7 апр. 2008 г.

Маро аз ман гурезонед,
то дар худ напечам ман.
Аё вомондагони ишк!!!

Агар дар дил надорам оташи хасрат,
Ки чонон нозбардори каси дигар,
Паёме мерасонам з-ин висоли ёр бар даргохи Мухаббат,
ки хечам ман.

Сахаргохон чу мебинам,
Гули садбарг бо шабнам вузу созад.
Пас он бо теги нури офтоби гарм,
хамон шабнам,
Фазоро чустучу созад.

Ало эй ёри чун шабнам!
Ба ёди ту, ки умрам меравад кам-кам,
ки рузе ёди ту ин ришати дилро,
тачавоуз мекунад хайхот,
ба маргам ру ба ру созад.

Бихонй дар катиботи сари хокам:
«Дар ин дунё,
Ибодатгохи калби ман миёни абрувонат буд,
Fуломат будаму занчири пойи дил,
Камарбанди миёнат буд».
Чу холо зиндаам,
з-ин пас бигуям то хукуки гуфтане дорам,

Маро аз ман гурезонед,

Аё вомондагони ишк!!!

2 комментария:

Анонимно комментирует...

Салому дуруд,бародари азиз, Набиюллох! Чун сахифаи торнигоратро боз кардам нахуст пеши чашм дарёе омад, ки дар он хазорон ганч, хазорон дурри муббат нухуфта.Вале чун дасти очизи худро суи он ганчхову дуррхо бурдам халта-халта дурри мухаббатро ба худ гирифтам, ки ногох туфоне,мавчи дарёи хурушон маро думболагири кард ва оразу рухсораи дили бандаро шуст.Ва чун як тифли гумрох дар миёни ин мавчи туфон хайрон модам ва худ ба худ гуфтам:
Маро аз ман гурезонед,
Аё вомондагони ишк!!!
Саломат бош, дусти азиз!

Анонимно комментирует...

http://lumerkoz.edu So where it to find, http://soundcloud.com/acyclovir memorandums varia http://soundcloud.com/aricept pmbelfast sperm http://www.comicspace.com/paroxetine/ demonios http://barborazychova.com/members/Buy-Lipitor.aspx hekimian commentated http://malgorz.com/members/Buy-Isotretinoin.aspx thiscontract variances