Профиль Набиюлло Суннати Facebook

20 дек. 2009 г.

Туфон


Ман ба собуни хаёлам ҳар шабе,

Домани хуршед мешӯям мудом.
Ҷойи оби ҷуй ашки талхи ман,
Рӯйи козургоҳ мерезад зи ҷом.

Доруи Сино дили гилро шикофт,
Марҳаме шуд, захмро аз дил бибурд.
Лек Синогар нашуд ӯ баҳри худ,
Чун зи захми меъдааш уфтоду мурд.

Байтҳоям гар дилеро бар диле,
Ҳамчу гул дар шохаҳо пайванд хонд.
Лек оҷиз монд дар ин боғи дил,
Чун дили ман бо ту бе пайванд монд.

Дар шарори қалбҳои ошиқон,
Нав ба нав тӯфон, ки меборам ба шеър.
Қалби ту бар даст н-омад ин ки худ,
Рӯйи ҳоҷат боз меорам ба шеър.

Дасатнорас доманат хуршеди ман,
Ман чӣ сон ба ашк даршӯям варо.
Собуни фикрам нашуд суда валек,
Васфи ин дар байт мегӯям чаро?

Бо ҳама дору надору сӯхтан,
Доманатро сахт дорад шасти ман.
Рӯзи ҳашр аз қабр гар хезам бидон:
Пораи домони ту дар дасти ман!
25 новембари соли 2009, соати 10:42, шаҳри Душанбе

Комментариев нет: