фаромуширо фаромӯш кардаам.
Масти атри ёдат ҳама ҷо гаштаам ин ки,
Чун замоне ҷуръае аз лаби ту нӯш кардаам.
Имрӯз ситораро боз фиреб додам, ки рӯз аст,
ӯ низ ғафлатзада чеҳра ба ман намоён кард.
Аз васли ману ситора хуршеди баҳор,
Як шӯру валавала бапой дар ҷаҳон кард.
Хуршед, ки даъвии ишқам буд, аз рӯйи ҳасад,
Сияҳчодари абри баҳор ба рӯяш кашид.
Ин боди сабо ба беди маҷнуни қади роҳ,
Аз рӯйи ситам шона ба гесӯяш кашид.
Субҳи 1 октубари хазонаи соли 2010, соати 06:40, Чоркӯҳи Исфарамарз, ки дар оғӯши хазони пойиз аст.
Сокини пойизаму мехоҳамат,
Дар лабат нақши баҳор аст, эй баҳор.
Дар вуҷудат зиндагии ҷовидон,
Синаи ман беқарор аст, эй баҳор.
Пеш ову танг дар оғӯш гир,
Ғунчаи пажмурдаи рӯҳи маро.
Боз умри ҷовидона бахш, бахш,
Ин дили бемору маҷрӯҳи маро.
Сокини пойизаму мехоҳамат,
Ғарқи ман шав, сад ҷавониям бубахш.
Бӯсаборон кун лабу рухсори ман,
Бо нафасҳо зиндагониям бубахш.
Чун нафасҳоят ба рӯю гарданам,
Сайр созанд, умри боқӣ медиҳанд.
Нӯш аз лабҳои ман, ки ин лабон,
Шӯру мастӣ ҳамчу соқӣ медиҳанд.
16 септембари соли 2010, соати 07:34, бемористони шаҳри Исфара
Он замон, ки маҳшар аз домони дунё сахт медорад,
Чун шаби аввал зи домони арӯс,
Шоҳдомод аз касири завқ мегирад.
Тарру хушку одаму ҳайвону ваҳшу тайру ҷин,
Ҳам фаришта, ҳам самову ахтарон,
Бо сурури сури Исрофил дар як турфа айн,
Мемиранд.
Он замон, ки зеру буни ин замин,
Ҳамчу вулқон ҷӯши худ боло гирад,
Ин замин ҳамчу як оинаи рӯйи дасте,
Ҳамвор хоҳад шуд,
Тухми мурғ з-он сӯйи дунё,
Пеши чашми кӯр ҳам,
Пайдор хоҳад шуд.
Чашмҳо аз ваҳшати тасмими Рабул оламин:
Ё ба дӯзах ё ба фирдавс!?
Баъди он ки неккорон дар биҳишт,
Баъди он бадтинатон дар нори сӯзон,
Ҷой гиранд,
Ин замини хаста аз ҷабру гуноҳ,
Нола хоҳад кард:
Бори илоҳо, меҳрабонӣ соз,
Эй, маро аз ин вазифа,
Кош маъзулам намоӣ,
Хастаам ман, хастаам,
Хаставу бишкастаам.
Ҳам замину осмону аршу курсӣ пеши ӯ,
Лоба хоҳанд кард.
Тибқи як фармони Худой,
Ин ҳама аз мансабони хеш маъзул хоҳанд гашт,
Ҷои эшон низ дар фирдавс!
Пурсише зеҳни маро мағшуш медорад:
Баъди анҷоми қиёмат,
(Эй худоё, пурсишам маъзур медорӣ,)
Баъди он ки ҳеҷ кас боқӣ намонад ҷуз ба ту,
Он замон изну ҷалолатро чӣ кас тақдис хоҳад кард?
Ё ту танҳо боз мемонӣ?
Боз махлуқи кадомин, бо кадом шева,
Ошиқи ту мешавад?
Ман надонам ҳеҷ!
Аммо, ки яқин донам,
Ишқи моён зинда хоҳад монд,
Бар ту бандагиву бардагии хешро иброз хоҳанд кард.
5-ум рӯзи моҳи оврили соли 2010, соати 17:51, Хуҷанд.
Эй ки гули хаёли ту.
Бируста дар вуҷуди ман.
Вале ғизои решааш,
Зи хуну тору пуди ман.
Ва ҳар қадар ки паҳн шуд,
Чу баргҳои қиссаат.
Ҳамон қадар бузург шуд,
Маро фироқу ғуссаат.
Ҳамон қадар, ки мондаам,
Ба зери сояат ба дард,
Ҳамон қадар ба чеҳраам,
Нигора шуд ранги зард
Бубин, ки сард мешавам,
Зи гармии хаёли ту,
Ва чеҳразард мешавам,
Зи сурхи хатту холи ту.
Бирустӣ дар вуҷуди ман.
Вале аз они дигарӣ.
Канори дигарон, вале,
Маро ту хуни ҷигарӣ.
Бирустӣ дар вуҷуди ман,
Бихурди тору пуди ман,
Ту маънии суҷуди ман!
Паёму ҳам дуруди ман!
Хуҷанд, 2-юми моҳи жюни соли 2010, соати 11:21
Аввали ишқ:
Дидорбинӣ, мулоқоти нахуст
Аз шарм гунаҳои сурх
Тақдим: Гули сурх
Сонитар:
Ҷоми шароби сурх
Ба ҳам омадани лабҳои сурх
Махмали бистар
Гулобии сурх
Боз дертар: Ҳамоғӯшиву бехобӣ то субҳ
То сар задани уфуқи офтоби сурх
Чашмҳо аз бехобӣ сурх
Ахиран:
Хиёнат ва…
Ҷилои теғ…
Дар хок нақши хунбаҳои сурх
23 моҳи мой соли 2010, борон, ки ба рӯи гунаҳои хоки ташнаи ашку хун бӯсаи баҳорона мезад, соати 12:07
Навда бо фармони тӯфон,
Рӯйи гул шаппотӣ мезад,
Чашми ман бо амри ёдат,
Дар ожангҳои гунаам.
Ҷӯяи андӯҳ месохт.
Дар мазори синаи ман ғуссаҳоят,
Қалбро чун фӯлоди нарм,
Мегудохт.
Буданат як қиссае буд,
Рафтанат сад ғуссае.
Хотири ҷамъам парешон,
Ҳисса, ҳисса, ҳиссае.
Дар лабонат як замоне,
Боғбонӣ кард лабҳоям ба меҳр,
Ёсуманҳо, настаранҳо, содагулҳои умед,
Кишта буд.
Моҳ он дам вақти бӯсобӯси мо,
Дар сари мо шишта буд.
Марзҳои синаатро бо шурур,
Бӯсаҳои саркашам бишкаста буд.
Дар набарди тан ба тан,
Ишқ ғолиб буду мову ту валек,
Бехабар аз бозиҳои сарнавишт.
Бехабар, ки қисмати мо он замон,
Шодиҳоро аз пайи андӯҳҳо пайваста буд.
Баъди чандин солҳо
Боз…
Навда бо фармони тӯфон,
Рӯйи гул шаппотӣ мезад.
19 мой, соли 2010, соати 16:01
Гунаҳ нокарда месӯзам даруни дӯзахи ишқат.
Намедонам чӣ кардам ман.
Ҳамон оғӯшу бӯсу меҳрабоният чу шаҳде буд,
Худоё, оҳ, мурдам ман.
Гумон кардам зи шаҳдат умр шаккарбор мегардад.
Хатокор,
марди дардам ман.
Замони буданат, зебову рангин қиссае будӣ
Ва ҳини рафтанат, дарду ҳазорон ғуссае будӣ
Агар сабзи баҳоронӣ, ба ҳар як фасли ин дунё,
Вале ман,
Хазонам, ранги зардам ман.
Намедонам гуноҳам чист, месӯзам, намедонӣ.
Хабарҳо з-олами дардам намехонӣ.
Гунаҳ нокарда мебинам ҷазои ишқ,
Дар ин кадбонузори навъҳои ғуссаву андӯҳ.
Ғизо аз ғусса кардам ман
5-уми моҳи мой, соати 10:32, Хуҷанд
Ман аз хуршед метарсам ,
Ки рӯзе сард хоҳад шуд,
Ман аз кӯҳсор метарсам,
Ки рӯзе гард хоҳад шуд.
Ман аз эҳсоси гарми ишқ метарсам,
Ки аз девонагию мастиву шӯрӣ
Ва рӯзе зан зи дасти ишқу тақдираш,
Ахиран мард хоҳад шуд.
Худоё!
Худоӣ мекунад дар мо ҳузури ишқ бо дардаш
Ба вақти гармии оғӯш,
Аҷаб лағзидани лабҳо,
Ва лаззат бурдани шабҳо,
Аз садои ду лаби ҳангоми бӯсобӯс.
Чу шаб девона хоҳад шуд зи ғарқи ишқ варзидан,
Ки рӯяш субҳидам аз девонагӣ испед хоҳад гашт.
Ту ҳам девонагӣ кун дар мани девонаат эй ҷон,
Ман аз хушкидани сарчашмаҳои ашк метарсам,
Ки рӯзе кӯр хоҳад буд.
Бидон оғӯши зан сарманшаъи илҳоми ҳар дард аст,
Агар ин дард дар дунё намебуд,
Бидон дунё бидуни дард метаркид.
Бидуни дарди ширин шӯр хоҳад буд.
29 оврили баҳорандудаи соли 2010, Хуҷанд, соати 13:48
Агар мирам дар оғӯши ту мирам.
Чунончӣ дар лаби нӯши ту мирам.
Мисоли мӯйи афтода сари китф,
Ба ғамҳо дар баногӯши ту мирам.
Ба сони панҷаҳои нури хуршед,
Хазида то ба умқи ғунчаҳоят,
Ба рӯйи ҷонамози сабзаи гул.
Дар он лабҳои хомӯши ту мирам.
Агар Мавлои Рӯмӣ аз пайи Шамс,
Ба рӯйи ин ҷаҳон батлон кашидаст,
Барои хотири як хандаи ту,
Ҳамаро, ҷуз фаромӯши ту мирам.
Кунам шабгун ҷаҳонро ҳамчу мӯят.
Надорам тоқати рӯзи дурӯғин,
Тамоми шаб бипечам дар тани ту,
Азизо, масту мадҳуши ту мирам.
Нимаи моҳи оврили соли 2010, Хуҷанд, соати 13:50
Ҳама офоқ он шаб чун мани хом,
Бишӯста рӯйи худ бо сад ҳарорат.
Ба зери шаршари мӯят ва он гаҳ,
Биёмад торикии шаб башорат.
Ман имшаб бо Хуҷанди дилнишинам,
Туро дар бистари себарга дидам.
Ҳароратҳои гарми синаи ту,
Зи таппишҳои қалби ту шанидам.
Ба зулфат баргаи себаргаеро,
Нишондам дар лабиданҳои имшаб.
Зи оғӯшат парешу масту махмур,
Чашидам бо шабиданҳои имшаб.
Ва аммо хуб донистам ҳамон шаб,
Ки васли мо дигар бо ҳам наёяд.
Ва ин қасре, ки рӯйи гул нишондем,
Хазони фасли пойизе напояд.
Ҳама рӯзу ҳама шаб баъди он рӯз,
Парешонам, ки ҳоли ту чӣ бошад.
Пас аз оғӯши гарми ту раҳидан,
Азизи ман, диламро ғам харошад.
Ба рӯйи сабзаи муштоқи борон,
Фишондем ашкҳо ҳангоми бидруд.
Ману ту бо гулу себарга печон,
Намудем гум зи ҳам он дурри мақсуд.
Инак, дар сарнавишти он шаби мо
Шунидам гиряи хуршеди тобон,
Даруни Сирдарё вақти шомаш,
Бидидам хуни ӯ дар мавҷ резон.
9 оврили соли 2010, ману шабҳои Хуҷанд
Борон ба гӯши офтоб
Афсонаи бузаки ҷингиламӯ мехонд,
Дар бистари ҳарир абр,
Офтобак ба ғанаб мерафт,
Дар бистари махмалини саҳро,
Бо духтари дӯшизаи садбарг,
Борон ба турктозӣ пардохт.
Оҳ, эй дилдодаи маҳрӯям,
Аз гӯшаи зиндони хаёлам рав,
Бигзор маро бад-ин танҳоӣ,
Бигзору раҳоям кун,
Аммо…
Ҳарчанд ту озод париосо бипарӣ,
Боз зебандаи зиндони хаёламӣ.
8 оврили соли 2010, Хуҷанд, соати 11:02
Кош будам ашкҳои чашми ту,
Зиндагӣ дар рӯйи ту мекардаме.
Дар лабони бӯсахоҳат як замон,
Бо ҳазорон розҳо мемурдаме.
Нӯги мижгонат ба мисли умри ашк,
Аз гулӯям ҳалқовезат шавам.
Хунбаҳо аз чашми худ резам мудом,
Вақти мурдан дон, ки гулрезат шавам.
Боз чашми моҳ оғӯшам бидид,
Васваси оғӯши ман дорад мудом.
Бим дорад, к-он ҳама аз чашми ту,
То барояд офтоб дар вақти шом.
Кош будам ашкҳои чашми ту,
Аз даруни пилки чашмонат ба меҳр,
Бӯсаборон карда то лабҳои ту,
Баъд мемурдам, дило, аз ишқу сеҳр.
Ҳазрати шаб дар намози рӯз аст,
Мисли ман, ки дар сари мижгони ту.
Ҳайф, ки ҷуз орзуе беш нест,
Будани ман зери абрӯвони ту.
Ин хаёл аст, он маҳол аст, он маҳол.
Ин маҳол аст, он хаёл аст, он хаёл.
18 морс, Хуҷанд, соли 2010, соати 17:06
Салом эй Қайс, аввалшоҳи ишқи пок,
Гадои маҳрами оғӯши Лайлӣ дар ҳарими хок.
Ба рӯи синаи Лайлӣ намондӣ гар сарат ин ҷо,
Сарафрозӣ, ба он дунё зи шаҳди ишқ дар афлок.
Набудӣ гар падар тифлерову ногуфтӣ ту лолоӣ,
Нахӯрдӣ ғӯта андар лобалои синаҳои нарми ёри хеш,
Валекин, ту ҳамоно як падар будӣ,
Падар бар тифли андӯҳам,
Падар бар қалби маҷрӯҳам.
Сароғози ҳама бишкастаи рӯҳам.
Машав ғамгин, ки ғамҳоят насибам шуд.
Ба ҷои ёр,
Паёму занги тилфунии ёри ман қарибам шуд.
Машав ғамгин, ки саҳроҳои зери пойи ту ин дам,
Дубай шуд, Суриё шуд, ҳам макони сайргардон аст.
Ба ҷои маҳмили Лайлӣ,
Ҷипу Мерседес андар хидмати ёр аст,
Аммо, ин дили хуншор бемор аст.
Ки он Лайлӣ на он ёр аст.
Машав ғамгин, аё Маҷнун,
Бори ишқ бар дӯши ман ниҳодӣ ту,
Амонат аст, бояд ман аминиро ба ҷой орам.
Ҳама дарду фиғону нолаатро ҳамраҳи андӯҳҳои хеш,
Инак сӯйи Худой орам.
Бипурсам, гар камоли густохӣ аст:
«Чаро андӯҳи Маҷнун баъди ӯ боқист?»
17 морси баҳораи соли 2010-уми Хуҷанди азиз
Ду чашмонат ду рӯзе дар ҳаётам,
Нишоту шодиву бехудӣ бахшид.
Ба боқӣ рӯзи умрам, мисли борон,
Саропо мотаму андӯҳ пошид.
Дилам дарде ба худ дорад, ки донам,
Дили ҳар мурдае бедард бошад.
Сазоворам, ки бошам зиндаву лек,
Пур аз дарду дилам пурсард бошад.
Ду чашмонат ду рӯзи шодии ман,
Қатори кокулат рӯзи сиёҳам.
Нафасҳои бароварди ту доим,
Шароре з-оташи сӯзони оҳам.
Ду чашмонат ду авроқи китобест,
Ки дар ҳар сатри он худро бидидам.
Сари ҳар сатри гулзорат гули васл
Дареғо ман начидам, ман начидам.
16 морси соли 2010, соати 17:46, Хуҷанди гулоғӯш.
Баҳорандуда омад ин баҳору боз маҳрумам.
Зи оғӯши баҳоринат, баҳори ишқи мазлумам.
Канори боғу бӯстонат намечархад пару болам,
Лабам маҳрум зи лабҳоят, чунон дар хеш саргумам.
Биё табрик созам бар баҳори нав, қарори нав.
Туро бо дарди нав, эҳсосҳову ҳам хумори нав.
Маро табрик хоҳӣ рӯзи аввалмоҳи наврӯзӣ,
Зи оғӯшам ба ёд овар, агар бошӣ ба ёри нав.
Ба оғӯшам биё, ки беҳтарин табрикгоҳам ҳаст.
Биғарқам дар туву ғарқонамат дар бӯсаҳоям маст.
Бипечам ҳамчу гулҳо дар танат эй шохсори меҳр,
Маро гар дай умедамро ба барфу бодҳо бишкаст.
Ману ту ошно гаштем, ки то рӯзе ҷудо бошем.
Ба ҳам бахшида қалби худ, ба ғамҳо мубтало бошем.
Кунун дар чордевори битунӣ хонаам гӯям:
Ҷудоӣ аз худо омад, бибояд бо худо бошем.
Баҳори нав ба гулҳои пур аз дардаш муборак бод.
Канори нав ба оғӯши пур аз сардаш муборак бод.
Аввалрӯзи моҳи морси соли 2010, вақте борон замини Хуҷандро ошиқона мебӯсид
Чаро гуфтан натонистам, ҳамон рӯз,
Ки бе ту мемирам, эй мағзи ҷонам
Ва шояд кибр буду ё ки ғафлат,
Чу будӣ он замон дар устухонам.
Ки метонистам бигӯям: дар нафасҳо,
Бипечад ишқи ту андар гулӯям.
Маро ҷуръат бибахшо, эй таманно,
Ки то ин ҳарфро баҳрат бигӯям.
Натонистам, натонистам дареғо,
Кушоям қуфли ифшои забонам.
Ту ҳам хомӯш будию нагуфтӣ:
«Бигӯ аз дӯстдорӣ, меҳрубонам!»
Чаро гуфтан натонистам ҳамон рӯз,
Сари роҳи дари мактаб ба рӯят:
«Нафас бе ту нахоҳад рафт дар ман,
Ки рӯзам шаб шуда чун ранги мӯят».
Инак, чун рӯзҳое чанд бигзашт,
Туро бо ёри нав дидам, ба гулгашт.
Ба дил гуфтам, туро ман дӯст дорам,
Ки ин дам дар дилат дарде бино гашт.
Ҳар он дам, ки ба дил гӯям зи меҳрат,
Туро дар кӯча мебинам, аҷиб аст.
Ба чашмат дарди гунге пай бибурдам,
Ки оё дарди мо бо ҳам қариб аст?
Бигӯ, гар дер шуд, эй мағзи ҷонам,
Ба қалбат заррае аз дарди ман ҳаст?
Ва шояд рози нобикшодаи ман,
Туро ҳам бошаду гардӣ, чу ман маст.
Шаби ялдои шаҳри Исфара, 22 жонюри соли 2010, соати 00:51
Баҳори умри ман бубин, ба зери хок меравад.
Хазони ваҳшати дилам, зи дард пок меравад.
Дилам зи ёду ғуссаат, ҳазор чоку реш шуд,
Биёӣ гар ба дафни ман, бидон, ки чок меравад.
Бидидамат, ки кӯчабоғи шаҳр зери пои ту,
Ба ҳар нафас худойро, ҳазор шукр мекунам.
Инак туӣ, инак туӣ, ба нозу карру фарри хеш,
Инак на ман, инак на ман, ҳазор сабр мекунам.
Ба охирин нафас дилам, зи хотират пареш шуд.
Чу вақти зиндагониям, инак, ки боз реш шуд.
Гуфтам ба худ, ки гар равам, туро зи ёд мебарам,
Аҷаб, ки вақти рафтанам, дилам ба дард беш шуд.
Мабӯс хоки ман дило, ба рӯи санги хоки ман,
Маё дигар зиёрати мазори дардноки ман.
Марез ашки поки худ бар рӯи барги сабзаҳо,
Ба сабзаҳои решааш даруни синачоки ман.
Ба вақти бо ту буданам, дилам фигор аз ту буд.
Ҳама фиғону нолаам, бидон, нигор, аз ту буд.
Маро, ки хор кардаву ба пушти по задӣ дилам,
Ба ҷону ҷонканӣ дилам, ки беқарор аз ту буд.
Инак, магӯ зи ишқи худ, ба рӯи хоки гунги ман.
Магӯ дигар ба ҳасратат зи ишқи тозаранги ман.
Бирав, бирав, маро гузор, забон бубанду гӯш кун:
Магӯ, магӯ, магӯ, магӯ, парандаи қашанги ман!
21-уми жонюри соли 2010, соати 17:36, замоне, ки барфи сапед ба рӯйи бахти сияҳ чодари риё мекашид, Исфарамарз.