Профиль Набиюлло Суннати Facebook

29 дек. 2009 г.

Дӯстдорӣ


Замоне дӯстат дорам намегӯям,
Агар рассоми кӯре бехудоёна,
Кашад акси садои резиши барге,
Ба сақфи шишаи хона.

Замоне пойи оби ҷӯй гар бишкаст,
Табиб ар мекунад бишкастабандияш.
Замоне дӯстат дорам намегӯям:
Агар пойи сиришки ман бубандияш.

Замоне дӯстат дорам намегӯям:
Малоикҳо дари майхонаро кӯбанд.
Худо гар авф созад иблисашро,
Агар чун аҳли дӯзах ҳолашон хубанд.

30 дисембари соли 2009, фасли офтоболудаи дай, Хуҷанд, соати 11:43


25 дек. 2009 г.

Наҷвое дар шаби ялдо


Зи дастам меҳрабонтар дастро ҳаргиз намеёбӣ.
Зи оғӯшам ҳалимтар мастро ҳаргиз намеёбӣ.
Агар моҳӣ ба қалбаш сад ҳавас аз шасти дил бошад,
Аё гулмоҳӣ, ҷуз ман шастро ҳаргиз намеёбӣ.

Агар дар зери по-т афтода садҳо ошиқон бошад.
Ба ҷуз ман мурда андар зонуи гармат намебинӣ.
Дили санг об шуд аз гиряҳои зори танҳоӣ,
Дигар ашкам ба рӯйи синаи нармат намебинӣ.

Агар баъди ту ман сад дилбареро ошно гардам,
Бибӯсам гар, ба оғӯшам бигирам гар ба сад ният.
Бидонӣ, ки ба гӯши ҳар яки эшон ба сад уммед,
Бигӯям аз туву аз бӯсаҳову меҳрабоният.

Агар баъдам ба сад оғӯш дар оғӯш мегардӣ,
Зи оғӯшам ҳалимтар мастро ҳаргиз намеёбӣ.
Агар дастобадаст олам бигардӣ бе манат, аммо,
Зи дастам меҳрабонтар дастро ҳаргиз намеёбӣ.

25 дисембари шаби ялдои соли 2009, Хуҷанд, соати 26:35

20 дек. 2009 г.

Агар донам, ки...


Агар донам, ки рӯзе мемирад ишқат,

Зи лабҳоят набояд бӯса мекардам.
Агар донам, ки султони дилат ман не,
Зи андӯҳам набояд қисса мекардам.

Ба ҳангоми саломат гарм бифшурдӣ,
Кафамро, лек қалбамро надонисти:
Мисоли мурғ пар-пар мезаду мемурд,
Вале инро ту фаҳмидан натонистӣ.

Агар донам, ки чашмат розҷӯям нест,
Нигоҳамро зи ту маҳбус мекардам.
Тамоми дафтари умрам ҳамин инак.
Саропо қиссаи афсӯс мекардам.

Валекин боз мебинам зи чашмонат,
Ки Иблис ларз-ларзон дарс мегирад.
Гаҳе найранги шайтон чун камӣ мекард,
Инак, аз барқи чашмат қарз мегирад.

Агар донам, ки дар ҳар таппиши қалбат,
Дигар кас ҳокимона зиндагӣ дорад.
Диламро пештар аз марг мекуштам,
Ки бигзор рӯйи хокам барг меборад.

22 новембари соли 2009, соати 12:46, Душанбешаҳр.

Туфон


Ман ба собуни хаёлам ҳар шабе,

Домани хуршед мешӯям мудом.
Ҷойи оби ҷуй ашки талхи ман,
Рӯйи козургоҳ мерезад зи ҷом.

Доруи Сино дили гилро шикофт,
Марҳаме шуд, захмро аз дил бибурд.
Лек Синогар нашуд ӯ баҳри худ,
Чун зи захми меъдааш уфтоду мурд.

Байтҳоям гар дилеро бар диле,
Ҳамчу гул дар шохаҳо пайванд хонд.
Лек оҷиз монд дар ин боғи дил,
Чун дили ман бо ту бе пайванд монд.

Дар шарори қалбҳои ошиқон,
Нав ба нав тӯфон, ки меборам ба шеър.
Қалби ту бар даст н-омад ин ки худ,
Рӯйи ҳоҷат боз меорам ба шеър.

Дасатнорас доманат хуршеди ман,
Ман чӣ сон ба ашк даршӯям варо.
Собуни фикрам нашуд суда валек,
Васфи ин дар байт мегӯям чаро?

Бо ҳама дору надору сӯхтан,
Доманатро сахт дорад шасти ман.
Рӯзи ҳашр аз қабр гар хезам бидон:
Пораи домони ту дар дасти ман!
25 новембари соли 2009, соати 10:42, шаҳри Душанбе