Профиль Набиюлло Суннати Facebook

3 сент. 2008 г.

Гиря кун, бар сарнавиштам гиря кун


Сар ба китфам мону имшаб ҳой-ҳой,
Бар қасоси сарнавиштам гиря кун.
Дар китоби бусаҳои руйи ту,
Бо лабонам нонавиштам, гиря кун.

Панчаам дорад навозиш муйи ту,
Ҳамчавори боди нарми тирамаҳ.
Во дареғо, аз баҳорам дер шуд,
То шукуфад бусагулҳо бофараҳ.

Пайкаратро бо шароби ноби чашм,
Ҳамчу бороне бишуям, гирябор
Андарун соғари андуҳи ман,
Боқй мон то рузи маргам дурдвор.

Ман зи руйи ашки шурат бедареғ,
Буса мегирам, ки омезад ба ҳам.
Ашки шуру талхи мо дар бусагоҳ,
Мисли мо ҳаққо, биёмезад ба ҳам.

То ба вақти субҳидам дар бистарам,
Каъбае оғуш кардам, бениёз,
Субҳро мафрист бар дунболи шаб,
Эй худоё, имшабам бодо дароз.

Гиря кун, бар сарнавиштам гиря кун,
Гиря кун, бар сарнавиштат гиря кун.
Чун гурезон омадй аз дузахат,
Андар оғуши биҳиштат гиря кун.

Ҳай биҳишти нақд имшаб баҳри мо,
Баъди чандин солҳоям даст дод,
Гиря кун, то ман бигирям шукрия,
Чун туеро бар мани сармаст дод.

Метаровад аз лаби мо шаҳди васл,
Метаровад аз лаби мо шури ашк.
Дастҳомон сахт печида ба ҳам,
Орй аз кизбу нафиру буғзу рашк.

Дар баёзи гарданат имзои лаб,
Мениҳам чун соядасти шоире.
Дар китоби қалби ман имзо бимон,
Ҳамчу мухлисҳои масти шоире.

Боз кун, ин бандари бахту умед,
То қаиқронй кунам сармасту шур,
То ки армонам ба мисли қалби ман,

Норизо монад чун гул дар хоки гур.

03.09.2008. соати 23:13, Хучанд.

2 комментария:

Анонимный комментирует...

Зинда бошед, бачам! Расо гиря кардам. Канд занед! 65 соли умрам ба якум бор ин хел шеъри нагз хондам, рахмат бачам.Илохо узви ИН шаведу зиндагитона бинед!

Анонимный комментирует...

Мешад бача, Худованд мадагорат, рухи Хофизу Лоик дастгират бод! Зинда бошед! Шоир каЛОни зур шавед! Барори кор.Узи ИН шавед, бачаму зиндагия бинед. Шеъротон то гуши Президент расад