Профиль Набиюлло Суннати Facebook

1 мар. 2010 г.

Ҷудоӣ аз худо омад (Баҳория)


Баҳорандуда омад ин баҳору боз маҳрумам.

Зи оғӯши баҳоринат, баҳори ишқи мазлумам.
Канори боғу бӯстонат намечархад пару болам,
Лабам маҳрум зи лабҳоят, чунон дар хеш саргумам.

Биё табрик созам бар баҳори нав, қарори нав.
Туро бо дарди нав, эҳсосҳову ҳам хумори нав.
Маро табрик хоҳӣ рӯзи аввалмоҳи наврӯзӣ,
Зи оғӯшам ба ёд овар, агар бошӣ ба ёри нав.

Ба оғӯшам биё, ки беҳтарин табрикгоҳам ҳаст.
Биғарқам дар туву ғарқонамат дар бӯсаҳоям маст.
Бипечам ҳамчу гулҳо дар танат эй шохсори меҳр,
Маро гар дай умедамро ба барфу бодҳо бишкаст.

Ману ту ошно гаштем, ки то рӯзе ҷудо бошем.
Ба ҳам бахшида қалби худ, ба ғамҳо мубтало бошем.
Кунун дар чордевори битунӣ хонаам гӯям:
Ҷудоӣ аз худо омад, бибояд бо худо бошем.

Баҳори нав ба гулҳои пур аз дардаш муборак бод.
Канори нав ба оғӯши пур аз сардаш муборак бод.

Аввалрӯзи моҳи морси соли 2010, вақте борон замини Хуҷандро оши
қона мебӯсид

2 комментария:

Анонимный комментирует...

Дуруд нисори дусти мехрубони мо Набиюллохи Суннати!
Бахорияи олие буд, хондам ва чун хамеша аз хондан халоват бурдам,саломату сабзу пойдор бошед!

Анонимный комментирует...

Kambiri | Online casino of online gambling in Kambiri - Kambiri
Online worrione casino of online gambling in 1xbet korean Kambiri. Kambiri is a casino located in Kambiri, Ethiopia. Kambiri is part of kadangpintar Kambiri International Casinos in Kambiri.