Профиль Набиюлло Суннати Facebook

30 июл. 2008 г.

Дар бахри шарори хостанхо-т

Тайёраи чашми тезбинам,
Аз авчи фалак фуруд ояд,
Бар ғабғабу бар фурудгоҳат,
Бо сад саламу дуруд ояд.

Чуна панчаи хуршеди сафобахш,
Дасте бизанад миёна сина.
В-он гаҳ ба ду чашми пурхуморат,
Буса бизанад лаби камина.

Дар баҳри шарори хостанҳо-т,
Киштии муҳаббатам шавад ғарқ.
На, на, мадеҳй аз ин начотам,
Бигзор бимирам андарин ғарқ.

Ҳамчун раҳи оҳанини мижгон-т,
Сад бусаи ман шавад қатора.
То манзили синаҳои гармат,
Нармак биравад лабам ишора.

Эй, кош нагуфтаме ҳамин шеър,
К-аз байти ду абру-т сабақ шуд.
Эй кош ману ишқи туву ин шеър,
Пинҳон зи ду чашмони фалак шуд.

Шукро, ки ба рузномаи даҳр,
Аз бусаи мо ҳам интишор аст.
Чун ранги лабони нозуки ту,
Ҳар сафҳаи он пур аз шарор аст.


Хучанд. 30.07.2008. соати 15:16

3 комментария:

Bijan комментирует...

Салому дуруд хидмате Шумо устоди азизам.
Харчанд медонам ки шогирди арзанда ва лоики Шумо нестам,аммо устод унвон намудани Шумо ин гунохи дил аст.
Бах-бах,ахсант,чи суханхое,чи харфу хичое,чу зебо шеьре!Офарин устод!Вокеан ман ба махорати насриву назмии Шумо хасад мебарам.Ба тасаввуроти ганиву рангорангатон,ба цабки содаву рушанатон!Ба гуфти кхудатон "зинда бошед".
Иншоолох дар ояндаи хело наздик мунтахаби ашьори Шуморо дастрас бикунем ва ин гущхои хуфтаву,калби хобида ва дидахои пушидаро бо мутолиаи аходиси Шумо бедору хушёр бикунем.Омин
Тавфик рафик бод устоди кироми!
Firdavsi Azam

Набиюллоҳи Суннатй комментирует...

Дусти азиз, дуруд бар шумо.
Хеле лутф кардед, миннатдорам. Аз ростй ман хануз ба пояи устодй нарасидаам, ману шумо хамсабак будему мемонем. Ман хануз аз Шумо меомузам. Аз хар нишасту хестатон. Ва як умр шогирди устоди зиндагй мемонам.
Зинда бошед

Анонимный комментирует...

Как говорилось на [url=http://www.soki.tv]Soki.TV[/url] Какую страховую выбрать, для того не особо дорого было?
Кто-нибудь может что-нибудь заявить про ск "Ростра"?