Ба суйи кудакистони ту тифли ишки ман имруз,
Кадам бинход, огушат кушову мехр бахшояш.
Зи ту огуш мехохад хамин як кудаки лоло,
Ба руяш бусае зан то бимирад сад таманнояш,
Ба руйи бистари покат чу мах шаббош хохад кард,
Зи атри синаат гардад, гулобин субхи фардояш.
Малоик дар хасад бошад, чарас чун занги тилфуни,
Чунон бар халкаи гушат расад лабхои минояш.
Зи лаззат гар бипуши чашму сар мони ба китфи у,
Биларзад хафт гунбад, аз тарокум то саропояш.
Аё оташбадан, мурдам зи сардихои хуршедам,
Танам розист, хатто нор бошад, садру маъвояш.
Биё то мард мирад, дар барат оинавор, эй зан,
Магар оина мемирад? Ту бишкан чун таманнояш.
Устувона
-
Ба инглисӣ In Memoriam мегӯянд, ки мисли зораҳои тоҷикӣ садо медиҳад.
Сарояндагон ба поси хотири ҳамтои худ тарона эҷод мекунанд. Ман дар сӯги
Баҳманёр ин ...
неделю назад
Комментариев нет:
Отправка комментария