Бахшой ба ман эй гул, аз давлати яздонй.
Огуши афифу пок, аз чурму пушаймонй.
Аз новаи мижгонам мерехт чу хуни дил,
Марвориди накди чашм, охир ту намедонй!
Бастанд чу Исоям, дар ишки ту з-ин пас кун,
Дар маъбади насронй, ду сачда мусалмонй.
Ашкам, ки бухоре шуд, пас абр ба руят рехт,
Дарке бинамо чонам, аз бусаи боронй.
Н-ойи ба барам имшаб, марг ояду фардо пас,
Умрам шуда охир ё бокист ту медонй.
Аз махзани ин сина дуздидаи ганчина,
Сандуки тихи дорем, мо-бохабарон бонй.
(Аз тегаи хуршедат, ин гунча тачовуз шуд,
Чун беваи садшавхар, дур аз гулу гулдоне.)
Пайи панҷаи пайғамбар
-
Пас аз як танаффуси дароз ниҳоят сари ин пешнавис нишастам ва ба гумонам,
онро ба поён расондам дар ин субҳи аҳуроӣ! Дигар моли ман нест, моли
шумост. Хуб ...
4 года назад
Комментариев нет:
Отправить комментарий