Сокини пойизаму мехоҳамат,
Дар лабат нақши баҳор аст, эй баҳор.
Дар вуҷудат зиндагии ҷовидон,
Синаи ман беқарор аст, эй баҳор.
Пеш ову танг дар оғӯш гир,
Ғунчаи пажмурдаи рӯҳи маро.
Боз умри ҷовидона бахш, бахш,
Ин дили бемору маҷрӯҳи маро.
Сокини пойизаму мехоҳамат,
Ғарқи ман шав, сад ҷавониям бубахш.
Бӯсаборон кун лабу рухсори ман,
Бо нафасҳо зиндагониям бубахш.
Чун нафасҳоят ба рӯю гарданам,
Сайр созанд, умри боқӣ медиҳанд.
Нӯш аз лабҳои ман, ки ин лабон,
Шӯру мастӣ ҳамчу соқӣ медиҳанд.
16 септембари соли 2010, соати 07:34, бемористони шаҳри Исфара
Пайи панҷаи пайғамбар
-
Пас аз як танаффуси дароз ниҳоят сари ин пешнавис нишастам ва ба гумонам,
онро ба поён расондам дар ин субҳи аҳуроӣ! Дигар моли ман нест, моли
шумост. Хуб ...
4 года назад
Комментариев нет:
Отправить комментарий