Профиль Набиюлло Суннати Facebook

7 сент. 2009 г.

Дардномаи дардолуда


Бусаҳои ёр хушкид дар лабонам, бок нест,

Сабз гардад боз рузе бусаҳои дигаре.
Зиндагй бо созҳояш, сузҳое дар бағал,
Аз балое бигзарам, ояд балои дигаре.

Чашм то барҳам задам, умрам зи сй бигзаштааст,
Гарчй дидам лаззате як, даҳ азоб омад мудом.
Боз ман навмед не, навмед шайтон асту бас,
Роҳи хуршедам бипоям, рузҳо то пайки шом.

Синаат болини ман буд, ин ки ин дам бе ман аст,
Инакам, болини ёри дигарат шуд, бок нест.
Боз поён мешавад ин шоми беболиниям,
Чуз Худо дар ин чаҳон аз тухми Одам тоқ нест.

Тарк гуфтам бистареро бо ҳавои мастиям,
Бим не, зеро, ки донам, боз бинам бистаре.
Зеро по шуд, гар дили ман з-ишқи чонон, ҳаббазо,
Мешавад точи саре рузе зи суйи дигаре.

Хучанд, 7 септомбир, дар оғуши оғози фасли хазонрез, соати 14:05

1 комментарий:

Ruhafzo комментирует...

Оре, хар чи ояд бар сари фарзанди олам бигзарад. Зиндаги худ саропо имтихон аст, гох суз асту гох соз аст, гох ашку гох шоди ва амсоли ин. Мухимаш ин ки навмед набояд шуд.Зеро пушти хар торикии шаб равшании субх аст. Ба умеди хамон субхи сапед зиндаги бояд кард.