skip to main |
skip to sidebar
Худоии дигар
Замони Лоиқу Бозор биншастаст.
Замоне, гармии бозори Гулрухсор бишкастаст.
Лабони шеърҷӯшатро,
Бинеҳӣ бар лабони шеърхези ман.
Гузорӣ синаатро маст рӯйи синаҳои шеърбези ман.
Ай фаввораҳои байтҳои шеъррези ман!
Дар ин ҷамъе, ки нодиранд.
Барои чоплусӣ ташна мемиранд.
Ҳама диплумбадасту пиҷҷаки дарзмолхӯрда.
Ману ту нимаурён рӯйи бистарҳои барги хис.
Ба ҳам ойем.
Ба ранги сӯфиёни ҳизби Мавлоно,
Ба тан аз жандаҳои ишқ пӯшида,
Ба сони Шамс ҳамрозем.
Дар ин шеъри нагунсори мудерни сад паямбарсоз.
Худоии дигар созем.
Аё фаввораҳои байтҳои шеъррези ман!
Сигори дудхӯрда.
Зери по аз дуд мурда.
Биё, бардошта дар чашму лаб молем.
Ба ҳоли нимҷавонияш.
Тамоми нимашаб нолем.
Бар ӯ аз оташи ин синаҳои шеърбези хеш,
Шарар аз лаб барандозем.
Аланга дар миёни шому хуфтанҳои шеъри нав,
Мисоли бешаи сӯзандаи паҳнои Африқо,
Азони нав бигӯему ба сӯйи қиблаи бистар,
Ба шавқу шӯр дартозем.
Ҳазорон қолаби даҳ асрро дар рӯйи шеъри бистари гармам.
Шикаста, баркашида, мисли девона,
Биё, бо ҳам биёмезем!
Аё фаввораҳои байтҳои шеъррези ман!
Биё, танҳо зи бӯсу аз канору гармии оғӯш мегӯем.
Дар ин вақте, ки роҳу кӯҳу ГЭСу шахсият шеър аст.
Ҳайҳот!
Биё, аз мавҷи гесӯ, васли шаб, в-аз он лабони нӯш мегӯем.
Биё, тӯфони нав дар ишқу шеъру васл,
Бирезему зи пайки лаб ба лаб дар ҳам расиданҳо.
Ҳарири ёру нозаш шаб ба шаб аз ҳам кашиданҳо
Арақ аз тори мӯйи ёр рӯйи синаи гармам чакиданҳо.
Биё, дарҷӯш мегӯем.
Биё, бугзор дастат рӯйи санги синаҳои шеърбези ман.
Аё фаввораҳои байтҳои шеъррези ман!
14-уми новембари хазонрези соли 2009, Душанбешаҳр, соати 03:21-и субҳоғӯш
Комментариев нет:
Отправить комментарий