skip to main |
skip to sidebar
Нӯшбоде
Агар мирам дар оғӯши ту мирам.
Чунончӣ дар лаби нӯши ту мирам.
Мисоли мӯйи афтода сари китф,
Ба ғамҳо дар баногӯши ту мирам.
Ба сони панҷаҳои нури хуршед,
Хазида то ба умқи ғунчаҳоят,
Ба рӯйи ҷонамози сабзаи гул.
Дар он лабҳои хомӯши ту мирам.
Агар Мавлои Рӯмӣ аз пайи Шамс,
Ба рӯйи ин ҷаҳон батлон кашидаст,
Барои хотири як хандаи ту,
Ҳамаро, ҷуз фаромӯши ту мирам.
Кунам шабгун ҷаҳонро ҳамчу мӯят.
Надорам тоқати рӯзи дурӯғин,
Тамоми шаб бипечам дар тани ту,
Азизо, масту мадҳуши ту мирам.
Нимаи моҳи оврили соли 2010, Хуҷанд, соати 13:50
2 комментария:
Дуруд нисори дусту шоири навовари мо чаноби Суннати!
Бехтарин буд шеьратон,лаззат бурдам ва тавфик мехохам.
Сабз бошед.
Агар хастам,ман аз номи ту хастам
Ва гар мастам, ман аз чоми ту мастам
Отправить комментарий