Профиль Набиюлло Суннати Facebook

2 авг. 2011 г.

Зеботарин иштибоҳ


Ман имшаб дар паноҳи мӯйҳои ту панаҳ ҷустам.
Зи оғӯши афифу гарму мастурат гунаҳ ҷустам.
Ва ин зеботарини иштибоҳам буд!

Туро бо нозҳову иштибоҳотат бубахшидам.
Хато кардам, ки аз лабҳо-т доғи бӯсаҳо чидам.
Ва ин оғози умри пургуноҳам буд.

Хутути осмонро дар сукути синаи гармат,
Нишондам моҳро дар фарқи зулфи мушкини нармат.
Замоне бозуи нармат маро андар паноҳам буд.

21 морси соли 2011, Маскав

2 комментария:

pikanj комментирует...

Shoyad taqlid ba 'Gunoh kardam gunohi pur zi lazzat'i Furug boshad a?

نبى الله سنتى комментирует...

мархабо дусти гаронмоя, на мутаассифона ин таклид набуд, балки як харфи дили ин чониб буд