Профиль Набиюлло Суннати Facebook

30 мар. 2009 г.

Розҳои шабҳангом


Ин ки шабнам андаруни синаи барги гул аст,
Ҳай надонистй, ки фарзанди ду чашми тори ман.
Ашки шабнам, кудаки чашми ман аст,
Ин ҳама девонабоди гармсел,
Наҳзати хашми ман аст.
Бишнавед овои ман!
Войи ман, эй войи ман!

Мавчҳои куҳвори наҳрҳо,
Мактаби ашки маро бигзаштаанд.
Аз надомат, ваҳшиёни чангалй,
Пуштаҳоро пуштаанд.
Гиряам бо ханчари мижгони ман,
Шомҳоро дар ҳузури субҳҳоям куштаанд.

Барги гулҳо,
Дар ҳузури андалеби нолаам,
Ҳамдигарро чун тачовуз мекунанд.
Хотирам ин дам тачовуз мешавад,
Аз нигоҳи акси ёрам,
Он ки баҳри хотира,
Ёр эҳдоям намуд.

Имшаби танҳоиямро акси ёрам ҳамраҳ аст.
Ман ба руйи ҳамчу гулҳои баҳори акси ёрам нимашаб,
Шабнами мижгон, ки мепошам мудом.
Ин гули хушбуйи дар коғаз буда,
Чашмҳояш бар ду чашмам хира аст,
Чашмҳои ёри ман.
Ман дигар чуз ин надорам кори дигар.
Ман дигар чуз акси ту,
Чуз ту надорам ёри дигар!

Боз акси ашколуди туро,
Зери болин мегузорам!
Шаб ба хайр!

Гулрезфасли Хучанд, 30 морси соли 2009, соати 20:27

29 мар. 2009 г.

Минбари девор

Гуларуси фасл омад, бо нишоту сурҳо,
Як бағал гул дар бараш омад, сафову нурҳо.
Эй дареғо, гуларуси ишқи ман,
Н-омад, ки н-омад боз, боз,
Як бағал гул ҳам наёмад,
Эй тиҳй оғуши ман!

Чашми ман бо духтари абри баҳорон бармало,
Издивоче карду обастан шуда,
Ҳай, ки фарзандаш сиришк.
Доманам мегирадам, ки ҳамчу бобояш ба шаб,
Хонамаш афсонаҳои хештан,
Чун Зулайхо дар хиёбон,
Қиссаҳо гуфтам, ки бар фарзанди чашм.
У пушаймон гашт аз милоди хеш.

Гуларуси фасл н-овард,
Гуларуси дарди ман.
Марҳами хуншори қалбам, чеҳраҳои зарди ман.
Гуларуси фасл шоҳид, ман ба сони моҳи шаб,
Минбари девори ёрам то ба субҳ.
Менишастам.
Аз ду дасти нозуки у баргирифта,
Қиссаҳо мехондамаш,
Бусаҳо бистондамаш.

Гуларуси фасл аз шарм,
Бар рухи гулзорҳояш мекашид,
Мисли хун пироҳани сурх.
Ман кунун дар оташи ҳачр,
Сухтам чун оҳани сурх.

Минбари девор монду ёдҳо.
Ин фалак монду насиму бодҳо.
Ман, ки танҳо зерии боғи холаам.
Чун ба фасли гуларуси нозанин,
Чашм дар девору пушташ руймоли ёдгори ёри ман
Ёри ман ку?
Гуларуси дарди ман ку?

Фасли гулафшони Хучанд, 29 морси соли 2009. соати 16:24

19 мар. 2009 г.

Ману навруз бе ту


Духтари борони фасли гулбаҳор,
Буса мезад шишаи мошини раҳ.
Ғунчаи андуҳи ман дар шохи дил,
Нав ба нав мехурд аз ғам сад гираҳ.

Имшаби наврузи боронии ман,
Дар сабақ чун бар ду чашмам хира шуд.
Дарди ишқи поки ман эҳсос кард,
Дар ғамам чун соли куҳна тира шуд.

Ҳамраҳам навруз бигрист имшабам,
Чунки наврузи гузашта дида буд;
Ёри гулпушам дар оғушам чу буд,
Ҳамраҳи мо шед ҳам хандида буд.

Бо ҳамон мошин, ки навруз омада,
Зери борон боз бо шасти тамом.
Рафт андар чустучуйи ёри ман,
То биёрад ёрро масти калом.

Зери борон, зери шохи ғарқгул,
Мунтазири мошини наврузиям.
То гуландоми гулоғуши дилам,
Боз ояд пеши ман бо дилсузиям.

Ҳаббазо, навруз чашми гирябор,
Манъ карда суръати мошинааш.
Сар ба китфам монду аз ғам бедалел,
Мисли борон хун бирехт аз синааш.

Ин ману навруз бо абри баҳор,
Бо ҳазорон дарду ғам бо ҳамдигар.
Ҳамчунон дар зери шохи ғарқгул,
Чойи борон рехтем хуни чигар.

19 морси соли 2009. Хучанд, соати 10:13

12 мар. 2009 г.

Баҳори тавбашикан омад


Ман зимистони дароз,
Дар ғами барқу газу сардии дай,
Ғарқ будам,
Ғуссам татҳир мешуд,
Тавбаборон кардаме,
Тавбаро талқини ёрон кардаме.
То ба авчи осмону арш рафтам,
Гуиё чун кудаки навзодае,
Бар тарабҳои Худо дилдодае.
Чун фаришта бегуноҳу содае.

То замоне дидам андар дасти Чибрили ҳаким.
Коғази испеди компутарнавис.
Файли тоза аз принтер омада.
Гуфт бар ман, «ин ҳама-
Номи аҳли осмон аст».
Ногаҳон дидам, ки номам дар қатори шон буда,
Маснадам аз тавба дар дай ҳамраҳи эшон шуда.
Ман малак гаштам, на одам, дар ғами бебарқиҳо,
Бишнавед эй ғарбиҳову шарқиҳо!!!

Лек имруз.
Хастаам аз маснади пайки малоиквориҳо.
Дида руйи Холиқи яктову он дам зориҳо.
Ҳай, чй хуш одам будан!
Руйи У нодида сар бар хок молидан, чй хуш.
Зеби У нодида нолидан, чй хуш.
Ман бадин сон бо хатои одамй вақти баҳор,
Бо нигоҳи гарму тоза,
Зери бодомигуле бусидам аз лабҳои ёр,
Ман хатокор, ман хатокор.
Бозгаштам дар қатори одамй аз осмон.
Ҳай, чй хуш одам будан, ошиқ будан.
Бо хатои зеббахши одамй.
Ин хато зебост!
Аммо,
Дил муқими коғази компутарии Чабраил.

Бозгаштам, ғута хоҳам хурд андар лобалои синаат,
Боз омад, ёр, бар ту ошиқи деринаат.
Боз худро дар нафасҳоят, ки имшаб бо ман аст,
Бо ду зулфат хешро
Бар дор мехоҳам кашид.
Ин баҳори тавбабишкан боз омад,*
Марҳабо, эй маснади инсониям!
Ман хато кардам, ки одам бошаме.
З-аҳли олам бошаме.

*Таъбири Ҳофизи малакутии Шерозй
Масти атри баҳории Хучандшаҳр. 12-ум шаби баҳораи соли 2009. соати 01: 03

Мазори умри ман андар нигоҳат


Маро ҳар лаҳза, ки ғамгин бигаштй,
Бихон бар суйи худ, бо қалби сардат
Натонам гар бихандам ҳамраҳи ту,
Бигирям бо ту дар ғамҳову дардат.

Агар хондиву норафтам ба суят,
Биё худ пеши ман, бо ҳам бимонем.
Сари қабри чавониҳову ишқам.
Чаноза, ҳамраҳи фотиҳа хонем.

Бимонам бо ту андар руйи бистар,
Ки то руйи ғаму дардат набинам.
Бимонам ру ба руйи синаи ту,
Ки то хори ғамат аз дил бичинам.

Биёвезам ба гушат ҳарфи гармам,
Бирезам ман шаробамро ба чомат.
Баногушат нафасҳоям чу боде,
Навозиш мекунад, ҳамчун каломат.

Биёбам аз лабонат ваҳйи ишқам,
Биёбам рутбаи пайғамбариро.
Зи оғуши сапеди гарму покат,
Биёбам миръати искандариро.

Ба руйи синаат руям бимонам,
Ки то дард аз дили ман руй тобад.
Маҳ аз руят бинушад шири покй
Касе ожанг аз руят наёбад.

Чавониро, ки алъон дафн кардам,
Даруни пилки чашмони сиёҳат.
Азизастй бароям, з-он ки эй чон,
Мазори умри ман андар нигоҳат.

Маро ҳар лаҳза, ки ғамгин бигаштй,
Биёб аз кунчаки чашмони шаҳло-т,
Ва он гаҳ бо мани шуридадил кун,
Музаяйн ториву андуҳи шабҳо-т.

Шабҳангоми баҳори тавбашикани Хучанди зебо. 12 морси соли 2009. соати 23:48